Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даъват ба демократикунонии шӯравиёни собиқ


Мақолае дар нашрияи амрикоии Washington Post, ки ба қалами ду фаъоли маъруфи ҳуқуқи башар Людмила Алексеева, раҳбари гурӯҳи маскавии Ҳелсинкӣ ва Григорий Шведов тааллуқ дорад, аз раҳбари Амрико даъват мекунад, ки стратегияи демократикунонии ҷомеаҳои шӯравии пешинро ба тарзи нав идома диҳад.

Матлабе зери унвони "Нақшабардорӣ аз стратегияи нав. Демократия дар қаламрави шӯравии собиқ ба як муттафиқе ниёз дорад" дар нашри имрӯзаи Washington Post ба чоп расидааст. Муаллифон мегӯянд, аз замони пошхӯрии шӯравӣ бино ба роҳандозӣ шудани як сиёсати хориҷии беморе дар ин қаламрав, ИМА имконияти маҳдуде барои таблиғу пешбурди арзишҳои демократӣ доштааст, аммо бо ин вуҷуд, мегӯянд онҳо, Амрико набояд аз ин талошҳои худ даст кашад.

"Ҷанги Гурҷистон дар соли 2008 ҳосили нокомиҳои сиёсати Амрико дар Гурҷистон ва Русия шудааст, ки ҳуқуқи башар ва демократияро ҷузви марказии сиёсати худ дар ин кишварҳо қарор надорад", - менависанд фаъолони ҳуқуқи башар. "Ва ҷанги гузашта ҳам Русия ва ҳам Гурҷистонро назар ба аввала боз ҳам камтар демокративу озод кард".

Дар пешорӯи мулоқоти раисҷумҳури Русия Дмитрий Медведев бо ҳамтои амрикоиш Барак Обама дар нишасти кишварҳои G-20 дар Лондон ин масъала бояд дар меҳвари музокироти раҳбари Амрико қарор гирад, мегӯянд муаллифони мақола. Дар пай мавридҳои поймолшавии озодиҳо ва демократия, фишор болои мухолифин, маҳдудшавии кори созмонҳои хайрияву бунёдҳои пуштибон аз демократия дар кишварҳои мисли Русия, Озарбойҷон, Арманистон, ҷоришавии маҳдудият дар пахши барномаҳои Радиои Озодӣ ва Садои Амрико дар Озарбойҷону Русия ҳамчун намунаи чунин ақибнишинии демократӣ ёд мешавад.

Людмила Алексеева ва Григорий Шведов роҳандозии барномаеро иборат аз панҷ бахш ба раҳбари Амрико Барак Обама пешниҳод кардаанд: пеш аз ҳама, мегӯянд онҳо, ба ҷои сарфи тамоми вақт барои сӯҳбату музокираҳо бо мақомоти маҳаллӣ бояд корро бо раҳбарони созмонҳои ҷамъиятӣ тақвият бахшид, ҳамоишу конфронсҳоро бо ширкати ташкилоти ҷамъиятии Амрикову Русия доир кард, чунки раҳбарон ҳастанд, ки моро ба сулҳ ҳидоят мекунанд, мегӯянд онҳо. Пасон, кор дар манотиқи низоъ, мисли Қафқози Шимолӣ бояд бештар шуда аҳамияти ҳамкорӣ бо расонаҳои хабарӣ ва матбуотро набояд фаромӯш кард, мегӯянд онҳо. Идомаи маблағгузории кори Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ ва Садои Амрико ва расонаҳои интернетӣ, мегӯянд онҳо, қадамест барои устуворсозии кори матбуоти озод дар ин қаламрав. Ташкили як оҷонс ё созмони воҳиде, ки раҳбарони навро ба кор ҷалб кунад, метавонад дар самти ҳамоҳангсозии фаъолияти созмонҳои ҷамъиятӣ метавонад муассир бошад, мегӯянд муаллифон. Ва ниҳоят, дар сурати адами дастрасӣ ба ҳадаф дар як муддати кӯтоҳ, мегӯянд онҳо, набояд ноумед шуд ва бо тамаркуз ба як стратегияи дарозмуддати кор, бояд дар самти беҳбуд бахшидани вазъи иҷтимоии мардуми оддӣ кор кард.

Хонум Алексеева пешниҳодҳои худро ба ҳукумати Амрико дар сӯҳбат бо Озодӣ чунин тавзеҳ дод:
"Дар Ғарб як ноумедӣ аз пешрафтҳо ва бунёди давлати ҳуқуқбунёди демократӣ дар Русия эҳсос мешавад, чунки дар оғоз мо ғалтидаву хеста, аммо дар ин самт ҳаракати худро идома медодем. Вале баъди соли 2000-ум мо аз самти демократия ва қонунмандӣ қафо гаштем. Эҳсоси мо ин аст, ки ҳам дар Ғарб ва ҳам дар миёни мо, фаъолони ҳуқуқи инсон як ноумедие дар заминаи ин муборизаҳо ҷо уфтодааст. Аммо мавқеи мо ин аст, ки ҳанӯз ҳам вазъи Русия ба он дараҷа нарасидааст, ки бояд дигар комилан дасту дил шуст. Мо барои ба як давлати ҳуқуқбунёд табдил додани ин кишвар мубориза мебарем. Мутмаинем, ки як рӯз ҳатман ба ин ҳадафи худ хоҳем расид, аммо савол ин аст, ки роҳи ин муборизаҳо то куҷо тӯлонӣ мебошад. Ва посухи ин суол аз кишварҳои пешрафтаи ғарбӣ, пеш аз ҳама аз Иёлоти Муттаҳидаи Амрико хеле зиёд бастагӣ дорад, чунки ин яке аз давлатҳои пешқадамтарини демократии ҷаҳон маҳсуб мешавад".

Озодӣ: "Хонум Алексеева, дар айни замон чӣ чолишҳои ҷиддӣ дар пеши роҳи шумо қарор дорад, ки кори созмонҳои мудофеи ҳуқуқи башар ва дигар ташкилоти демократии ғарбиро мушкил мекунад?"

"Мо ҳамеша дар муқобили ҳукумат қарор доштем. Ҳама навъи ҳукумат ба шеваи амру фармон ва хушунатомези кор бартарӣ медиҳад, чунки ин роҳ ҳамеша беҳтар назар ба роҳи гуфтугӯву музокирот бо шаҳрвандон аст. Чунин усули раҳбарӣ дар давлатҳои демократӣ роҳ намеёбад, аммо дар ҷомеаҳои мо мутаассифона, давлат аз ин чиз бисёр фаровон истифода мекунад. Мо пайваста ба ҳукумат дар бораи конститутсия ва зарурати риояи он ёдовар мешавем. Ҳоло кор боз ҳам сахттар шудааст, чунки масоили марбут ба бӯҳрони иқтисодӣ акнун на танҳо фикри мақомоти раҳбарикунанда, балки ҳар як сокини ин кишварро банд кардааст".

Дар охири сӯҳбат Людмила Алексеева, мудофеи маъруфи ҳуқуқи башар ва раҳбари созмони Ҳелсинкӣ дар Маскав гуфт, бисёр умедвор аст, ки дар мулоқоти Обамаву Медведев дар Лондон дар канори масоили дигари муҳими иқтисодӣ ба мушкилоти марбут ба ҳуқуқи башар ва демократия, ки ба қавли вай ҳеҷ як кишвар бидуни ин арзишҳо пеш рафта наметавонад, таъкид хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG