Қазоқистону Туркманистон ва Узбакистон бо захоири ҳангуфти нафту гози худ аз сӯи кишварҳои аврупоӣ ва Чин сармоягузорӣ мешаванд. Аммо Тоҷикистну Қирғизистон, ду кишвари хурди минтақа сарвати дигаре доранд, ки дигарон аз он маҳруманд. Ин сарват об аст ва он дар тобистони тафсон, дар мавсими обёрӣ дар ин минтақа ба масъалае табдил мешавад, ки метавонад деги муноқиша дар кишварҳои Осиёи Марказиро ба ҷуш орад.
Тобистон дамои ҳаво дар бисёре аз манотиқи Осиёи Марказӣ аз 40 дараҷаи болои сифр мегузарад. Сокинони шаҳри бостонии Бухоро, ки дар имтидоди роҳи қадимаи абрешим ҷойгир аст, тобистони тафсон оби кофӣ надоранд. Ва Бухоро танҳо шаҳре дар чунин вазъ нест. Аҳолии шаҳрҳову шаҳракҳо ва деҳоти ғарби Узбакистон ва умуман қисмати ғарбии Осиёи Марказӣ тобис тони гармро дар камобӣ ба сар мебаранд. Вале нуктаи дигарро мешавад ин ҷо ёдоварӣ кард, ки дуруст як ҳафта пеш бештари ин минтақаҳо зери сел монда буданд. Таҳлилгарон мегуянд, сарчашмаи мушкилии ин минтақаҳо ҳазор километр болотар дар Тоҷикистону Қирғизистон қарор дорад, дар ин ду кишвари куҳистонӣ, ки дорои оби фаровонанд. Ҳафтае, ки мегузарад, барои ҳалли мушкили обу обёрӣ дар ростои гармои тоқатфарсои тобистон мақомоти расмии Қазоқистону Қирғизистон ва Тоҷикис тону Узбакистон дар Бишкек бо ҳам нишасте доштанд.
Онҳо масъалаи истифодаи одилонаи захираи оби минтақаро баррасӣ карданд. Дар гузоришҳои матбуъотӣ омадааст, 10-11-уми инюн намояндагони ин кишварҳо дар нишасти Бишкек дар бораи об на танҳо ба созиш нарасидаанд, балки ихтилофи онҳо роҷеъ ба истифодаи захоири энержии минтақа жарфтар шудааст. Сарчашмаи оби кишварҳои Осиёи Марказӣ дар куҳистонҳои Тоҷикистону Қирғизистон аст.
Кишварҳои поёноб аз оби ҳамин куҳистонҳо баҳра мебаранд. Чунин ба назар мерасад, ки соли ҷорӣ кишварҳои поёноб Қазоқистону Узбакистон ва Туркманистон камбуди обро бештар эҳсос хоҳанд кард. Ду кишвари болооб бебарқӣ ва сармои зимистони гузаштаро фаромӯш накардаанд. Онҳо мехоҳанд оби худро барои тавлиди барқ бештар захира кунанд. Ихтилофоти нишасти Бишкек аз ин сар зад, ки Тоҷикистону Қирғизистон беш аз ҳар вақти дигар акнун мехоҳанд дар ивази об имтиёзе дар истифодаи захоири дигари энержӣ, аз қабили гоз, дошта бошанд. Вале Узбакистон исрор меварзад, ки об моли худодод аст ва барои он пардохт зарурат надорад. Зоҳиран, ҳамин изҳороти Узбакистон сабаби нокомии нишасти Бишкек шудааст. Грегорӣ Глизон, яке аз коршиносони собиқадор дар умури Осиёи Марказӣ, ки роҷеъ ба масоили оби минтақа мутолеъоте анҷом додааст, чунин мегуяд: "Мақомоти Узбакистон ба ман гуфтанд, ки об ашёест хариду фурӯш намешавад ва он моддаест, ки ҳамаи мардум ба он ҳақ доранд. Дар сурати табдили об ба маҳсулот анъана ё суннатҳои Осиёи марказӣ халалдор мешавад".
Бишкек ва Душанбе дар ин нишаст исрор меварзиданд, ки кишварҳои болооб ҳар сол барои ҷилавгирӣ аз хатари селобҳо ва таъмири соҳилҳои тахрибшуда сармояи ҳангуфт масраф мекунанд, то оби рудхонаҳои Сиру Ому маҷрои худро тағир надиҳад ва то ба Узбакистону Қазоқистон ҷорӣ шавад. Қирғизистон пофишорӣ мекард, ки кишварҳои поёноб бояд дар таъмири соҳили ин рудхонаҳо ва обанорҳо саҳми молӣ дошта бошанд ё гози табиии Узбакистон ва ангишти Қазоқистон бо имтиёз ба ду кишвари болооб фурӯхта шавад. Қазоқистон ба ин пешниҳод розист ва як миқдор ангишт ба Қирғизистон фиристод, вале Узбакистон ҳамчунон пофишорӣ мекунад, ки барои об заррае пардохт намекунад ва Қирғизистону Тоҷикистон, агар гоз мехоҳанд, бояд онро бидуни ҳеҷ имтиёз бо нархҳои байналмиллалӣ харидорӣ кунанд. Қирғизистон аз чунин изҳорот ба хашм омад ва изҳор дошт, ки об низ мисли нафту гоз захираи табиист ва дороӣ ё маҳсулот ба шумор меравад. Грегорӣ Глизон дар ин бора чунин мегуяд: "Дар Қирғизистон баъзе сиёсатмадорон ва мақомоти расмӣ бар ин ақидаанд, ки об дороист, яъне коло аст ва ин коло нарх дорад. Як навъ захираи табиист, ки моли Тоҷикистону Қирғизистон аст ва дигарон ба он шадидан ниёз доранд. Вале бо назардошти анъанаҳои минтақаии Осиёи Марказӣ он метавонад сарчашмаи муноқиша низ бошад".
Ҳар сол Қирғизистон аз обанборҳои худ ҳудуди ёздаҳ миллиард метри муккааб об раҳо мекунад. Узбакистон онро истифода мекунад ва боқимонда ба Қазоқистон меравад. Қирғизистон дар нишасти Бишкек гуфт, ки се милярд метри муккааб обро ба кишварҳои поёноб ройгон сар медиҳад, вале барои 8 миллиарди дигар бояд пардохт кунанд. Узбакистон ин пешниҳодро напазируфт ва нишастро тарк кард. Қазоқистон барои омӯзиши ин пешниҳод тамоюл нишон дод ва пештар Нурсултон Назарбоев низ пешниҳод карда буд, ки бояд барои ҳали масъалаи об иттиҳоди минтақаӣ созмон дода шавад.
Зимистони сард боз ҳам дар пеш аст. Ва Тоҷикистону Қирғизистон нафту гоз надоранд, то мардуми худро бо гармӣ таъмин кунанд.