Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷаҳон аз Толибон шикаст мехӯрад?


Осиф Алӣ Зардорӣ - раиси Ҳизби мардумии Покистон, ки баъд аз сӯиқасди моҳи декабри соли гузашта ба ҷони ҳамсараш Беназир Бҳутто раиси ин ҳизб интихоб шуд, дар як мусоҳибаи ихтисосӣ ба Би Би Си гуфтааст, ки Покистон ва ҷаҳон дар набард бар зидди терроризм дар ҳоли шикаст хӯрдан аст.

Бо назардошти ҷанг бар зидди Толибон ва терроризм вай ҳушдор додааст ва гуфтааст: "Ин шӯриш аст ва ин кишвари мост ва мо аз кишвари худ дифоъ мекунем". Вай афзудааст, "Ҷаҳон дар ҷанг дар ҳоли шикаст хӯрдан аст. Ман фикр мекунам, ки онҳо, яъне Толибон воқеан дасти боло доранд".

Ин изҳороти Осиф Алӣ Зардорӣ дар ҳоле садо медиҳад, ки Ҳизби мардумии Покистон вайро барои интихоботи 6-уми сентябри раёсати ҷумҳурии Покистон номзад пешбарӣ кардааст. Оқои Зардорӣ 55-сол дорад. Вай дар Покистон шахсияти зиддунақиз аст ва солҳо бо даъвоҳо дар бораи ришвахориаш мубориза бурдааст ва ба ҳамин ҷурм 8 солро дар зиндон сипарӣ кардааст. Ба ин далел, баъзе аз ҷонибдорони Беназир Бҳутто мегӯянд, ки оқои Зардорӣ - номзади мақоми раёсати ҷумҳурӣ аз эътибори чандоне бархурдор нест.

Раисҷумҳури Покистонро тибқи қонун намояндагони порлумон интихоб мекунанд ва ҳоло дар порлумон Ҳизби мардумии Покистон ва ҳизби Навоз Шариф - нахуствазири пешин бо ду ҳизби дигари камшумор дар як эътилоф қарор доранд. Ҳизби Навоз Шариф дар ин эътилоф дуввумин ҳизби бузург ба шумор меравад. Рузи 25 август ин ҳизб таҳдид кард, ки агар қозиёни додгоҳ дубора ба мақомҳои пешини худ барнагарданд, аз эътилоф хориҷ хоҳад шуд. Ин қозиёнро Парвиз Мушарраф - раисҷумҳури пешин аз мақомҳояшон барканор карда буд. Аммо ҳизби ҳоким мегуяд, ки Навоз Шариф ва ҳизбаш дар марҳалаи кунунӣ бояд бештар ба руйдодҳои ахири Покистон таваҷҷӯҳ кунанд, на ба бозгардонидани қозиёни додгоҳ ба мақомҳои пешин.

Фақат дар як ҳафтаи гузашта дар бомбгузориҳои мухталиф ҳудуди 100 нафар кушта шуданд ва рӯзи душанбе, 25 август ҳукумати Покистон эълон кард, ки фаъолияти гурӯҳи "Таҳрики Толибон"-ро, ки ҳомии аслии тундравҳои Толибон дар Покистон мебошад, мамнӯъ эълон кардааст. Ҳоло коршиносон мегӯянд, ки Ҳизби мардумии Покистон ба раҳбарии Осиф Алӣ Зардорӣ намехоҳад қозиёни додгоҳро низ дар мақомҳояшон барқарор кунад, зеро имкон дорад, ин қозиён санади афви Осиф Алӣ Зардориро бекор кунанд. Бо вуҷуди ин, баъзеҳо пешгуӣ мекунанд, ки мумкин аст, оқои Зардорӣ 6-уми сентябр дар иҷлоси порлумон раисҷумҳури ояндаи Покистон интихоб шавад.

XS
SM
MD
LG