Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ҲДТ-и Искандаров ба Додгоҳи Олӣ шикоят бурд


ҲДТ-и Искандаров дар робита ба мутаваққиф кардани фаъолияти ин ҷиноҳ аз сӯи додгоҳи Исмоили Сомонӣ ба Додгоҳи Олӣ шикоят бурд.

Ҳарчанд Раҷаби Мирзо, раиси созмони ҲД-и Искандаров дар Душанбе гуфт, баъид медонад, ки ин моҷаро дар додгоҳ ба нафъашон анҷом шавад.

Рӯзи гузашта масъулони додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ дари қароргоҳи марказии ҲД-и Искандаров мӯҳр заданд. Ба иддаои додгоҳи Исмоили Сомонӣ, ин ҷиноҳи ҲД ҳозир нашудааст, довталабона ҳалномаи додгоҳро иҷро кунад ва амволу аснод, ҳамчунин мӯҳри ҲД-ро ба раёсати ин ҳизб, ҷиноҳи Масъуд Собиров, ки аз сӯи Вазорати адлия сабтином шудааст, таҳвил бидиҳад.

Моҷарои ҲД ба чанд соли ахир ба даврони қабл аз интихоби раисҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2006 бармегардад. Муҳаммадрӯзӣ Искандаров, раиси ин ҳизб дар гузашта, ки қасди пешниҳоди номзадии худ ба мақоми раисҷумҳуриро дошт, мавриди таъқибу фишори мақомоти амниятӣ қарор гирифт ва ба иттиҳоми сирқати амволи давлат ва аъмоли террористӣ ба 23 сол зиндон маҳкум шуд. Созмонҳои байнулмилалии ҳуқуқи башар ба ин иттиҳомоти ироашуда шак доранд ва қарор аст, ин парванда аз сӯи СММ низ баррасӣ шавад.

Ба гуфтаи профессори ҳуқуқ, Шокирҷон Ҳакимов, давлат бо истифода аз ин моҷаро ҲД-ро ба ду ҷиноҳ қисмат кард. Профессор Ҳакимов далели дар ин шабу рӯз мутаваққиф кардани ҲД-и Искандаровро ба ошкорбаёнии ин ҷиноҳ дар мавриди масоили доғ вобаста медонад.

Ба эътиқоди Раҷаби Мирзо, раиси созмони ҲД-и Искандаров дар Душанбе, ин ҷиноҳ ба ҳеҷ ваҷҳ ба ҷиноҳи Масъуд Собиров, ки ба гуфтаи ӯ, аз сӯи давлат ташкил шудааст, нахоҳад пайваст ва фаъолияти онҳо бо мӯҳр задани қароргоҳи ҳизб аз сӯи додгоҳ низ хулоса нахоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG