Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳбари ҲДТ дар бораи иродаи сиёсии порлумон


Ҷумъабой Ниёзов, иҷрокунандаи вазифаи раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон, болоравии иродаи сиёсии вакилони порлумони кишварро муҳим арзёбӣ кард.

Ҷ. Ниёзов аз ҷумла гуфт, ки зуҳури иродаи сиёсии порлумонро, ки ба соқит намудани шарти хариду фурӯши замин аз қонун «Дар бораи ипотека» пофишорӣ кардааст, дар соли 2007 барои Тоҷикистон воқиъаи муҳимми сиёсӣ аст.
Ӯ ҳамчунин таъкид намуд, ки ин амали вакилони мардумӣ зуҳури нисбии мустақилияти порлумони кишвар мебошад ва Ҳизби демократи Тоҷикистон онро дастгирӣ мекнад.
«Мо умед мебандем, ки мақоми қонунгузори кишвар чунин фаъолияти худро дар соли нави 2008 низ идома хоҳад дод» - изҳор намуд Ҷ. Ниёзов.
Ӯ ҳамчунин гуфт, ки асосан тавассути интиқоли маблағҳои муҳоҷирони корӣ зиндагӣ дар Тоҷикистон то ҷое беҳтар шуда истодааст.
Дар шарҳи фаъолияти ҳизбӣ Ҷумъабой Ниёзов хабар дод, ки феълан ӯ ҷонишини аввали раиси ҲДТ ё иҷрокунандаи вазифаи раиси ҳизб мебошад.
Ӯ ҳамчунин иттилоъ дод, ки ҳанӯз 15-уми декабри соли 2007 узви садорати ҳизб ва раиси собиқи шуъбаи шаҳрии ҳизб дар Хуҷанд Файзуллоҳ Файзиев сарвари созмони вилоятии ҲДТ дар суғд интихоб гардид.
XS
SM
MD
LG