Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Китобу мактаб ҳам душмани Толибон?


Дар Афғонистон ахиран мошини ҳомили китобҳои дарсӣ барои мадрасаҳову мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ ба коми оташ рафт.

Ин ҳодиса ахиран дар вулусволии Муқури вилояти Ғазнӣ рух дод ва масъулини Афғонистон гурӯҳи афроди мусаллаҳро дар ин кор муҷрим донистанд. Ин мошин, ки дар дохилаш беш аз 100 ҳазор адад китоби дарсӣ буд, ба вилояти Қандаҳор ҳаракат мекард.

Ҳомиди Илмӣ, сухангӯи вазорати маориф роҷеъ ба адабиёти дарсии талафшуда дар сӯҳбат бо радиои Афғонистони Озод гуфт:

"Дар дохили он мошин китобҳои синфи аввал то шашум, китобҳои синфи нӯҳум ва китобҳои динӣ шомил буд. Китобҳои мазкур ҳеҷ гуна рабте ба сиёсат надошт".

Ҳарчанд, гурӯҳи Толибон даст доштани худро дар ин ҳодиса рад кардааст, вале вазири маорифи Афғонистон мегӯяд, ки ба ин иддаоҳо бовар надорад. Муҳаммаданӣ Фатмар, вазири маорифи Афғонистон хост, ки Толибон дар ин замина як баёнияи расмӣ бидиҳанд:

"Пайғоми мо ба он теъдоде аз Толибоне, ки инкор мекунанд, ки дар ин кор даст надоранд, ин аст, ки амалан ин корро барои миллати мо собит бисозанд, ки ин кори онҳо нест".

Радиои Афғонистон Озод хабар медиҳад, ки се ҳафта инҷониб мақомоти маорифи Афғонистон тавзеҳи китобҳои дарсиро дар мактабу мадрасаҳои кишвар ба роҳ мондааст ва тибқи барномаҳо, бояд 61 миллион адад китобро дар истифодаи мактабиён қарор бидиҳад. То ҳол, мегӯянд мақомот, нисфи ин шумори китобҳо ба дасти хонандаҳо расидааст.

Хабари оташ зада шудани китобҳои дарсӣ чанд рӯз аст вирди забони мардум ва мақомоти Афғонистон шудааст. Абдулазиз, як сокини шаҳри Кобул дар сӯҳбат бо Радиои Афғонистон Озод дар ин замина гуфт:

"Воллоҳ, ин кори хуб нест. Ҳар гуна китобе, ки бошад, атфол мехонанд, калонсолон мехонанд. Китоб аст, ки одам як чизе ёд мегирад".

Шогирди синфи чори як мактаби маҳаллӣ Забеҳулло низ нороҳатии худро аз ҳодисаи оташсӯзии китобҳо баён карда гуфт:

"Китобҳоро насӯзанд… гуноҳ дорад. Мо аз он сабақ ёд мегирем, агар он бисӯзад, мо аз ҳар чиз мемонем".

Вазири маорифи Афғонистон ваъда дод, ки ҳарчанд дар шароити кунунӣ чопи дубораи китобҳо барои мактабҳои Қандаҳор кори осон нест, аммо ҳукумат ҳатман ин камбудиро ҷуброн хоҳад кард. Вай гуфт, мояи таассуфи вай ҳоло бештар ин аст, ки гурӯҳҳои мухолифи давлат ва Толибон солҳои охир бештар шогирдони мактаб ва мударрисону омӯзгоронро ҳадафи ҳамлаҳои худ қарор медиҳанд. Муҳаммаданӣ Фатмар гуфт, ки дар муқоиса бо соли гузашта имсол талафоти ҷонии миёни аҳли дарсу мактаб бештар шудааст.

"Аз моҳи ҳамал то охири асади соли гузашта беш аз 75 нафар дар кишвар ба шаҳодат расиданд. Соли ҷорӣ мизони умумии талафоти мо ба маротиб бештар аст назар ба солҳои гузашта. Ва иллаташ ҳам тағйири аҳдофи тактикии душманони ватан аст, ки онҳо ҳоло мустақиман ба куштани шогирдон ва муаллимини мо камар бастаанд".

Дар панҷ соли ҳукмронии Толибон дар саросари Афғонистон куллия мактабҳои дунявӣ баста шуда, духтарону занон аз таҳсил дур карда шуданд. Баъди суқути ҳукумати Толибон ва шурӯи муборизаи зиддитеррор дар Афғонистон соли 2001, ки ба он нирӯҳои байналмилалии посдори сулҳ ва НАТО ҷалб шуданд, гурӯҳҳои норозӣ аз ҳукумати Ҳомиди Карзай пайваста алайҳи афроду сохторҳои тарафдори давлат мубориза мебаранд.

XS
SM
MD
LG