Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Обама ва Маккейн: Як ҳафтаи дигар


Дар ҳоле ки то интихобот барои курсии раёсатҷумҳурии ИМА камтар аз як ҳафта боқӣ мондааст, довталабони аслӣ ба ин мақом талоши худро ба хотири касби шумори ҳарчӣ бештари раъйҳои калидӣ дучанд кардаанд.

Ҳамин тавр, Маккейни солхӯрда ва ноиби ҷавонаш, волии иёлати Аляска Сара Пейлин таваҷҷӯҳашонро болои иёлати Пенсилвания, ки таърихан пойгоҳи демократҳо маҳсуб мешавад, мутамарказ карданд.

Бино бар натиҷаҳои назархоҳиҳои мухталиф, дар айни замон, Обама дар ин сабқат аз Маккейн пешсаф аст ва сенатор аз иёлати Аризона мехоҳад то рӯзи баргузории интихобот, яъне 4 ноябр, ин таносубро ба фоидаи худ тағйир диҳад. Бартарии Обама бавижа дар Пенсилвания назаррас будааст.

Баъд аз Пенсилвания Маккейн ба дигар иёлати муҳим - Каролайнаи Шимолӣ рафт, ки дар он ҷо низ тибқи назарсанҷиҳо имкон дорад Обама пирӯз шавад ва ин дар ҳолест, ки шурӯъ аз соли 1976 ягон номзад аз ҳизби демократ натавонистааст рақибаш аз ҳизби ҷумҳурихоҳро дар ин иёлат мағлуб кунад. Дар шаҳри Ҳерши ин иёлат Маккейн гуфт, суханрониҳои рақибаш Барак Обама шаҳодат медиҳанд, ки вай мехоҳад барои ёрӣ ба онҳое, ки қашшоқанд, аз пули сарватмандон истифода барад.

Барак Обама низ дар Пенсилвания буд. Барои шунидани суханронии ӯ дастикам 9 ҳазор нафар гирди ҳам омад. Номзад ба мақоми муовини раисҷумҳур аз ҳизби демократ Ҷо Байден дар иёлати Флорида маъракаи интихоботӣ анҷом медод.

Байден гуфт ки Обама барои аҳолии миёнаҳоли Амрико заҳмат хоҳад кашид ва иҷозат намедиҳад, ки сарвати кишвар ва ҳаёти шаҳрвандони он дар ҷанги Ироқ талаф шавад. Вай афзуд ки Барак Обама ин сарватро барои барқарор намудани зербинои ИМ равона мекунад.
XS
SM
MD
LG