Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бишкек хостори гуфтушунид перомуни "Манас" шуд


Пойгоҳи низомии «Манас»
Пойгоҳи низомии «Манас»

Раисҷумҳури Қирғизистон ба шабакаи ҷаҳонии Би-Би-Си гуфт, кишвараш омода аст, перомуни пойгоҳи «Манас» гуфтушунидро аз сар гирад.

Ин дар ҳолест, ки пjрлумони Қирғизистон 20-уми феврал тарҳи қонуни бекор кардани шартномаи миёни Қирғизистон ва ИМА перомуни ҳузури нерӯҳои Амрико дар пойгоҳи «Манас»-ро ба тасвиб расонд. Ба дунболи ин раисҷумҳури Қирғизистон Қурмонбек Боқиев қонуни мазкурро имзо кард.

Аммо баъди ин изҳороти чунин ба назар мерасад, ки пойгоҳи низомии «Манас» баста нахоҳад шуд ва дар сурати аз сар гирифтани музокироти миёни Қирғизистону ИМА имкон дорад, ҳузури нерӯҳои эътилофи зидди террор дар қаламрави Қирғизистон боз барои чанд муддат тамдид хоҳад шуд.

Қурмонбек Боқиев ба шабакаи ҷаҳонии Би-Би-Си гуфт, «дар ҳамин ҳол гуфтушунид қатъ шудааст, вале ман мехоҳам гӯям, ки дари гуфтушунид баста нашудааст. Мо омодаем ҳамаи тарҳ ё вариантҳоеро, ки ҷониби ИМА дар мавриди ба эътидол овардани вазъи Афғонистон пешниҳод мекунад, баррасӣ кунем».

Ҷаноби Боқиев ҳамчунин гуфт, тасмим дар бораи хуруҷи нерӯҳои ИМА аз пойгоҳи «Манас» тасмими ҳукумати Қирғизистон аст ва Русия дар ин маврид мушорикат накардааст.

Дар ҳамин ҳол изҳороти ахири президент Боқиев дар миёни намояндагони доираҳои сиёсии кишвар ва коршиносону таҳлилгарон вокунишҳоеро ба бор овард. Аз як тараф гуфта мешавад, ки президент Боқиев ба ин васила ИМА-ро умедвор кард, ки имкони аз сар гирифтани гуфтушунид бо Қирғизистон вуҷуд дорад ва мақомоти Амрико набояд ин шонсро аз даст диҳанд.

Рашид Тағоев, депутати порлумони Қирғизистон аз ҷиноҳи ҳизби ҳукмрони «Ақ жол», мегӯяд, шартномаи қаблии миёни Қирғизистон ва ИМА дар робита ба ҳузури нерӯҳои эътилофи зидди террор дар пойгоҳи «Манас» бекор шудааст. Бар асоси суханони депутат Тағоев, аммо Қирғизистон бояд бо дарназардошти вазъи сиёсие, ки арсаи байнулмилалро фаро хоҳад гирифт, дар ин ё он маврид иқдом хоҳад кард.

Мирослав Ниёзов, яке аз коршиносони масоъили сиёсӣ ва собиқ дабири Шӯрои амнияти Қирғизистон, ба радиои Озодӣ гуфт, ки қаблан вай пешгӯӣ карда буд, ки эҳтимоли дар қаламрави Қирғизистон боқӣ мондани нерӯҳои ИМА ҳанӯз вуҷуд дорад. Вай гуфт, аммо дар ҳамин ҳол мақомоти кишвараш муваззафанд, ки дар пахши изҳорот эҳсоси масъулият кунанд ва эътибори Қирғизистонро дар миқёси ҷаҳонӣ ҳифз намоянд.

Коршиносон мегӯянд, агар ҷониби Амрико дар зудтарин фурсат бо мақомоти Қирғизистон вориди гуфтушунид нашавад, дар он сурат нерӯҳои низомии ин кишвар то даҳаи дуввуми моҳи августи соли равон қаламрави Қирғизистонро тарк хоҳанд кард.
XS
SM
MD
LG