Ҳамкориҳо дар заминаи ҳамлу нақли колои тиҷоратӣ ва низомӣ ба Афғонистон миёни Амрико ва Тоҷикистон минбаъд низ тақвият хоҳанд ёфт.
Бо зикри ин матлаб генерал Девид Петрэус, фармондеҳи ситоди марказии артиши Амрико, ки қабл аз зуҳри имрӯз наздики ду соат бо раисҷумҳури Тоҷикистон дидор ва гуфтугӯ анҷом дод, гуфт ҷиҳати баррасии масоили марбут ба идомаи кумакҳои фанниву башарӣ ва тиҷоратӣ ба Афғонистон тавассути қаламрави Тоҷикистон дар ду ҳафтаи оянда як ҳайъати коршиносони масоили низомии Амрико вориди Душанбе хоҳад шуд.
Фармондеҳи амрикоӣ аз мусоидати давлати Тоҷикистон ҷиҳати вогузории ҳарими ҳавоӣ ва қаламрав барои кумак ба нерӯҳои НАТО дар Афғонистон изҳори сипос кард. Вай инчунин гуфт, ки ҳадафи ин сафари ӯ на танҳо густариши равобит миёни Тоҷикистон ва Амрикост, балки ҳамчунин талошест ҷиҳати тақвияти равобити Ситоди марказии артиши ИМА бо Тоҷикистон. Зеро, шарҳ дод ӯ, дар ҳоли ҳозир, аз як тараф, барои интиқоли анвоъи мухталифи коло ва кумакҳои башарӣ ба Афғонистон истифодаи қаламрави танҳо Покистон нокофист, ва аз сӯи дигар, ҳоло авзоъ дар худи Покистон низ барои идомаи чунин корҳо начандон мувофиқ аст.
Ӯ, аз ҷумла, гуфт: «Талошҳои мо дар Афғонистон набояд танҳо дар ҳудуди ин кишвар мутамаркиз гардад, балки инчунин Покистон низ мавриди таваҷҷуҳи мо бошад. Таври маълум, дар Покистон амалҳои террористӣ сурат гирифтанд. Мо бояд дар назар дошта бошем, ки минтақаи қабиланишин дар марзи Афғонистон ва Покистон ҳамчун як пойгоҳи мусоид барои амалҳои гуногуни террористӣ истифода мешавад. Яъне талошҳои мо дар ин росто бояд бисёрсамта бошад».
Фармондеҳи ситоди марказии артиши ИМА ёдовар шуд, ки дар сафари чанд рӯз пешаш дар Қазоқистон низ созишнома бо он дар мавриди истифодаи қаламрави ин кишвар барои кумак ба Афғонистон ва нерӯҳои НАТО дар Афғонистон ба имзо расидааст.
Раисҷумҳури тозаинтихоби Амрико Б. Обама низ тақвият ва афзоиши ҳузури нерӯҳи амрикоӣ дар Афғонистонро аз самтҳои муҳимми сиёсати худ эълон кардааст.
Коршиносони тоҷик, бо таваҷҷуҳ ба нооромиҳои авзоъи Афғонистон, мегӯянд, ки Амрико ба унвони раҳбари Эътилофи байнулмилалии зиддитерористӣ дар ин кишвар талош хоҳад кард, то вазъ аз таҳти идора берун наравад. Ва дар ҳоли ҳозир Покистон масири асосии барои кумакҳои Амрико дар Афғонистон ноамн аст ва Амрико ногузир аст дар ҷустуҷӯи роҳҳои алтернативӣ бошад.
Девид Петрэус, фармондеҳи Ситоди марказии артиши Амрико, гуфт, ки дар дидори бо раисҷумҳури Тоҷикистон ҳамчунин масоили марбут ба барномаҳои имдодии Амрико барои тақвияти назорати марз, сохтмони зербино ва иншоотҳои дигар дар пули Панҷи поён дар фарози рӯди Ому дар марзи Тоҷикистон ва Афғонистон мавриди баррасӣ қарор гирифтааст. Оқои Петрэус гуфт, ки ин ду кишвар дар амри ҷилавгирӣ аз густариши маводди мухаддир, мубориза бо терроризм ва роҳ надодан ба бозгашти ифротгароён ба қудрат дар Афғонистон ҳадафи ягона доранд. Ва, ба ақидаи ӯ, талошҳои ИМА дар ин росто манофеъи на танҳо кишварҳои Осиёи Марказиро, балки инчунин Эрон,Чин ва Русияро низ, ифода мекунад.
Дар ҳоли ҳозир беш аз 60 000 сарбозу афсари НАТО дар Афғонистон мустақар аст, ки аз ин миён нисфи он аз нерӯҳои амрикоист. Ва Амрико қасд дорад дар ду соли оянда боз 20 000 низомиёнашро вориди Афғонистон кунад.
Генерали амрикоӣ гуфт, Вошингтон мехоҳад ҳузураш дар пойгоҳи ҳавоии «Манас»-и Қирғизистонро дар оянда боз ҳам тақвият бубахшад.