Ҳамзамон бозии дигари ин гурӯҳ байни тимҳои Бруней ва Филиппин баргузор мешавад.
Сабқати гурӯҳи «С» дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон бо пирӯзии тими миллии Афғонистон хотима ёфт. Футболбозони Афғонистон, ки бозиро бо тими Бангладеш бо натиҷаи мусовии 0:0 анҷом дода, тими мизбон – Қирғизистонро бо ҳисоби 1:0 мағлуб сохтанд, бо 4 имтиёз мақоми аввалро касб карда, ба марҳалаи ниҳоии Ҷоми даъвати AFC роҳ ёфтанд.
Бад-ин тартиб то имрӯз 6 дастаи ширкаткунандаи сабқати ниҳоӣ муайян шудаанд. Инҳо тимҳои миллии Куриёи Шимолӣ, Туркманистон, Мянмар, Ҳиндустон (мизбони сабқати ниҳоӣ), Шри-Ланка – ғолиби гурӯҳи «А» ва Афғонистон – ғолиби гурӯҳи «С» - мебошанд.
Барои ду роҳхати дигар ба даври ниҳоии Ҷоми даъвати AFC, ки аз 30-юми июл то 10-уми августи соли ҷорӣ дар шаҳри Ҳайдарободи Ҳиндустон баргузор мешавад, 8 дастаи гурӯҳҳои «В» ва «D» талош хоҳанд кард.