Вай дар матлабе дар нашрияи Wall Street Journal менависад, ба анҷоми бомуваффақияти амалиёти зиддситезаҷӯён дар Афғонистон эътимод дорад ва мегӯяд, ки қабл аз ҳама сиёсати ҳукумати нави ин кишвар бояд тавонист аксари кулли мусалмононро зидди тундгароиву терроризм муттаҳид кунад. Ин як умеди воқеие барои рафъи комили решаҳои тундгароиву ситезаҷӯӣ дар Афғонистон аст, чунки аз ин назар мардуми аз ҷангу хушунатҳо хасташудаи Афғонистон низ метавонанд ба кӯмаки амрикоҳо бишитобанд.
Шарти муваффақияти даври нави амалиёти нирӯҳои Амрико ва кишварҳои эътилофро дар Афғонистон Либерман ба тағйири стратегия, афзоиши шумори нирӯҳои миллии ин кишвар, тақвияти фаъолияти сохторҳои дохилии Афғонистон ва инчунин зербинои минтақаӣ ва дар ниҳоят амр, дар ӯҳдадориҳои сиёсии амрикоиҳо мебинад.
Либерман менависад, ҳарчанд феълан Обама, раиси ҷумҳурии Амрико бештар ба масъалаҳои иқтисодӣ тамаркуз кардааст ва ин як воқеияти қобили дарк мебошад, вай дар баробари мушкилҳои берунаи зиёд қарор дорад, ки муҳимтарини онҳо ҷанги Афғонистон аст.
Аз дидгоҳи Ҷозеф Либерман, мардуми Афғонистон аз хушунату Толибон чунон хаста шудаанд, ки онҳо дигар намехоҳанд дар ситаму қашшоқӣ ба сар баранд. Ва бо истифода аз ҳамин рӯҳияи мардуми афғон, мегӯяд вай, мешавад чанд иқдоми тактикиву стратегии наверо андешид, ки ба пирӯзӣ дар ин ҷанг мусоидат хоҳад кард.
Роҳи аввал, мегӯяд Либерман, ин аст, ки дар ҳамоҳангии стратегии амалиёти зиддитеррор дар Афғонистон бояд як ҷаҳише ба амал овард. "Тавре мо аз ҷанг дар Ироқ омӯхтем, - менависад вай, - пирӯзӣ бар шӯришиён тақозо мекунад, ки кулли амалиёти низомиву мулкӣ бояд ба шеваи ҳамоҳангшуда пеш равад". Дар Афғонистон, мегӯяд вай, феълан чунин як барномаи миллии низомиву мулкии муқобила зидди ситезаҷӯён вуҷуд надорад. Ва идомаи кор ба ҳамин навъ метавонад бо шикаст рӯбарӯ шавад.
Дигар ин, ки ба андешаи конгрессмени амрикоӣ, ҷаҳише бояд дар зарфиятҳои мулкӣ сурат гирад. Яъне, сафорати Амрико дар Кобул бояд фаъолият ва дафтарҳои кории худро дар тамоми қаламрави Афғонистон густариш дода, бо истифода аз захираҳои заруррӣ бо низомиёни шона ба шона истода корро идома диҳад. Вай мегӯяд, фаъолияти ин ходимон бояд русто ба русто, минтақа ба минтақа ва шаҳр ба шаҳр тавсеа ёбад.
Дар навбати сеюм, мегӯяд вай, афзоиши нирӯҳои миллии Афғонистон низ фавқулода зарур аст: ин нирӯҳо бояд хуб тамриндидаву ҳамаҷониба таъминшуда бошанд ва барои хизмат бояд ҳаққи заҳмати муносиб дарёфт кунанд. Зарурате барои тағйире дар стратегияи минтақаии Амрико низ пеш омадааст, мегӯяд сиёсатмадори маъруф.
Вай мегӯяд, ҳоло дар Афғонистон кишварҳои зиёди ҳамсоя ва минтақаӣ фаъолият доранд: бархе бо роҳҳои мусбат ба ин кишвар кӯмаку сармояҳо ворид мекунанд, аммо бархе гурӯҳҳо, ба қавли вай, бо бархӯрди душманонаашон ба ситезаҷӯён кӯмак мекунанд. Пеши роҳи инро бояд гирифт, мегӯяд вай. Ва ниҳоят, муваффақияти панҷум аз амрикоиҳо вобаста аст, ки дар баробари Афғонистон ӯҳдадории сиёсии худро ба намоиш гузоранд. Вай мегӯяд, хушбахтона, ба фарқ аз стратегияи Ироқ, ҷанг дар Афғонистон дар ҳама сатҳҳои Конгресс пуштибонӣ мешавад, вале, мегӯяд вай, дар сурати пеш омадани зарурат барои афзуншавии нирӯҳо, боз ҳам паёмадҳои он барои Амрико имтиҳони дигаре хоҳад буд.
