Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сербистон Аврупоро интихоб кард


Борис Тадич, раисҷумҳури Сербистон эълон кард, ки ҳизби вай дар интихоботи порламонии кишвараш пирузӣ ба даст овардааст.

Ҳизби раиси ҷумҳур аз Иттиҳодияи Аврупо ҷонибдорӣ мекунад. Борис Тадич ҷонибдоронашро бо ин пирузӣ табрик гуфт:
"Ташаккури бепоён ба ҳамаи шумо. Ин барои Сербистон ва демократия пирузии бузург аст, ин пирузии бузург барои ояндаи Иттиҳодияи Аврупост".

Ҷонибдорони ин ҳизб, ки раҳбарии онро Борис Тадич - раисҷумҳури Сербистон бар уҳда дорад, шаби гузашта баъд аз эълони пирузӣ парчамҳои Сербистон ва Иттиҳодияи Аврупо дар даст ба кучаву хиёбонҳои Белгрод рехтанд ва бо мусиқиву оташакбозӣ ин пирузиро ҷашн гирифтанд.

Аммо Ҳизби Радикол ё Ҳизби Тундрав ба раҳбарии Томислав Николич ҳушдор дод, ки онҳо бо ҳизбҳои дигар эътилоф ташкил медиҳанд ва ҳизби раиси ҷумҳур Борис Тадичро дар ин эътилоф роҳ намедиҳанд. Томислав Николич, ки дар интихоботи раёсати ҷумҳурии Сербистон рақиби Борис Тадич буд, гуфтааст, онҳо бидуни ҳизби раиси ҷумҳур ҳукумати ҷадидро ташкил хоҳанд дод, зеро онҳо аксарияти курсиҳоро дар порламон ба даст овардаанд. Натиҷаҳои ниҳоии интихобот то ҳол мунташир нашудааст.

Аммо манобеъи мустақил мегуянд, ки Ҳизби Демократи Борис Тадич - раиси ҷумҳур 39 дарсади орои интихобкунандагонро аз они худ кардааст, дар ҳоле, ки ҳизби Томислав Николич нисбат ба он даҳ дарсад камтар райъ гирифтааст. Ҳамин манобеъ мегуянд, дар сурати ташкили эътилоф нируҳои мухолифи раиси ҷумҳур метавонанд бештар аз панҷоҳ дарсадро ташкил диҳанд.

Иттиҳодияи Аврупо аз пирузии қобили мулоҳизаи ҳизби раисҷумҳур, яъне ҳизби ҷонибдори Иттиҳодияи Аврупо истиқбол кард. Ин иттиҳодия умедвор аст, ки ҳукумати нави Сербистон акнун барномаҳои худро бо назардошти ҳамкориҳои бештар бо Иттиҳодияи Аврупо тарҳрезӣ хоҳад кард, то Сербистон роҳ ба суи узвият дар Иттиҳодияи Аврупоро дар пеш бигирад. Борис Тадич низ дар хитоб ба ҷонибдоронаш гуфт, ҳоло зудтар бояд ҳукумати нав ташкил шавад.

Ба ақидаи таҳлилгарон, натиҷаҳои ин интихобот далели чархиши сиёсӣ дар Сербистон ба шумор меравад. Аммо миллатгароёни Сербистон мехоҳанд бо Русияву Чин, кишварҳои арабиву африқоӣ робитаи қавитар дошта бошанд. Раиси ҷумҳур гуфтааст, дастикам ҳизби вай бояд бо яке аз аҳзоби мухолиф, мисли Сусиёлистҳо ё Либерал Демократҳо барои ташкили эътилоф музокира анҷом диҳад. Ба ақидаи раиси ҷумҳур, ҳизби вай бояд дар ташкили ҳукумати нав нақши аслиро бозӣ кунад.

XS
SM
MD
LG