Дар ин шабу рӯз дар тамоми ДВДфурӯшиҳои Душанбе мардум ба суроғи ин филм мераванд ва ҳар серияи тозаи ин филм, ки дар як шабакаи телевизионии эронӣ намоиш дода мешавад, ҳамон рӯзаш сабт ва фардояш ба бозор бароварда мешавад. Ҳар як диски «Юсуф-паёмбар» аз 3 то 10 сомонӣ ба фурӯш меравад.
Фарҳангшинос Муҳаммадсалом Махшулов се омили аслии маҳбубияти ин филм дар миёни мардум баён кард, 1) Филм мазмуни динӣ дорад. 2) Филм бо забони фаҳмои форсист. 3) Касбияти ҳунармандон ва наворбардории филм дар сатҳи олист.
Беҳзод ном мухлиси ин филм мегӯяд, ҷанбаъҳои ахлоқӣ, таърихӣ ва сиёсии филм бештар писанди ҷавонон аст ва ҳам забонаш забони Рӯдакиву Саъдии Шерозӣ, забони классикии форсии тоҷикист.
Достон аз шаҳри Фадон, дар ҷануби кишвари Бобул оғоз мешавад ва саргузашти ҳазрати Юсуфро аз ҳангоми пеш аз таваллуд то миёнсолии ў, ки Азизи Миср мешавад, нақл мекунад. Дар филм, ки кораш чаҳор сол тўл кашидааст, бозигарони маъруфи эронӣ нақш офаридаанд.
“Юсуф-паёмбар” панҷумин қиссаи Қуръон аст, ки дар маркази филмофаринии Эрон ба навор гирифта шудааст. Қаблан, “Исои Масеҳ”, “Иброҳими Халил”, “Асҳоби Каҳф” ва “Марями Муқаддас” ба навор гирифта шуда буданд.
Синамогарони тоҷик низ тасмим доранд, дар чанд моҳи боқимонда то соли оянда дар бораи зиндагии Имоми Аъзам Абӯ Ҳанифа филми ҳунарие ба навор бигиранд.