Як таҳлилгари тоҷик, ки пайваста аз таҳаввулоти Афғонистон пайгирӣ мекунад, мегӯяд, бо хулосаҳои Либерман розӣ шуда метавонад, чунки вай баъди сафар ба Афғонистон ва дидору мулоқот бо мақомоти маҳалливу низомиён ва мардуми оддӣ ба ин хулосаҳо расидааст. Илҳом Назриев мегӯяд, дар вақтҳои охир як тағйирот ё чархише дар муносибати Амрико нисбат ба Афғонистон эҳсос мешавад ва ин бо сабаби афзоиши нигарониҳо аз мизони баланди маргумири мардуми осоишта дар ин кишвар маншаъ мегирад:
"Сабаби зиёд будани талафоти мардуми мулкӣ дар он аст, ки дар амалиёти нирӯҳои байналмилалӣ ва миллӣ ҳамоҳангӣ вуҷуд надорад. Мо мебинем, ки ҷаноби Либерман дар ин бора ҳам сӯҳбат кардааст. Ҳукумати нави Амрико бо шиори "тағйири сиёсат" сари қудрат омадааст. Хуб аст, ки аз рӯзҳои аввал ҷаноби Обама чанд тағйиротеро, ки аз ӯ мардум интизор доштанд, анҷом дод: аввалан дар бораи басташвии Гуантанамо қарор қабул кард, ва акнун мо мебинем, ки масъалаи Афғонистон ҳадди аққал дар ҳоли баррасӣ шудан аст. Ба фикрам, агар тими Обама ба таври ҷиддӣ машғули ин кор шавад, онҳо ба муваффақият даст хоҳанд ёфт".
Таҳлилгар Илҳом Назриев афзуд тайғироте, ки дар сиёсати Амрико нисбати ҷанг дар Афғонистон эҳсос мешавад ва он таҳаввулоте, ки ахиран дар қаламрави Осиёи Марказӣ дар робита бо нияти Қирғизистон барои бастани пойгоҳи низомии амрикоиҳо пеш омадааст, аз сӯе ба манфиати кишварҳои мисли Тоҷикистон аст. Ӯ мегӯяд, Тоҷикистон ҳамеша хоҳони сулҳу субот ва оромӣ дар ин кишвари ҳамсоя буд ва мемонад ва бо ҳама роҳ талош мекунад, дар барқарории эътидол ба ин кишвар мусоидат кунад.
Ҷаноби Назриев афзуд, ки барои тағйири вазъ дар Афғонистон расонаҳои хабарӣ ҳам метавонанд мусоидат кунанд, аммо феълан онҳо аз баррасии бахшҳои мухталифи ҳаёти ин мардум танҳо болои ҳаводиси низомиву сиёсӣ тамаркуз карда, аз вазъи иҷтимоии он сарфи назар мекунанд.
Ҷозеф Либерман ҳам бо таъкид ба ин масъала дапр мақолаеи Wall Street Journal менависад, ки алорағми чолишҳову мушкилоти зиёд дар Афғонистон, дар солҳои баъди суқути Толибон имкони ба мактабҳо баргардонидани панҷ миллион писару духтарҳои афғон даст доду мизони маргу мири кӯдакон дар ин кишвар 25 дар сад коҳиш ёфт. Барои нахустин бор дар таърихи истиқлолияти Афғонистон мардону занон имкон ёфтанд, ки дар интихобот иштирок кунанд.
Ва ҳанӯз ҳам, мегӯяд ӯ, бо васфи мушкилоти фаровон, аммо умеде барои барқарории пурраи Афғонистон ва ба ҳаёти маъмулӣ рӯ овардани мардуми одии ин кишвар вуҷуд дорад.
"Тавре мо аз ҷанг дар Ироқ омӯхтем, пирӯзӣ бар шӯришиён тақозо мекунад, ки кулли амалиёти низомиву мулкӣ бояд ба шеваи ҳамоҳангшуда пеш равад".