«Истиқлол» дар бозии ниҳоӣ, ки дар пойтахти кишвар баргузор шуд, бо дастаи «Вавилон»-и Душанбе рақобат кард. Замони асосӣ бо ҳисоби 5:5 хотима ёфт. «Истиқлол» аз рӯи зарбаҳои 7-метра пирӯзӣ ба даст овард.
Воқеъан, дастаи тозатаъсиси «Истиқлол», ки ғолиби мусобиқоти лигаи аввали Тоҷикистон ва қаҳрамони шаҳри Душанбе дар соли 2008 гардидааст, ба лигаи олӣ роҳхат гирифт. Инчунин ду дастаи дигар – «Спитамен»-и ноҳияи Спитамен ва «Сомонком»-и шаҳри Хуҷанд, ки дар мусобиқаи ниҳоии лигаи аввал мутаносибан ҷойҳои дуввуму севумро касб карданд, ҳуқуқ пайдо намуданд, имсол дар мусобиқоти қаҳрамонии лигаи олии футболи Тоҷикистон ширкат варзанд.