Сержанти хурди нерўҳои мусаллаҳ Обид Қаюмов шоми 24-ум ба 25-уми май дар аснои посбонии шабонарўзии қисми ҳарбӣ аз тири силоҳи оташфишон ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, ва бо захмҳои сангин ба бемористони марказии ноҳияи Ҷомӣ интиқол дода шуд. Пизишкони бемористон пас аз ҷарроҳии сарбози тирхўрда вазъи сиҳҳатии ўро сангин ва нигаронкунанда арзёбӣ мекунанд. Мақомоти додситонии низомии Хатлон ба таҳқиқи ҳодиса пардохтаанд, аммо то ҳанўз фарзияи расмии онро эълом карда наметавонанд. Ривоҷиддин Назаров, муфаттиши аршади додситонии низомӣ, бо таъйиди ин хабар ба радиои Озодӣ гуфт:
«Мо ҳоло аз рӯйи чанд фарзия ҳодисаи мазкурро таҳқиқ мекунем. Аввалан, ин ки шояд Қаюмов бо нафаре аз ҳамхидматонаш баҳсу талош карда ва ё дар натиҷаи муносибати беэҳтиётона бо силоҳ захмӣ шудааст. Фарзияи дигар ин аст, ки сержанти хурд бо қасди гурез аз хидмат қасди худкушӣ кардааст. Ҳамзамон, мо ин фарзияро низ сарфи назар намекунем, ки шояд дар пайи тазйиқу фишори фармондеҳони воҳиди низомияш сарбоз ба ин кор даст задааст. Агар ин фарзия собит шавад, ҳатман масъулинаш ба муҷозот кашида хоҳанд шуд. Аммо танҳо пас аз ин ки худи сарбоз ба ҳуш биёяд ва нишондод бидиҳад…»
Дар ду моҳи қабл ҳодисаи аввали худсўзии сарбозе дар воҳиди низомии 87 740-и мустақар дар ноҳияи Ҷомӣ ба қайд гирифта шуд, ки дар пайи ҷароҳатҳои сангин дар бемористон ба ҳалокат расида буд. Ахиран, додгоҳи низомии Хатлон афсари аршади ҳамин воҳиди низомии вазорати дифоъ Дилшод Чўпоновро танҳо бо иттиҳоми бидуни иҷоза берун рафтани сарбоз аз ҳудуди воҳиди низомӣ, ба 6 моҳи зиндон маҳкум кард. Ва аммо пайвандони сарбози кушташуда бо ҳукми додгоҳ мухолиф буда, қумандони воҳиди низомиро дар таҳрики фарзандашон ба худсўзӣ муттаҳам кардаанд.
Таҳлилгарони маҳаллӣ сар задани якбора ду ҳодисаи сўйиқасд ба ҷони худи сарбозон ва ин ҳам танҳо дар як воҳиди низомиро пайомадҳои фишори равонӣ, муддавом таҳти таҳқиру озори ҷисмонӣ қарор гирифтану ба меҳнати иҷборӣ ҷалб шудани сарбозон ва камбуди ғизо дар воҳидҳои низомӣ унвон мекунанд. Аммо мақомоти додситонӣ дар ин иртибот назари андаке мухолиф доранд. Ривоҷиддин Назаров, муфаттиши додситонии низомии Хатлон:
«Бисёре аз ҷавонони имрӯза ба хидмати низомӣ омода нестанд, чун дар мактабҳо тамрин накардаанд ва дар оила низ ба истилоҳ, эрка тарбия шудаанд. Ҳамчунин дар гузашта чунин буд, ки сарбозони пештар ба воҳиди низомӣ омада ба сарбозони нав муносиботи ғайриоинномавӣ мекарданд ва сарбозон низ илоҷи раҳоӣ аз ин вазъро дар худкушию худовезӣ медиданд. Дар артиш тартибу низом ҳаст, сарбоз бояд субҳи барвақт бихезад, дар вақти муайян хӯрок хурад, машқ кунад, фармони қумандонҳоро иҷро намояд. На ҳама ҷавонони имрӯза тобу тоқати чунин шароитро доранд…»
Бо ин ҳама мақомоти додситонӣ низ иқрор мекунанд, ки мавориди таҳрик додан ба худкушии аскарони артиши миллӣ дар ҷануби Тоҷикистон дар ин авохир зиёд ба мушоҳада расида ва боиси нигаронӣ шудааст. Қонунгузории Тоҷикистон мегўяд, дар сурати собит шудани гуноҳи афроде, ки дар таҳрики сарбозон ба худкушӣ муттаҳам мешаванд, онҳоро ҷазои аз 10 то 12 соли зиндон интизор хоҳад буд.