Хайрулло Хӯҷаев, тоҷири бозори Барахолкаи шаҳри Алмаато мегӯяд, дар як худи моҳи гузашта ҳангоми тафтиши асноди муҳоҷирон беш аз 100 муҳоҷир ба Тоҷикистон фиристода шуд ва ин кор ба гуфтаи Хайрулло бо қонуншиканиҳо сурат гирифт.
Фирдавс Сафаров, муҳоҷири дигар, ки пешааш ҳуқуқшинос асту, ҳоло дар Алмаато бо тиҷорат машғул аст, мегӯяд, дар ин гирудори пулис дӯсташ Абдуваҳҳобро, ки даҳ сол ба ин тараф дар ин ҷо тиҷорат мекард, низ боздошт карда, ба Тоҷикистон фиристодаанд.
Ба гуфтаи ҳамсӯҳбатони мо, бархе аз истирдодшудагон таъминкунандагони асосии хонаводаашон буданд ва бо истирдоди онҳо вазъи оилаашон дар Тоҷикистон басо мушкил хоҳад шуд. Хайрулло мегӯяд, ҳамдеҳааш Исмоил, ягона писар дар хонавода буд ва вай аҳли оиларо мехӯронду мепӯшонд.
Муҳоҷирони тоҷик ҳар сол аз Қазоқистон маблағи ҳангуфтеро ба Тоҷикистон мефиристоданд ва бо ин роҳ ба андозае мушкили иқтисодии кишварро осон мекарданд. Вале акнун онҳо худ ба Тоҷикистон истирдод шуда, сафи бекоронро зиёд хоҳанд кард.
Айна Шорманбоева, ҳуқуқшиноси Созмони байнулмилалии муҳоҷират сабаби асосии истирдоди муҳоҷиронро дар он мебинад, ки Қазоқистон дар навбати аввал тибқи қонун бозори кори дохилии хешро ҳимоя мекунад ва алъон чун бӯҳрони иқтисодӣ ба ин кишвар низ таъсир расонида, ва шумораи бекорон афзуда, он дар андешаи ҳалли мушкилоти хеш аст.
Ин нуктаро сиёсатшинос Досим Сатпаев низ таъйид мекунад ва меафзояд, ки истирдод ва коҳиш додани шумораи муҳоҷирон дар кишвар яке аз роҳҳоест, ки Қазоқистон барои ҳалли мушкилоти хеш пеш гирифтааст. Сиёсатшинос бар ин аст, ки истирдоди муҳоҷирон аз Русияву Қазоқистон вазъи бе ин ҳам мушкили кишварҳои минтақа, аз ҷумла Тоҷикистонро боз мушкилтар месозад ва ҳатто имкон дорад, суботи сиёсиро халалдор кунад.