Ба гуфтаи намояндаи сафорати ИМА дар Душанбе, ин кумакпулӣ дар чаҳорчуби барномаи мавсум ба "Тақвияти субот дар Тоҷикистон" дар давоми се соли оянда масраф хоҳад шуд. Маблағи мазкур барои пиёдасозии тарҳҳо дар бахшҳои кишоварзӣ ва тиҷорати хурд дар минтақаҳои дурдасти Тоҷикистон пешбинӣ шудааст.
Вазорати дифои Амрико чунин барномаҳои кумакро дар як қатор кишварҳои дигари ҷаҳон, аз ҷумла Гаитӣ, Сомалӣ, Колумбиё ва Яман, низ амалӣ мекунад. Тоҷикистон нахустин кишвари Осиёи Марказист, ки ба ин барномаи Пентагон ворид карда шудааст.