Вай гуфт, Амрико ҳоло 6 моҳи дигар имкон дорад, ки бо мақомоти Қирғизистон дар бораи ҳузури низомиёнаш дар пойгоҳи “Манас” сӯҳбат кунад ва ё роҳҳои дигари амалисозии аҳдофаш дар Афғонистонро ҷӯё шавад: “Мо алтернативаи “Манас”-ро ҷустуҷӯ намекунем. Чаро ки медонем, амалиёти мухталифро бо роҳҳои мухталиф метавонем ба анҷом расонем. Мо ҳанӯз фурсате дорем, ки имкониятҳои тозаро дар ин маврид пайдо намоем”.
Заминаҳои гуфтушунид бо давлати Тоҷикистон
Сафари Ричард Баучер ба Душанбе дар ҳоле сурат мегирад, ки то кунун генерал Девид Петреус, фармондеҳи ситоди марказии артиши Амрико ва адмирал Марк Ҳарничек ҳам аз Тоҷикистон боздид анҷом додаанд. Ричард Баучер гуфт, ин ҳама боздиди мақомоти низомӣ ва такяи Амрико ба Тоҷикистон дар ҳолест, ки Тоҷикистон натанҳо дар марз бо Афғонистон қарор дорад, балки манофеъи дуҷониба дар бораи суботи Афғонистон онҳоро ба ҳам наздиктар месозад.
Ҳанӯз пеш аз сафари Баучер ба Душанбе, мақомоти Тоҷикистон ҳамзамон бо Маскаву Тошканд гуфта буданд, ки ба интиқоли маводу колои ғайринизомӣ ба Афғонистон аз тариқи қаламрави Тоҷикистон мухолиф нестанд.
Созишномаи "ҷавонмардона"-и ду ҷониб
Ҷаноби Баучер гуфт, барои интиқоли маводу колои ғайринизомии Амрико ва НАТО ба воситаи қаламрави Тоҷикистон ба қарордоди катбӣ зарурат нест. Аммо вай шарҳ надод, ки ӯҳдадории тарафҳо дар иҷрои ин созиш аз чиҳо иборат хоҳад буд.
Ёвари вазири умури берунаи Амрико бо ишора ба гуфтушунидҳои ахири мақомоти Тоҷикистону Амрико гуфт, интиқоли маводу коло дар тӯли бештар аз ду моҳи дигар оғоз хоҳанд ёфт: “Ин масири тиҷоратист, ки метавонад тавассути ҳар кишваре, ки роҳи оҳан ва роҳи мошингард то ба Афғонистон дорад, фиристода мешавад: Аз ин рӯ, ҳар кишвари минтақа мкетавонад дар интиқоли молу коло ба мо кӯмак кунад. Ва мо бо чанде аз онҳо дар ин бора ба тавофуқ ҳам расидем. Аммо фикр мекунам, муҳимтарин роҳ оне хоҳад буд, ки аз ҷиҳати молӣ мувофиқ ояд”.
“Мушкили ҷиддӣ”-и Бонки Миллӣ
Ричард Баучер дар ин сӯҳбаташ натиҷаи бозрасии Бонки Миллиро ҳам сарфи назар накард ва гуфт, ки аз ин натиҷа кишвараш башиддат нигарон аст. Бо вуҷуди он ки, ба гуфтаи ӯ, ин гуна бозрасиҳо наметавонанд риштаи кӯмакҳои пайвастаи Амрико ба Тоҷикистонро бибуранд, аммо метавонанд ба ҷалби сармоягузорӣ ба кишвари фақире чун Тоҷикистон зарба зананд: “Албатта, натиҷаи ин аудит моро бетараф гузошта наметавонад. Чунки натиҷаи ин адуит шаҳодати мушкили ҷиддист. Бо таваҷҷӯҳ ба ин ки маблағҳое, ки мебоист барои нафъи сокинон истифода шавад, ба ҷойи дигар истифода шудааст. Ин масъала ба мавзӯъи молӣ ва муҳосиботи молӣ рабт дорад ва мавзӯъест, ки бояд ҷиддӣ таҳлил ва бархӯрд шавад”.
Баҳси интихобот бо ҳизбҳои оппозитсионӣ
Ричард Баучер дар охирин рӯзи сафараш ба Тоҷикистон ҳамчунин бо намояндагони се ҳизби ба истилоҳ оппозитсионии кишвар - Ҳизби демократ, Ҳизби сотсиал-демократ ва Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дидору гуфтугӯ анҷом додааст.
Раҳматилло Зойиров, раҳбари сотсиал-демократҳои Тоҷикистон, ба Радиои Озодӣ гуфт, ки дар ин дидор бо ҷаноби Баучер онҳо дар бораи мушкили иҷтимоӣ, қонуни интихобот ва ислоҳоти сиёсӣ дар кишвар сӯҳбат кардаанд. Вай гуфт: “Тарҳи қонуни интихобот, тағйиру иловаҳои пешниҳодшуда ба он ва кафолати интихоботро баҳс кардем. Президент дар паёми солонааш ваъда кард, ки шаффофияти интихоботи ояндаро кафолат медиҳад. Ман ба Баучер гуфтам, ки вақте президент худаш раиси як ҳизби сиёсӣ аст, чӣ гуна кафолат дода метавонад? То замоне ки аз раёсати ин ҳизб даст накашад, вай имкони кафолат доданро надорад”.