Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Миллионер аз вайрона" боз ҳафт ҷоиза гирифт


Коргардон Деннӣ Бойл (аз чап), ҳунарпеша Фрейда Пинто ва бозигари нақши асосӣ Дев Пател
Коргардон Деннӣ Бойл (аз чап), ҳунарпеша Фрейда Пинто ва бозигари нақши асосӣ Дев Пател

Ахиран дар Театри салтанатии операи “Ковент Гарден”-и Лондон маросими тақдими ҷоизаҳои Академияи синамо ва театри Бритониё барои беҳтарин филмҳои соли 2008 баргузор шуд

Дар ин маросим дар 24 бахш ба беҳтарин филмҳои соли гузашта ҷоизаҳо тақдим шуда, ки бештарин ҷоизаҳоро барандаи ҷоизаи “Кураи тилоӣ” дар соли 2008 филми Дони Бойл, коргардони бритониёӣ “Миллионер аз вайрона” дарёфт кард.

Филми “Миллионер аз вайрона" бо дарёфти дуввумин ҷоиза дар соли 2009 қадаме боитминон ба сӯи ҷоизаи “Оскар”, ҷоизаи аслии синамои ҷаҳон гузошт. Филми мазкур пас аз дарёфти ҷоизаи “Кураи тилоӣ” як моҳ пеш дар шоми якшанбеи 8 феврал ҷоизаи Академияи синамо ва театри Бритониёро дар 7 бахш ё номинатсия, аз ҷумла беҳтарин филми соли 2008 дарёфт кард. Ҳамчунин дар сабқати “Беҳтарин коргардон”, “Беҳтарин филмнома”, ”Беҳтарин мусиқӣ”, “Беҳтарин садо”, “Беҳтарин кори коргардон” ва “ Беҳтарин танзим” низ доварон “Миллионер аз вайрона”-ро беҳтарин унвон карданд. Дар маҷмӯъ филми “Миллионер аз вайрона” барои дарёфти 11 ҷоизаи Академияи синамо ва театри Бритониё сабқат мекард.

Филмҳои мухталиф барои дарёфти 24 ҷоизаи ин даргоҳ мубориза бурданд. “Миллионер аз вайрона”, ки дар моҳи январ чаҳор ҷоизаи “Кураи тилоӣ”-и Иёлоти Муттаҳидаи Амрикоро соҳиб шудааст, достони зиндагии ятиме дар Ҳинд аст, ки дар даври ниҳоии сабқати телевизионии “Кӣ миллионер шудан мехоҳад?", пирӯз шуда, якшаба ба фарди сарватманд табдил мешавад.

Дар баробари “Миллионер аз вайрона” барои дарёфти ҷоизаи филми беҳтарини соли Академияи ҳунари синамо ва театри Бритониё ҳамчунин филмҳои “Парвандаи асроромези Бенжамин Баттон”-и коргардон Дэвид Финчер, “Хонанда”-и Стивен Долдри,”Фрост дар муқобили Никсон”-и Рон Ҳовард ва “Шир”-и Гас Ван Сент мубориза карданд. Аммо ин ҷоиза яке буд ва низ боз насиби “Миллионер аз вайрона” гашт. Аммо ҷоизаи беҳтарин филми бритониёӣ ба филми мустанади “Дорбоз” –и Ҷеймс Марш тақдим шуд.

Доварони ҷоизаи Академияи ҳунари синамо ва театри Бритониё беҳтарин ҳунарманди соли 2008 Микки Руркро эълом карданд, ки дар филми “Гуштигир” нақши варзишгари пирро иҷро кардааст. Барои дарёфти унвони беҳтарин ҳунарманди соли 2008 Фрэнк Ланҷелла, ки нақши президент Ричард Никсонро иҷро кардааст, Дев Пател, қаҳрамони асосии филми “Миллионер аз вайрона”, Шон Пен, қаҳрамони филми “Шир” ва Брэд Питт, қаҳрамони аслии филми “Парвандаи асроромези Бенжамин Баттон” сабқат карданд.

Вале дар миёни ҳунармандони зан ҷоизаи аслӣ насиби Кейт Уинслет яке аз қаҳрамони филми “Хонанда” гардид. Ӯ ҳамчунин барои дарёфти ин ҷоиза барои иҷрои нақш дар филми дигари “Роҳи таҳаввул “ пешбарӣ шуда буд. Зимнан Кейт Уинслет барои иҷрои нақш дар филми “Роҳи таҳаввул” ҷоизаи “Кураи тилоӣ” дар бахши беҳтарин ҳунарманди занро ба даст оварда буд.

Уинслет аз нигоҳи доварони Академияи синамо ва театри Бритониё хеле беҳтар аз ҳунармандон Кристин Скотт, Мерил Стрип, Анҷелина Ҷолӣ нақш бозидаст, ки низ номзади беҳтарин ҳунарманди зан буданд.

Ҷоизаҳои Академияи синамо ва театри Бритониё дар баробари ҷоизаи “Кураи тилоӣ”, ки номзад ба ин ҷоизаҳоро аъзои Анҷумани матбуоти хориҷии Ҳолливуд интихоб мекунанд, як навъ тамрини ғайрирасмӣ барои дарёфти Ҷоизаи аслии синамои ҷаҳонӣ ”Оскар” мебошад. Ҷоизаи академияи синамо ва театри Бритониё сар аз соли 1947 тақдим мешавад ва бузургтарин ҷоизаи синамогарон дар хориҷ аз қаламрави ИМА мебошад. Аммо Академияи Бритониё ба ҷуз дар бахши синамо ҳамчунин дар бахши телевизион ва ҳунари кӯдакон ҷоизаҳо тақдим мекунад.
XS
SM
MD
LG