Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пойгоҳи Амрико дар Қирғизистон баста мешавад


Раисиҷумҳури Қирғизистон гуфт, кишвараш дигар ба Иёлоти Муттаҳида иҷоза намедиҳад, аз пойгоҳи ҳарбии "Манас" истифода кунад.

Ин нуктаро Боқиев пас аз гуфтушунид бо президенти Русия Дмитрий Медведев дар Маскав эълом дошт.

Баёнияи сарвари Қирғизистон ба думболи мулоқоти ӯ бо ҳамтои русиаш Дмитрий Медведев дар нишасти матбуотии муштарак садо дод. Боқиев гуфт: “Дар тули ин солҳо Ҷумҳурии Қирғизистон дар ҷанг бар зидди терроризми байналмилалӣ саҳми бисёр муҳим гузошт. Мо низомиёнии худро ба онҷо нафиристодем, аммо иҷозат додем қаламрави моро истифода баранд. Он замон сӯҳбат фақат дар бораи як сол мерафт, ҳадди аксар ду сол, аммо инак ҳашт сол сипарӣ шуд. Бояд таъкид кард ки дар тули анҷоми ин амалиёти зиддитеррористии артиши неруҳои байналмилалӣ мо борҳо бо шарикони амрикоиамон мавзуъи ҷуброни иқтисодии буду боши сарбозони Амрикоро мавриди баҳс қарор дода будем. Аммо мутаассифона ҳамфикрии ҷониби амрикоиро пайдо накардем. Чанд руз пеш ҳукумати Қирғизистон қарор кард ки муҳлати истиқрори пойгоҳи низомӣ дар қаламрави ҷумҳури бояд хотима ёбад. Дар ин бора фардо ё як руз баъд дар матбуъот расман эълон мешавад ва пас аз ин Қирғизистон мувофиқи ин қарори ҳукумат амал хоҳад кард.”

Раисиҷумҳури Русия Дмитрий Медведев дар навбати худ изҳор дошт, ки таъйини сарнавишти пойгоҳи Амрико дар Манас дар салоҳияти танҳо давлати Қирғизистон қарор дорад. Ӯ афзуд: “Мо метавонистем барои мусоидат ба истиқрори вазъ дар минтақа кушишҳои худро муттаҳид кунем. Кишварҳои мо бо дарназардошти тавоноиамон ба амалиётҳое ки дар минтақа анҷом мешаванд кумак хоҳанд кард. Ҳеҷ кас аз уҳдадориҳои худ сар намекашад, ва дар чаҳорчуби эътилофи зиддитеррористӣ, мо тамоми равияҳоро иҷро хоҳем кард ва ба иқдомоти муштарак ва аз ҷумла бо эътилофи кишварҳо омодаем. Дар ҳар сурат ҳам Русия ва ҳам Қирғизистон уҳдадоранд амнияти минтақаро таъмин кунанд, уҳдадоранд ба фаъолиятҳои зиддитеррористи мусоидат кунанд.Бидуни шак шакл ва тариқи анҷоми чунин кор бо дарназардошти он ки амалиёт дер боз ҷараён дорад, бояд бо шариконамон ҳамоҳанг шавад.”

Дар нахустин вокуниш ба ин хабар, сухангуи вазорати дифоъи Амрико Ҷеф Моррел гуфт, ИМ умедвораст ки ба истифодаи пойгоҳи низомии Манас идома хоҳад дод. Вай гуфт ки ин фурудгоҳ дар таъмини неруҳои Амрико мустақар дар Афғонистон нақши хеле муҳим дорад.

Амрико пойгоҳи низомии Манасро аз поёни соли 2001 ба ин тараф барои таъмини амалиётҳои нирӯҳои ИМ ва НАТО дар Афғонистон истифода мекард ва Вошингтон борҳо ба аҳамияти ин пойгоҳ таъкид кардааст. Генерал Дэвид Петреус зимни боздидаш аз кишварҳои минтақа моҳи гузашта эълом дошт ки дар тарҳи афзоиши шумори сарбозони амрикои дар Афғонистон фурудгоҳи Манас нақши калиди хоҳад бозид.

Ба ақидаи таҳлилгарон манъи истифодаи пойгоҳи Манас ба тамоми амалиётҳои низомии неруҳои ИМ ва НАТО дар Афғонистон таъсири манфи хоҳад расонд. Таҳлилгари масоили низомӣ Павел Фелгенҳауэр сабабҳои ин иқдоми Қирғизистонро чунин шарҳ медиҳад: “Мақомдорони низомии Русия кайҳо боз ин пойгоҳи низомиро чашми дидан надоранд. Чин ҳам мухолифи ин пойгоҳ аст. Чунки ин минтақаест ки пойгоҳро мешавад на танҳо барои ҳамлу нақл истифода бурд, балки барои ҷамъоварии иттилоъи ҷосусӣ низ мешавад аз он кор гирифт. Русия дар Осиёи Марказӣ таслиҳоти мухталифашро озмоиш мекунад, ҳамзамон пойгоҳҳои озмоиши аслиҳаи Чин низ ба ин пойгоҳ наздик аст.”

Таҳлилгари рус афзуд рушан аст ки ин тасмими Маскав буд ва басташавии пойгоҳи Манас ба равобити дуҷонибаи Русия ва Амрико латма мезанад. Коршиносон аз ҷумла ба ин нукта ишора мекунанд, ки раҳбари Қирғизистон қасди бастани пойгоҳи ҳавоии Амрико дар Манасро, аввалан дар Маскав эълон кард. Ва эълони ин тасмим ба дунболи музокироти Русияву Қирғизистон сурат гирифт, ки Маскав дар он ба Бишкек тақрибан 2 миллиард доллар сармояву кӯмак ваъда кардааст.

Сухангӯи Пентагон Ҷефф Моррелл гуфт, Иёлоти Муттаҳида умедвор аст, истифода аз "Манас"-ро, ки ӯ онро барои таъмини нерӯҳои Амрико дар Афғонистон "беандоза муҳим" номид, идома диҳад.
XS
SM
MD
LG