Сокинони маҳаллӣ мегӯянд, ҳодисаи мазкур ба зилзила ва тахрибкориҳои деҳаи Шарораи Ҳисор, ки дар 20 соли қабл рух додааст, шабоҳат доштааст. Ҳарчанд селбориш талафоти ҷонӣ ба думбол надошт, аммо садҳо сар чорвои хонагиро кушта, илова ба хонаҳои харобшуда, беш аз 20 ҳектор боғу киштзорро низ комилан тахриб кардааст. Ҳаҷми зарари расида дар пайи офат то охир ҳисоб нашудааст.
Дар маҳалли ҳодиса мақомоти ҳукумати вилояти Хатлон, Кумитаи ҳолатҳои изтирорӣ, кормандони ҷамъияти Ҳилоли Аҳмар ва пизишкон ҳузур дошта, пайомадҳои офати табииро арзёбӣ мекунанд. Аммо ҳамон гуна ки ба мушоҳида мерасад, шумораи сарбозони Кумитаи ҳолатҳои изтирорӣ бисёр кам буда ва асосан худи мардуми зарардида ҳамроҳ бо пайвандонашон ба рафъи авоқиби селбориш машғуланд:
«Сарбозони кумитаи ҳолатҳои фавқулодда чандон кӯмак намекунанд, танҳо се-чор наваскар кор мекунанд, рост-рост истодаанд, ҳол он ки ба мардум кӯмак кунанд гуфта онҳоро овардаанд. Ҳама маҷбукр хешу таборамонро ҷамъ карда овардем, ки ақаллан болочӯби бомҳоямонро гирем…
…Ин ҷо мо бо ҳафт фарзанд, ду келин ва набераҳо зиндагӣ мекардем, хона тамоман зери об монд, ҳама хароб шуд. Дигар намедонем чи кор кунем, ба мо на палатка доданд, на чизи дигар. Маҷбурем, ки дар хонаи хешон муваққатан ҷой шавем…
…Яксаду чандто молу чорвоямон дар оғил буд, зери лойу об монд, ҳама мурд, зери хок. Мошинамонро сел то як километр ба дурӣ, ба даруни боғ гирифта бурд…
…Модарам бемор шуд аз тарс, ҳоло вазнин аст, мо ба болои кӯҳ гурехта рафтем, хонаамонро сел шуста бурд, чизе аз молу колои хонаро наёфтем. Шаш дар хона доштем…
…Ба мо на хайма доданд, на ягон кӯмаки амалӣ. Ҳаттоо техникаро барои хокрӯбӣ мо худамон бояд гирем будааст. Ҳам хонаамонро бой диҳем ҳам 100 доллар дода мошини хокрӯбӯ хоккаш гирем?! Мо на пул дорем, на паспорт, на чизи дигар…»
Ба гуфтаи Ҷӯрахон Ёров, сардори ситоди ҳолатҳои изтирории ноҳияи Хуросон, мақомоти давлатӣ ҳоло талош доранд, ба хонаводаҳои зарардида кӯмакҳои ғизоӣ ва тиббӣ расонанд. Вай мегӯяд: «Аз тарафи ҳукумати ноҳия кӯмак расида истодааст. Орду равғану нону макарон. Ҳар чӣ метавонем, мекунем. Рӯҳияи мардум ором аст, бо онҳо сӯҳбатҳо гузаронидем».
Ин ҳам дар ҳолест, ки ба гуфтаи хонум Ширин Табарова, яке аз осебдидагони ҳодиса мегӯяд, мақомоти давлатӣ бо гузашти ду шабонарӯз аз вуқӯи ин селбориш ва тахриби деҳа, ҳеҷ кӯмаки мушаххасе ба ӯву ҳамдеҳагонаш нарасонидаанд. Гузашта аз ин, муносибати мақомот бо оилаҳои ҷабрдида носазо будааст: «Наход ки роҳбарони мо бо халқи зарардида ҳамин хел бошад?! Дод мезананд ба сари мардуми зарардида, бояд сухани хуб гӯянд, то ки рӯҳан дастгирӣ шавад, ба диламон қувват шавад. Касеро гап задан намемонанд. Ҳол он ки пеши роҳи ҳамин селро гирифта мешуд. Роҳбарону пулдорон аз роҳи пеши канал замин гирифта, корҳои соҳилбандиро анҷом надоданд дар ду-се соли ахир. Дар натиҷа ҳамин хел офат сар зад. Ман бовар надорам, ки ҳамин роҳбарон ба мардуми зарардида ҳатто ҳамон кӯмакҳои ғизоиро ҳам баробар ва объективона тақсим кунанд…»
Ва аммо дар ситоди оҷили кӯмак ба ҷабрдидагони селбориши деҳаи "18-ум Партсйезд" иттилоъ доданд, ки аз ҷониби ҳукуматҳои шаҳру навоҳии кишвар ба маҳалли офат кӯмакҳои моддӣ ирсол шудааст. Бахтиёр Гулов, сардори ситоди ҳолатҳои изтирории ноҳияи Ҳисор ба радиои Озодӣ гуфт, аз сӯйи ҳукумати ин ноҳия ба ҷабрдидагони ҳодисаи ахир кӯмакҳои ғизоӣ ироа шудааст: «Орд – 3,5 тонна, равған ва шакар 350 кило ва биринҷ – 700 кило кӯмаки аввалия расонида шудааст».
Деҳаи "18-ум Партсйезд" дар 25 соли қабл дар яке аз мавзеъҳои наздик ба кӯҳистони ноҳияи Хуросон таъсис дода шуда, сокинони он асосан аз ҳисоби чорводорӣ рӯз мебаранд. Аммо дар пайи офати табиии ахир тақрибан ҳар як хонавода чорвои хонагии худро аз даст дода, акнун маълум нест, ки шуғли ояндаи онҳо чӣ хоҳад буд. Гузашта аз ин, ҳанӯз мақомоти вилояти Хатлон оид ба тақдири ояндаи сокинони деҳаи тахрибшудаи ноҳияи Хуросон тасмими дақиқе нагирифтаанд.