Боздошт дар зиндонҳои муваққати Русия ба ҷурми надоштани сабти иқомат яке аз мушкилоти умдаи муҳоҷирони корӣ ба шумор меравад. Бархе аз боздоштшудагон ба сабаби надоштани пули бозгашт ба ватан то як сол дар ин зиндонҳо ба сар мебаранд. Ба онҳо дар шабонаруз муъодили 2.5 доллар хурок медиҳанд. Феълан дар боздоштгоҳҳои Маскав 103 марду зан ва 9 кӯдаки тоҷик зиндонӣ ҳастанд. Сарнавишти 14 нафаре, ки ахиран боздошт шудаанд, маълум нест.
Сарнавишти номаълуми 14 нафар муҳоҷирони кории тоҷик, ки шаби сеюми апрели соли равон аз яке аз хобгоҳҳои коргарии ширкати бинокории Донстрой аз сӯи кормандони шӯъбаи рақами 25 пулиси Маскав боздошт шудаанд, мӯҷиби нигарони пайвандони онҳо гардидааст. Дар бораи боздошти муҳоҷирони тоҷик ба радиои Озодӣ Шарифбеки Садриддин ,яке аз коргарони ширкати Донстрой хабар дод. Вай гуфт, муҳоҷирони корӣ Шамсулло Сатторов, Шариф Абдураҳимов ва дигаронро шаби сеюми апрел пулис аз хобгоҳ гирифт ва то кунун дар боздоштгоҳи муваққати минтақаи Дмитровски шоссе нигоҳ дошта мешаванд, дар ҳоле ки ҳамаи онҳо санади сабти иқомат ва иҷозатномаи кор доранд.
Дар ҳамин ҳол, масъули умури муҳоҷират дар консулгарии Сафорати Тоҷикистон дар Маскав Масаид Комилов дар бораи боздошти муҳоҷирони корӣ аз ширкати Донстрой ибрози бехабарӣ кард, вале гуфт, ки онҳо шояд ба сабаби нодонӣ ба ҳукми додгоҳ имзо карда бошанд.
Ва аммо Абдурасул, яке аз хешовандони коргарони боздоштшуда аз ширкати сохтмонии Донстрой суханони намояндаи сафорати Тоҷикистонро такзиб кард ва гуфт, барои он боздоштшудагон борҳо хӯрока бурдааст ва ҳар бор барои дидор ба як нафар то 400- 500 рубл пора медиҳад.
Намояндаи сафорати Тоҷикистон Масаид Комилов тасдиқ кард, ки дар маҷмӯъ дар боздоштгоҳҳои муваққатии Маскав феълан 103 шаҳрванди Тоҷикистон, бо шумули 5 зан ва нуҳ кудак дар банд ва интизори ихроҷ аз Русия ҳастанд. Ба гуфтаи вай муҳоҷирон ба ҷурми қонуншикании маъмурӣ боздошт ва аз Русия хориҷ карда мешаванд.
Бино ба омори дастрас, тайи чор соли ахир аз Русия наздик ба 50 ҳазор муҳоҷирони тоҷик ихроҷ карда шудаанд, ки то панҷ сол ҳаққи бозгашт ба ин кишварро надоранд.