Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳи олӣ: Дар Тоҷикистон зиндонии сиёсӣ нест


Нусратулло Абдуллоев
Нусратулло Абдуллоев

Додгоҳи олии Тоҷикистон таъкид мекунад, ки дар зиндонҳои ин кишвар ҳеҷ як маҳбуси, ба истилоҳ, сиёсӣ, нигаҳдорӣ намешавад.

Ин ҳам дар ҳолест, ки коршиносону ҳуқуқдонони мустақил бо пахши баёнияҳо борҳо аз будубоши наздик ба 1000 маҳбуси сиёсӣ дар зиндонҳои кишвар хабар дода ва гуфтаанд, тақрибан ҳар 9-умин маҳбус дар Тоҷикистон бар асоси ангезаи сиёсӣ маҳкум ба зиндон шудааст.
Дар баробари иддаъоҳои коршиносону ниҳодҳои байнулмилалии нозири ҳуқуқ, ки аз мавҷудияти маҳбусини сиёсӣ дар Тоҷикистон дарак медиҳанд, Додгоҳи олии Тоҷикистон ин иддаъоҳоро қатъиян рад намуд. Дар мулоқоти раёсати Додгоҳи олии Тоҷикистон бо расонаҳои хабарӣ Зафар Азизов, узви ҳайъати мушовараи ин додгоҳ гуфт, ки дар қонунгузории Тоҷикистон ҷавобгарии ҷиноӣ барои ақоиди сиёсӣ пешбинӣ нашудааст: «Зимнан ҳеҷ парвандаи, ба истилоҳ, сиёсиро додгоҳи олии кишвар баррасӣ накардааст ва чун мафҳуми «маҳбуси сиёсӣ» ва ин гуна банде дар кодекси ҷиноӣ вуҷуд надорад, намешавад расман гуфт, ки маҳбуси сиёсӣ дар Тоҷикистон ҳаст ё нест, ин ба талаботи қонун мувофиқ намеояд».
Дар воқеъ, маҳз оқои Азизов қозии мурофиъаи додгоҳии Муҳаммадрӯзӣ Искандаров дар соли 2005-ум буд, ки раиси Ҳизби демократи Тоҷикистонро барои 23 сол равонаи зиндон кард. Додгоҳи олӣ мегӯяд, парвандаи Искандаров хислати сиёсӣ надошт, аммо демократҳои тоҷик бар ин назаранд, ки сарвари онҳо пас аз эъломи тасмимаш дар бораи ширкат дар интихоботи раёсатҷумҳурӣ дар соли 2006 ба зиндон андохта шуд. Раҳматулло Валиев, муовини раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон (ҷиноҳи М. Искандаров), дар ин иртибот гуфт: «Мо ду маротиба расман изҳорот додем, ки парвандаи ҷиноӣ нисбат ба Искандаров тақаллубист ва ӯ айнан маҳбуси сиёсист. Ӯ ғайриқонунӣ дар Маскав боздошт ва ба Душанбе интиқол шуд. Ин ҳам як далели сиёсӣ будани парвандаи раиси ҲДТ аст».
Камтар аз ду соли қабл Раҳматилло Зойиров, раиси Ҳизби сосиал-демократи Тоҷикистон, барои нахустин бор аз нигаҳдории 1000 маҳбуси сиёсӣ дар зиндонҳои Тоҷикистон сухан кушод ва ҳабси лидери демократҳо Муҳаммадрӯзӣ Искандаров, сиёсатмадори дигарандеш Рустам Файзиев, вазири собиқи умури дохила Ёқуб Салимов ва чанд узви фаъоли ҳизбҳои мухолифро мисол овард.
Дар мавриди Ёқуб Салимови зиндонӣ, ки ахиран пайвандону вакилони мудофеъаш аз нигаҳдории тақрибан сесолаи ӯ дар боздоштгоҳи муваққат изҳори нигаронӣ карданд, додгоҳи олӣ бар ин аст, ки вазири пешини дохила дар муассисаи адои ҷазои шумораи 1-и Душанбе нигаҳдорӣ мешавад, на дар боздоштгоҳи муваққат. Нусратулло Абдуллоев, раиси Додгоҳи Олии Тоҷикистон: «Сару садоҳо дар мавриди ин ки гӯиё аз номи Ёқуб Салимов ба додгоҳи олӣ шикояте расидааст, бепоя мебошанд. Мо то ҳол ҳеҷ номае аз ӯ дарёфт накардем ва ӯ тибқи ҳукми додгоҳ дар муассисаи ислоҳӣ адои ҷазо мекунад ва нигаҳдории ӯ дар он ҷо қонунист».
Ҳарчанд мақомоти Тоҷикистон мавҷудияти маҳбусони сиёсӣ дар кишварро рад мекунанд, вале коршиносон мегӯянд, чунин зиндониён аксаран бо иттиҳомоти ғайрисиёсӣ, аммо бо ҳадафҳои сиёсӣ боздошт ва зиндонӣ шудаанд. Ба эътиқоди онҳо, ҳақиқати масъала замоне ошкор мешавад, ки Тоҷикистон ба созмонҳои байнулмилалии дифоъ аз ҳуқуқ имкони боздид аз маҳбасҳо ва гуфтугӯ бо зиндониёнро бидиҳад.
XS
SM
MD
LG