Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пешниҳоди ҳарими ҳавоии Тоҷикистон ба НАТО


Тоҷикистон ба интиқоли борҳои ғайринизомии НАТО аз ҳарими ҳавоияш ба Афғонистон иҷозат дод.

Ризоияти Тоҷикистонро раисҷумҳури ин кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар ҷараёни мулоқоташ бо Трейсӣ Ҷейкобсон, сафири ИМА дар Тоҷикистон, изҳор доштааст. Вай гуфт: "Президенти Тоҷикистон омодагии кишварашро ба пешниҳоди ҳарими ҳавоии Тоҷикистон барои интиқоли икмолоти ғайринизомии НАТО дар Афғонистон тасдиқ кард. Ин зарурат бо сабаби тасмими афзоиши нерӯҳо дар Афғонистон ба миён омадааст."

Президенти Тоҷикистон гуфтааст, интиқоли бору мавод ба Афғонистон на танҳо барои ҳарбиёни нерӯҳои байнулмилалӣ зарур аст, балки дар бозсозии кишвари ҳамсоя низ аҳамияти калон дорад.

Ҳамчунин ҷониби Амрико ҷиҳати омодагии ИМА дар саҳмгузории таҷдиди бунгоҳҳои марзбонии Тоҷикистон хабар дод. Cафири ИМА дар Тоҷикистон ҳамчунин иброз дошт, ИМА омодааст, ки дар ифтитоҳи як тамрингоҳи низомӣ барои артиши Тоҷикистон дар ноҳияи Турсунзода кӯмак кунад.

Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, ба гуфтаи сафири он дар Тоҷикистон, бар ин аст, ки соли равон ироъаи ёрии худро дар рушди иқтисоди Афғонистон шурӯъ кунад. Пайомадҳои бӯҳрони молӣ ба Тоҷикистон низ яке аз мавзӯъҳои ин сӯҳбат буд.

Инчунин дар мулоқот сари масъалаи кӯмаки ИМА дар ифтитоҳи як тамрингоҳи низомӣ барои артиши Тоҷикистон дар ноҳияи Турсунзода тавофуқ шуд.

Зимни ин мулоқот Т. Ҷейкобсон хабар дод, ки Амрико тасмим гирифтааст, ки аз тариқи фурудгоҳи Багром ба Афғонистон боз 30 000 низомии худро интиқол диҳад.

Як манбаъи ғарбии дипломатӣ ба хабаргузории Ройтерз гуфтааст, Иёлоти Муттаҳида бо Узбакистон низ дар садади имзои созишномаест, ки ба Вошингтон имкон медиҳад, барои икмоли нерӯҳояш дар Афғонистон як роҳи оҳани нав боз кунад.
XS
SM
MD
LG