Дар сабқати мардон устоди варзиш Рашид Ҳусейнов бо касби 9 имтиёз (аз 11 холи имконпазир) ба унвони қаҳрамони шатранҷи Тоҷикистон дар соли 2008 даст ёфт.
Устоди байнулмилалӣ Ҷамшед Исоев ва устоди FIDE Соиб Ҷӯраев 8,5-имтиёзӣ ба даст оварданд. Аз рӯи натоиҷи изофӣ Исоев дар ҷои дувум ва Ҷӯраев дар ҷои севум қарор гирифтанд.
Устодони байнулмилалӣ Суҳроб Ҳамдамов бо касби 8 имтиёз ва Анвар Назаров бо касби 7 имтиёз дар байни 5 нафар шатранҷбозони беҳтарин ҷойгир шуданд.
Дар сабқати занон се нафар шатранҷбозон 9-имтиёзӣ гирифтанд. Аз рӯи натоиҷи изофӣ Шаҳноза Умарова соҳиби ҷои аввал гардид. Надежда Антонова ҷои дувум ва Марворид Насриддинова ҷои севумро касб карданд.
Инчунин Саодат Одинаева ва Асила Муҳтоҷева бо касби 7, 5-имтиёзӣ ба қатори 5 нафар беҳтарин шатранҷбоззанони кишвар дохил шуданд.
Бар асоси натоиҷи ниҳоии ин мусобиқа даҳ нафар беҳтаринҳо (5 мард ва 5 зан) дар ҳайъатҳои дастаи мунтахаби Тоҷикистон шарафи кишварро дар Олимпиадаи умумиҷаҳонии шатранҷ, ки моҳи ноябри соли ҷорӣ дар шаҳри Дрездени Олмон доир мегардад, ҳимоя хоҳанд кард.