Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷашнвораи 21-уми филмҳои аврупоӣ


Копенҳаген, шаҳре, ки дар он имсол ҷашнвораи синемои Аврупо баргузор мегардад
Копенҳаген, шаҳре, ки дар он имсол ҷашнвораи синемои Аврупо баргузор мегардад

6-уми декабр дар Дания даври 21-уми ҷашнвораи синамои Аврупо натиҷагирӣ мешавад.

Ҷашнвораи мазкур шурӯъ аз соли 1989 бо ташаббуси Фарҳангистони синамои Аврупо баргузор мешавад, ки дар оғоз аз ҷониби филмсози маъруф Ингмар Бергман раҳбарӣ мешуд.

Тибқи муқаррароти ин ҷашнвора, ҳар соли дувум озмун дар шаҳри Берлин баргузор мешавад, аммо дар солҳои дигар дар марказҳои фарҳангии дигари аврупоӣ, чун Париж ва Лондон, мегузарад.

Имсол маросими ҷоизасупорӣ дар Копенҳаген, пойтахти Дания, баргузор мешавад.

Одатан ин ҷашнвораро чун "Оскар"-и аврупоӣ ном мегиранд ва аз ҳамин хотир, ширкат дар Ҷашнвораи филми аврупоӣ барои аксар филмсозон чун оғози хубе дар мақомёбии ҳунарӣ ҷиҳати дарёфти эътибори байнулмилалӣ маҳсуб мешавад.

Дар маросими тақдими ҷоизаҳо, ба гуфтаи масъулини ҷашнвора, мешавад аз кори барҷастаи филмсозони итоилиёӣ махсусан ёдовар шуд. Паскал Эделманн, масъули равобит бо матбуоти ҷашнвора дар суҳбат бо радиои Озодӣ аз Копенҳаген гуфт, ду намоишномаи асосие, ки ба бурдани ҷоизаҳои аслии мусобиқа – филм, коргардон, ҳунарпеша, муаллифи сенарии беҳтарин рақобат мекунанд – намоишномаҳои Il Divo ва Gomorrah мебошад. Филми охарӣ қабл аз роҳ ёфтанаш ба ҷашнвора аз ҳоло таваҷҷуҳи зиёди ҷомиъаи Аврупоро ба худ кашид. Паскал Эделманн, як масъули ҷашнвора, мегӯяд: "Филми «Gomorrah» дар асл чеҳраи як бахши ҷомиъаи Итолиёро ба намоиш мегузорад, ки зери таъсири мафия то чи андоза ғамолудаву беоянда, таҳти фишору ҳамеша зери назорат мебошад. Дар филм сарнавишти одамони воқеъӣ оварда мешавад, ки қурбони вазъият шуда, роҳи халосӣ надоранд".

Ҷоизаи филми аврупоӣ дар 15 бахш тақдим мешавад. Имсол дар озмун 350 филм аризаи ширкат дода дар ниҳоят 44 филми беҳтарин ба бахши хотимавии озмун роҳ ёфтааст. Қарор аст аъзои Фарҳангистони филми аврупоӣ иборат аз 1800 филмсоз барои филми беҳтарин раъй диҳанд ва барандаҳо ҳам рӯзи шанбе қадрдонӣ шаванд.

П. Эделманн дар робита ба фарқи ҷашнвораи имсола аз озмунҳои пешин мегӯяд: "Инҷо чеҳранигорӣ аз шахсиятҳо ва рӯйдодҳои сиёсӣ, истифода аз шеваи мустанади қиссасозӣ, ҳуҷҷатнигорӣ аз ҳаёти ҷомиъа, инчунин гоҳо таҳқиқоти иҷтимоъиро мушоҳида мекунед, ки бар асоси сарнавишти афроди мушаххас, ки ҳеч гоҳ надида будед, сохта шудааст. Ҳатто дар бархе филмҳои тасвирӣ шумо матолиби сиёсии омехта бо андешаҳои хеле хусусиро мебинед ".

Дар миёни номзадҳои асосии пирӯзӣ дар ҷашнвораи синамои Аврупо имсол филмҳои сохтаи Фаронса "Класс" ва Испания - "Ятимхона" маҳсуб мешаванд. Филми аввалӣ дар жанрҳои омехтаи бадеъӣ ва мустанад сохта шуда, зиндагии мардуми маҳалҳои канораҳои Париж ва қиссаи омӯзгореро бозгӯ мекунад, ки бо наврасон дар ҷомиъаи имрӯзаи Фаронса сару кор мегирад. Филми испанӣ дар бораи як ҷуфте ҳикоят мекунад, ки дар сохтмони қадимии як ятимхонае ҳамроҳ бо писархондашон маскан мегиранд.

Аз назари мунаққидони синамо, филмҳои аврупоӣ, ҳарчанд бо теъдоди камтар назар ба филмҳои Ҳолливуди Амрико ба бозор арза мешаванд (дар Ҳолливуд ҳар рӯз 1 филм сохта мешавад), ба қавли Паскал Эделманн, андешаву таҳлил аслан хосси филмҳои маҳз аврупоист.

XS
SM
MD
LG