Дар ҷавоби расмӣ ба кумита омадааст, ки дар тули чаҳор сол агарчанде бештари мурофиаҳои додгоҳӣ ба фоидаи соҳибкор Қурбонбек Шералиев анҷом шудаанд, вале баҳси соҳибмулкии вай ҳал нагардида, бо сабабҳои номаълум кумитаи амвол низ ба ҳайси даъвогар ба ин баҳс ҳамроҳ шудааст. Ин ҳам дар ҳолест, ки тарафи даъвогар дар мавриди нишон додани воситаҳои асосии иншооти хусусишуда ҳуҷҷати қалбакӣ тартиб дода, алҳол ин сохтакорӣ аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ таҳқиқ мегардад.
Муовини аввали раиси шаҳри Хоруғ Абдулло Холиқназаров таъйид кард, ки аз ном ва бо имзояш ҳуҷҷатҳои қалбакиро дар ҳоле тартиб додаанд, ки вай танҳо пас аз се соли санаи дар дар ҳуҷҷатҳо сабт шуда роҳбарии муассисаи нақлиётиро бар душ доштааст.
Дар нишасти соҳибкорони вилоят изҳори ҳайрат шуд, ки кумитаи амволи давлатӣ кӯшиши маҳрум сохтани соҳбкорро аз амвол дар ҳоле идома медиҳад, ки аз 6 муассисаи нақлиётии бузургтарини хусусишуда дар вилоят ҳамаашон муфлис шуда, танҳо ширкати ин соҳибкор фаъолият мекунад. Ҳамчунин аз тарафи нозироти андози шаҳри Хоруғ кӯшиши кашида гирифтани амволи соҳибкоре, ки танҳо соли гузашта 73 ҳазор сомони андоз ва пардохтҳои гумрукӣ ба буҷа ворид намудааст, ба фоидаи тарафи даъвогар, ки дар ин муддат ҳамаги 270 сомонӣ андоз супорида, дар назди нозироти андоз бештар аз 12 ҳазор сомонӣ қарздор мебошад, амали муғризона номида шудааст.
Ба гуфтаи сардори идораи сармоягузорӣ ва амволи давлатии вилоят Боймамад Алибахшев, дар тули 10 соли ахир иншооти аз тарафи соҳибкор Қурбонбек Шералиев хусусишуда азнавсозӣ гардидааст ва қимати он ба маротиб афзудааст ва аз ин рӯ ҳатто бо хукми додгоҳи иқтисодӣ кашида гирифтани он аз соҳибкор ғайримунсифона мебуд.
Соҳибкор Қурбонбек Шералиев изҳор дошт, ки вай дар асоси қонун ва шароити баробар бо дигарон як қисмати хурди муассисаро хусусӣ намуда, чун соҳибкори бовиҷдон рафтор кардааст, аммо чун тарафи даъвогар ба баҳс ҳамроҳ шудани кумитаи амволро муғризона арзёбӣ мекунад ва худро қурбонии рақибони муфлисгаштааш мешуморад.
Дар ҳамин ҳол раиси суди иқтисодии Бадахшон Саломатшо Давлатшоев изҳор дошт, ки кулли мурофиаҳои додгоҳӣ дар вилоят ба фоидаи соҳибкор Қурбонбек Шералив анҷом шуданд, вале бинобар ба ҳалокат расидани якбора ду нафар корманди додгоҳи иқтисодӣ бар асари садамаи нақлиётӣ ва набуди кворум мурофиа дар додгоҳи иқтисодии ҷумқуриявӣ идома ёфта, вай бовар дорад, бо назардошти қонуншиканиҳо ва сохтакории ҳуҷҷаҳои аз ҷониби даъвогар пешниҳодшуда марҳилаи ниҳоии баррасии баҳс дар додгоҳи олӣ, ки пас аз чанде баргузор хоҳад шуд, мунсифона сурат хоҳад гирифт.
Кумитаи амволи давлатӣ ба ягона муассисаи нақлиётии фаъол дар Бадахшон дар ҳоле часпидааст, ки ба иттилои сардори раёсати адлияи вилоят Ганҷибек Музаффарбеков, дар вақташ бо ризоияти ин кумита калонтарин фермаи мурғпарварии минтақа қисм ба қисм тавре хусусӣ шудааст, ки алҳол мақоми ҳуқуқии корхонаро дар ягон ҳуҷҷати расмӣ пайдо накардаанд. Гуфта мешавад, ки ҳамчунин дар натиҷаи бархурди ғайрисамаранок ба хусусигардонии моликияти давлатӣ 5 муассисаи калотарини нақлиётӣ ва роҳсозии мутааллиқи Тоҷикистон дар шаҳри Уши Ҷумҳурии Қирқизистон қариб «муфт» ба дасти соҳибкорони қирғиз гузаштаанд.
Коршиносони минтақа баҳси идомаёфта байни соҳибкоре, ки бо кӯшиши вай нахустин нақлиёти мусофирбар дар кӯчаҳои холии шаҳр пайдо шуданд ва кумитаи амволро ба ҷонибдорӣ аз рақибони муфлисшудаи ин соҳибкор намунаи эҷоди монеа дар роҳи соҳибкорӣ аз ҷониби мақомот арзёбӣ мекунанд.