Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ошӯбҳо дар Митровитса


Митровитса, 17-уми марти соли 2008
Митровитса, 17-уми марти соли 2008

Бар асари хушунатҳо дар шаҳри Митровитсаи Косово даҳҳо корманди пулиси байнулмилалӣ ва нерӯҳои таъмини сулҳ ҷароҳат бардоштаанд.

Шореҳон ин ҳодисаро бузургтарин эътирози ақаллияти сербтабори Косово дар пайи эълони якҷонибаи истиқлоли он аз Сербистон арзёбӣ мекунанд. Полиси СММ маҷбур шуд нерӯҳояшро аз қисмати сербтабори шаҳри Митровиса берун кунанд.
Ошӯбҳо баъд аз он ба амал омадаанд, ки пулиси СММ кӯшиш кард, то бинои додгоҳи СММ-ро аз сербҳои онро забткарда озод намоянд. Эътирозгарон бинои додгоҳро ҳанӯз 14 март ба тасарруфи худ дароварда буданд. Сербҳои собиқ кормандони додгоҳ талаб доштанд, ки онҳоро дар мақомҳояшон барқарор кунанд. Дар ҳамин ҳол ошӯбгарон ба сӯи нерӯҳои байнулмилалӣ сангпора ва гулӯлаҳои дорои гази ашковар партоб мекарданд.

Пулис низ дар муқобили онҳо аз гази ашковар истифода кардааст.
Дар задухӯрдҳо бо ошӯбгарон дастикам 500 корманди пулиси СММ, ки, ба гуфтаи мақомот, аксарияташон шаҳрвандони Украина буданд, ширкат намудаанд.

Сухангӯи нерӯҳои лаҳистонии СММ Мариуш Соколовскӣ дар Варшава иттилоъ дод, ки ҳадди ақалл 27 тан за захмиён аз ҳайъати лаҳистонии пулиси байнулмилалӣ буд. Вай афзуд ки ошӯбгарон ба кормандони бо истифода аз сангу гулӯлаҳои таркандаи худсоз ва эҳтимолан силоҳи оташфишон ҳамла кардаанд.
Ин ҳам дар ҳолест, ки вазири умури дохилаи Украина Юрий Лутсенко ба хабарнигорон гуфт, ки 14 узви нерӯҳои таъмини сулҳи Украина дар натиҷаи ҳамла бо истифодаи гулӯлаҳои дастӣ ҷароҳат бардоштаанд.

Сухангӯи пулиси Косово Ветон Элшанӣ ба радиои “Озодӣ” гуфт, ки сабаби аслии сар задани ин ошӯбҳо тасмими берун кардани нерӯҳои пулиси маҳаллӣ аз Митровиса будааст.
Ба гуфтаи коршиносон, яке аз бадтарин пайомадҳои имконпазир ин тақсимшавии Косово аз рӯи раддабандии қавмӣ мебошад, чунки чунин ҳолат ҳамаи нерӯҳои ҷудоихоҳи бунёдиро, ки дар саросари минтақа вуҷуд доранд, хоҳад ангехт.

ар ҳоле ки Иттиҳодияи Аврупо хостори хотима бахшидан ба хушунатҳо шудааст, Русия даъват кард, то гуфтушунидҳои байнулмилалӣ дар бораи мақоми Косово аз сар гирифта шаванд. Раисиҷумҳури Сербия Борис Тадич ба СММ ва Нерӯҳои мусоидат ба Косово муроҷиат намуда, талаб намуд, ки аз истифодаи нерӯи беш аз андоза худдорӣ кунанд.
XS
SM
MD
LG