Оҷонси ҳамоҳангсози кӯмакҳо ба Афғонистон, ки наздики 10 созмони маҳаллӣ ва байнулмилалии ғайридавлатиро муттаҳид мекунад, мегӯяд, теъдоди бомбгузориҳо, ҳамалоти ҷангиён ва соъир мавридҳои хушунат дар Афғонистон дар соли ҷорӣ назар ба ҳамин давраи соли гузашта тахминан 50 дарсад бештар шудааст. Эътилофи созмонҳои имдодӣ бар пояи гузоришҳо расида мегӯяд, хушунатҳо дар Афғонистон дар соли ҷорӣ 2500 кушта бар ҷой гузоштаанд ва аз ин шумор тақрибан 1000 нафар афроди ғайринизомӣ будаанд.
Оҷонси ҳамоҳангсози кӯмакҳо ба Афғонистон, мавсум ба ACBAR, рӯзи ҷумъа бо нашри як баёния аз афзоиши ҳалокати мардуми ғайринизомӣ ва бештар шудани шумори ҳамалот алайҳи кормандони созмонҳои имдодӣ дар зарфи моҳҳои ахир дар Афғонистон изҳори нигаронӣ кардааст.
Созмонҳои имдодӣ мегӯянд, дар соли ҷорӣ дар Афғонистон ҳудуди 1000 нафари ғайринизомӣ кушта шудаанд. Бахши аъзами онҳо дар асари ҳамалоти ҷангиён ҷони худро аз даст додаанд, вале шуморе ҳам – дар натиҷаи ҳамалоти ҳавоии нирӯҳои байналмилалӣ. Танҳо дар як моҳи июли соли равон дар Афғонистон 260 нафари ғайринизомӣ кушта шудаанд, ки ба гуфтаи эътилофи ACBAR, дар ҳеҷ моҳе аз поёни соли 2001 ба ин сӯ, яъне аз замони вуруди нирӯҳои байналмилалӣ ба ин кишвар ва суқути давлати Толибон, чунин теъдоди бузурги қурбониёни ғайринизомӣ мушоҳида нашудааст.
Ва феълан созмонҳои кӯмакрасон ҳарчӣ бештар ҳадафи ҳамалоти ҷангиён қарор гирифта, танҳо дар 7 моҳи аввали соли ҷорӣ дар Афғонистон 19 корманди муассисаҳои имдодӣ кушта шудаанд, ки назар ба тамоми соли гузашта бештар будааст.
Эътилофи созмонҳои имдодӣ ҳушдор дода, ки нигарониҳои амниятӣ созмонҳои кӯмакрасонро ба коҳиш додани фаъолиятҳояшон дар Афғонистон маҷбур мекунад ва ин дар ҳолест, ки беш аз 4 миллион нафар аз мардуми афғон дар як шароити ниҳоят сангин ба сар мебаранд ва хушксоливу фақр ва нархҳои осмонбӯс миллионҳо нафарро ҳамчунон дар панҷаи ниёзмандӣ ба кӯмаки башарӣ нигоҳ медорад.
Анҷадӣ Бир, мудири дафтари ACBAR дар Кобул мегӯяд, фаъолияти созмонҳои ғайридавлатӣ ҳатто дар манотиқи дар гузашта амн мушкил шудааст:
“Вазъ дар манотиқи шимол, шимолу ғарб ва маркази Афғонистон як андоза собит буд. Хушксолӣ, барои мисол, махсусан шимол – вилоёти Бодғис, Фароҳ ва Қундузро асобат кардааст. Ва мо шоҳиди беамниятие ҳастем, ки албатта, дастрасии моро хеле маҳдуд мекунад. Мушкили дигар ин аст, ки созмони мо мехоҳад ба хотири захира барои зимистони дарпешистода маҳсулоти ғизоӣ таҳвил диҳад, вале бисёре аз корвонҳои мо ҳадафи ҳамла қарор мегиранд, ки ин эҳтимоли камбуди бузург дар захираи ғизоиро пеш овардааст.”
Ин эътилофи созмонҳои имдодӣ аз ҳамаи ҷонибҳои зидахли низоъ дар Афғонистон даъват кардааст, байни аҳолии ғайринизомӣ ва силоҳбадастон фарқ гузошта, ҳеҷ гоҳ аз мардуми осоишта ба ҳайси сипар истифода накунанд. Эътилоф аз ҳамаи ҷонибҳо ҳамчунин хостааст аз ҳамла ба кормандони муассисаҳои кӯмакрасон ва ниҳодҳои тиббӣ худдорӣ варзанд.
СММ низ дар вокуниш ба баёнияи эътилофи ACBAR гуфтааст, афзоиши хушунатҳо ва коҳиши мизони амният дар Афғонистон ба кайфияти амалиётҳои муассисаҳои ин созмон низ таъсири манфӣ гузоштааст ва дар ин авохир дасти кам 12 корвони ёриҳои башарии Созмони Милал дар Афғонистон ҳадафи ҳамлаи ҷангиён ва ё гурӯҳҳои ҷиноӣ қарор гирифтааст.