Обама ва Маккейн эътироф менамоянд, ки фаъолияти инсонӣ ба гармшавии ҳавои саросари дунё кумак мерасонад. Аз ин рӯ, ҳар ду номзад тарафдорӣ ҷорӣ шудани маҳдудияти партобҳои саноативу газҳои ба истилоҳ "гулхонаӣ" мебошанд. Ҷои ёдоварист, ки президент Буш ба ин ақида мувофиқ нест.
Обама ва Маккейн дар бораи коҳиши вобастагии ИМА ба маводи сӯхти хориҷӣ таъкид мекунанд. Вале ҳар яке аз номзадҳо роҳи ҳалли хосе пешниҳод кардааст. Обама мехоҳад, ки ҳукумати ИМА дар тӯли даҳ соли оянда 150 миллиард долларро барои рушди манбаъҳои алтернативи энергия масраф намояд. Аммо Маккейн ҷонибдори сохтмони 45 нерӯгоҳи нави ҳаставӣ дар ИМА то соли 2030-ум мебошад.
Ҳар ду номзади курсии президенти ИМА аз лағви манъи сармоягузории федералии таҳқиқоти ҳуҷайраи ҷанин мебошанд. Бо фармони президент Буш сармоягузории давлатии ин қабил таҳқиқот манъ мебошад. Вале тарафдорон бар ин назаранд, ки пажӯҳиши ҷанин дар муолиҷаи баъзе бемориҳои то кунун бедаво ёрӣ мерасонад.
Дар масъалаи пажӯҳиши кайҳон ҳар ду номзад аз барномаи президент Буш пуштибонӣ мекунанд. Соли 2004-ум президенти ИМА пешниҳод кард, ки сармоягузории пажӯҳиши кайҳон афзоиш ёбад, то соли 2020-ум кайҳоннавардони амрикоӣ ба моҳ баргарданд. Ҳамзамон бо он Ҷорҷ Буш тавсеаи пажӯҳиши Миррих ва сайёраҳои дигарро матраҳ намуда буд.
Соли 2001-ум баъди нишастан ба курсии президентӣ Ҷорҷ Буш бо машварати муҳофизакорони насронӣ мақоми мушовири раёсатҷумҳурӣ дар соҳаи илмро поин бурд. Обама ва Маккейн ваъда додаанд, ки дар сурати пирӯзӣ дар интихобот мақоми мушовири илмиро барқарор мекунанд.
Фарқи дигари барномаҳои довталабҳои курсии президенти ИМА ин аст, ки Маккейн мехоҳад ташвиқи пажӯҳишҳои илмӣ аз ҳисоби поин бурдани андози сармоягузорони соҳаи илму фанновариҳо ба амал ояд. Дар навбати худ Обама тарафдори афзоиши сармоягузориҳои федералӣ ба таҳқиқоти зербиноии илмӣ мебошад. Ба ақидаи Обама, дар ИМА шумораи пажӯҳишгарону муҳандисон рӯ ба коҳиш аст. Аз ин рӯ, дар сурати раисҷумҳур интихоб шудани ӯ сармояи бештаре барои тарбияи олимону мутахассисони ҷавон ҷудо хоҳад шуд.
Зимнан, барандаи имсолаи ҷоизаи Нобел дар соҳаи тиб Ҳаролд Вармус мушовири илмии Обама буда, 61 барандаи дигари ҷоизаи Нобел аз ИМА гуфтаанд, ки аз номзадии Обама пуштибонӣ мекунанд. Барандаи ҷоизаи имсолаи Нобел дар соҳаи илми химия Мартин Чалфӣ мегӯяд, ӯ аз он сабаб пуштибони номзади ҳизби демократ аст, ки Обама барои пешбурди таҳқиқоти зербиноӣ, яъне фундаменталӣ талош дорад. Ба гуфти Чалфӣ, дар тӯли ҳашт соли ахир сармоягузорӣ дар ин соҳа хеле коҳиш ёфтааст.
Хуллас, ба ҳисоби шореҳон барномаи сармоягузориҳои Обама дар соҳаи илму таҳқиқот тахминан ба 85-у ним миллиард доллар ва барномаи Маккейн ба тақрибан 79 миллиард доллар баробар аст. Вале шореҳон бо ишора ба бӯҳрони молӣ таъкид мекунанд, ки ба эҳтимоли қавӣ баъди интихобот ин барномаҳо маҳдудтар хоҳанд шуд.