Масоили доғи мисли эълони якҷонибаи истиқлолияти Косово ва узвияти ин кишвар дар Иттиҳодияи Аврупо дар меҳвари корзори ин интихобот қарор дорад. Дар саҳнаи муборизаҳо ду гурӯҳи аслии сиёсӣ - ҳизби миллатгарои Радикали рӯ ба Русия ва демократҳои рӯ ба Аврупо қарор доранд.
Дар варақаҳои раъдиҳӣ аввал исми ҳизби раиси ҷумҳурӣ Борис Тадич "Барои Сербистони Аврупоӣ" қарор дорад. Ин ҳизб хоҳони узвияти ҳар чи зудтари Сербистон дар ҳайати Иттиҳодияи Аврупо буда, сиёсати хусусигардонии моликияти давлатиро дунбол мекунад. Аз назари Бруссел ҳам Тадич чун як шарики муносиби Иттиҳодияи Аврупо арзёбӣ мешавад, чунки ӯ танҳо раҳбарест, ки ба сербҳо пешниҳод дорад, бар ивази Косово Аврупоро интихоб кунанд.
Дар мавқеи чаҳоруми варақаҳои раъйдиҳӣ, аммо дар ҷои аввали ҳама назархоҳиҳои пешазинтихоботӣ ҳизби Радикали Сербистон қарор дорад, ки қаблан аз ҷониби муассиси он Воислав Шешел раҳбарӣ мешуд. Шешел ҳоло дар додгоҳи байнулмилалии ҷиноёти ҷангии Гаага қарор дорад. Сиёсати аслии ин ҳизб ба ҳамкории баробарвазн бо Ғарбу Шарқ нигаронида шуда, дар айни замон, майл ба ҳамкории амиқтар бо Русия, Чин, давлатҳои Арабӣ ва Амрикои Лотинӣ дорад. Муқобила бо фасоду ришват аз муҳимтарин ҳадафҳояш гуфта мешавад. Ин ҳизб ҷонибдори ашадии якпорчагии қаламрави Сербистон буда, шиори "Косовову Метровитса - қалби Сербистон"-ро ба забон меорад.
Ва ниҳоят, Ҳизби демократии Воислав Коштунитса, раиси ҷумҳурии Югославияи собиқ ва касе, ки Милошевичро дар интихоботи соли 2000 мағлуб кардааст, дар мавқеи дигари марказии интихоботӣ қарор дорад. Ҳизби таҳти раҳбарии вай ҷонибдори тамомияти арзии Сербистон бо шумули Косово дар ҳайати ин кишвар мебошад. Баъди эълони истиқлолияти Косово, ҳизби Коштунитса тамаркази худро болои ислоҳот аз даст дода, ба яке аз мунаққидони Ғарб табдил шуд. Ҳоло мегӯяд, ки ҷонибдори эҷоди равобити наздиктар бо Маскав буда, хоҳони он аст, ки қабл аз баррасии масоили узвияти Белград дар ҳайати Иттиҳодияи Аврупо, болои Бруссел фишори бештар оварда шавад, то ки ба қавли вай, аз ду яке - Косово ё Белградро интихоб кунад.
Барои роҳ ёфтан ба парлумони Сербистон, ки танҳо аз як маҷлис иборат аст, садҳо номзад аз 12 ҳизби сиёсии ин кишвар талош доранд. Маҷлиси ин кишвар аз 250 курсӣ иборат аст ва танҳо бо дарёфти 5 дар сади раъйи мардум ҳизб ҳақи шомил шудан ба парлумонро ба даст меорад. Ҳизбе, ки ба бурдани раъи бештар даст меёбад, метавонад дар эътилоф бо дигар ҳизбҳо, ҳақи ташкили ҳукуматро ба даст оварад.
Аммо феълан пешгӯӣ мешавад, ки ба эҳтимоли ғолиб, ҳеҷ як аз ин нерӯҳо аксарияти зарурии раъйҳоро барои ташкили ҳукумат ба даст нахоҳад овард ва ҷониби дорои овозҳои бештар зарурати ташкили эътилоф бо ҳизбҳои дигари аъзои парлумон пеш меояд.