Муовини раиси кумитаи радио ва телевизиони ҷумҳурӣ Самад Ҳикматов гуфт, ки ба ин хотир корҳои сохтмонии мутобиқ сохтани бинои собиқ кинотеатри калонтарини шаҳр барои идораи радио ва телевизиони вилоят шурӯъ гардида, бинои нав бо таҷҳизоти навтарини рақамӣ муҷаҳҳаз хоҳад шуд.
Гуфта мешавад, ҳамчунин давомнокии барномаҳои радио ва телевизион ҳамарӯза аз ду ба ҳашт соат расонда шуда, дар гушаҳои шаҳр чаҳор фиристандаи мавҷии дигар гузошта мешаванд, ки сифати пахши барномаҳоро беҳтар ва ба густариши доираи барномаҳои телевизиони маҳаллӣ, ки алҳол фақат дар Хоруғ маҳдуд мемонад, кумак мекунанд.
Дар ҳамин ҳол раиси кумитаи радио ва телевизиони назди ҳукумати ҷумҳурӣ ба дунболи мулоқот бо кормандони идораи радио ва телевизиони Бадахшон, ки дар Хоруғ сурат гирифт, ду баробар боло бардоштани ҳаққи қалам барои журналистонро ваъда додааст. Тасмими раиси кумита пас аз арзи журналисти собиқадори идора Гулямани Алиёр, ки ҳақи қалами кормандони идораи радио ва телевизиони вилоятиро пасттарин дар ҷумҳурӣ арзёбӣ намудааст, гирифта шудааст.
Худи Гулямани Алиёр пас ин аз ин мулоқот ба қаҳрамони коллектив табдил ёфт. Зеро агарчи вай ба синни бознишаст расида бошад ҳам, бинобар камбуди мутахассисон дар асоси шартнома фаъолияти эҷодиашро идома медиҳад ва кумита муаззаф шудааст, аз ин ба баъд ҳар моҳ мусатақиман маошашро муодили 100 доллари амрикоӣ ба суратҳисоби бонкиаш мегузаронад.
Аммо журналистони ҷавони идораи радио ва телевизиони вилоят, ки акнун бо ҳавас ба ҳамкори собиқадорашон нигоҳ мекунанд, мегӯянд Гулямани Алиёр ҷуръат намуда, масъалаи вазъи иҷтимоии журналистони идораи радио ва телевизионро дар назди масъулин гузошт ва масъулин бо ҳусни тафоҳум ба ниёзи журналист рафтор кардаанд. Ба гуфтаи журналисти телевизион Адолат Наимова, аммо аз ҷониби масъулини кумита алҳол фақат дар ҳалли мушкили иҷтимоиии як нафар эҷодкор иқдом шудаааст ва онҳо бовар доранд, ки «бахт» ба рӯи кулли ҳамкорон механдад ва аҳвлоли иҷтимоиашон беҳтар хоҳад гардид.
Телевизиони Бадахшон дар як қисмати бинои собиқ ҳизби коммунист, ки пасон ба моликияти мақомоти вилотӣ табдил ёфтааст, ҷой гирифта, таҳдиди кашида гирифтани бино чандин бор аз ҷониби масъулини ҳизб ва мақомоти вилояти садо додаанд. Ин бино ҳамчунин дар ҳолати садамавӣ қарор дошта, қаблан дар рӯзи корӣ ҳодисаи фурӯрезии як қисмати боми зали мудаввар ба вуқӯъ пайваст, аммо, хушбахтона, ки ин дам дар зал касе набудааст.