Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шиносоии тоҷикон бо интихоботи ИМА


Дар ҳоле, ки корзори интихоботи раёсати ҷумҳури ИМА идома дорад, гурӯҳе иборат аз намояндагони аҳзоб ва комиссиёни марказии интихоботи Тоҷикистон аз Амрико дидан карданд ва бо ҷараёни интихоботи ин кишвар ошно шуданд.

Бархе аз онҳо бо назардошти баргузории корзори интихоботӣ дар Тоҷикистон усул ва чаҳорчӯби интихоботи Амикоро демократитар ва одилонатар ҳисобида, таъкид мекунанд, ки бахусус фароҳам овардани шароити баробар барои довталабҳо ва ҳам барои раъйдиҳандаҳо дар Тоҷикистон маҳдудтар аст аз он ки дар Иёлоти муттаҳида.

Шокирҷони Ҳаким, муъовини раиси ҳизби Сосиал-демократи Тоҷикистон, ки дар ҳайати ҳамин гурӯҳ буд, гуфт, дар Амрико риояи мардум ба қонун дар қиёс ба кишварҳои Муштаракулманофеъ, аз ҷумла, Тоҷикистон, хеле болост. Вай гуфт, Тоҷикистон метавонад, бархе аз қавонин ва нуктаҳои интихоботии ин кишварро мавриди баҳрабардорӣ қарор бидиҳад:

«Мо бо усул ва шеваҳои раъйдиҳӣ дар Амрико ошно шудем ва, ба назари мо, кам нуқсонҳо ба назар мерасад. Барои мисол, дар интихоботи қарибулвуқуи Амрико на танҳо раисҷумҳур интихоб мешавад, балки боз ба 23 суоли дигар раъй медиҳанд, раъйдиҳанда дар як рӯз ба интихоби конгураву сенат ва дигар органҳои ҳукумати маҳаллӣ раъй медиҳанд. Ҳамчунин дар ҳамон рӯз боз раъйпурсӣ мегузарад. Ин ба қонунҳои демокротӣ муғоират надорад, вале як каме барои раъйдиҳанда мушкил аст. Ва ин тавр аст, ки рақобати ду номзад ба раисҷумҳур дигар суолҳоро бе аҳамият мегузорад ва тамоми аҳамияти мардум ва матбуот ба ин ду нафар аст».

Додоҷонов Муҳибулло, раиси дастгоҳи маркази интихоботии Тоҷикистон, низ ба ҳамин назар аст. Вай гуфт, дар Амрико фарҳанги сиёсии мардум баланд аст: «Мо мехоҳем, ки ҳамаи шаҳрвандони Тоҷикистон ва ташкилотҳои ҷаъмиятӣ дар интихобот бо тарзи фаъол ширкат кунанд. Мо бояд нигоҳ карда нашинем, ки Маркази интихоботӣ ё ҳавзаҳои интихоботӣ инро ташкил мекунанд. Худи ҳизбҳои сиёсӣ низ дар Тоҷикистон бояд фаъол бошанд. Ҳамчунин аҳзоби сиёсӣ дар омӯзондани шаҳрвандон ба қавонин ва қоидаҳои итихоботӣ бояд фаъолтар бошанд. Дар ҳақиқат шаҳрвандони Тоҷикистон аз қавонини интихоботӣ бархурдор нестанд. Дар Амрико қонун дар ҷои аввал аст ва онҳо қонунро риоят мекунанд ва маданияти қонуну фаҳмиши қонун хеле болост».

Маризо Халифаев, ки низ дар ҳайти гурӯҳи корӣ ба шаҳри Рино, иёлати Невадаи Амрико, сафар кардаааст, аз ҷараёни интихоботи Амрико истиқбол кард ва гуфт, дар Амрико барои ҳар раъй рақобат мекунанд: «Ҳеҷ рақиб пирӯзии худро аз пеш намедонад, дар интихоботи Амрико ҳар сухан метавонад таъсир расонад. Барои мисол, дар шаҳраки Рино, ки 100-ҳазор аҳолӣ дорад дар муддати як ҳафта Клинтон, Сара Пейлин ва Барак Обама омаданд. Дар Амрико дар қиёс ба кишварҳои Осиёи Миёна барои ҳар раъй мубориза мебаранд. Ва ҷомеъаи Амрико хеле сиёсист, ҳамаи мардум аз интихобот ҳарф мезананд. Ҳар кас мехоҳад номзади ӯ пирӯз шавад. Дар Амрико мардум мехоҳанд интихоби дуруст кунанд».

Мусофирати 22 нафар ки ба 6 гурӯҳи мухталиф тақсим шуда буданд, мудати даҳ рӯз дар Амрико ба мавзӯъҳои интихобот, идораи масъулиятнок, волояти қонун, таҳсилот ва таъминоти иҷтимоӣ ошно шуданд.

XS
SM
MD
LG