Ин матлаб имрӯз дар нишасти муштараки комиссиюни байниҳукуматии Тоҷикистон ва Олмон дар Душанбе баён гардидааст. Аз соли 2002 бад-ин сӯ Олмон ба маблағи сад миллион евро ба Тоҷикистон кӯмак кардааст.
Дар нишасти коммисиюни байниҳукуматии Тоҷикистону Олмон, ки дар Душанбе баргузор гардид, Ролф Балдус – як масъули вазорати равобити иқтисод ва рушди ҳукумати Олмон дар умури Осиёи Марказӣ ва Қавқози ҷанубӣ гуфт, танҳо дар доираи ду барнома Олмон ба Тоҷикистон дар маҷмӯъ ба маблағи 25 миллион евро кӯмак хоҳад кард, ки то ҳамин акнун бархе аз ин маболиғ дастраси ҷониби Тоҷикистон қарор гирифтааст.
Қисме аз ин маболиғ ба арсаи омӯзишу парвариш ва беҳдоштӣ, аз ҷумла, бозсозии макотиб ва тармиму бунёди бемористонҳо ва ҷилавгирӣ аз бемории сил, тарбияти мутахассисон ва такмили тахассуси онҳо масраф хоҳад шуд.
Аммо он чи ки барои тармим ва бозсозии нерӯгоҳи Норак масраф мешавад, маблағи изофист. Зеро тармим ва навсозии ин нерӯгоҳ дар ду соли ахир тавассути мутахассисони олмонӣ ва сармояи ин кишвар идома дорад.
Неругоҳи Норак аз бузургтарин нерӯгоҳҳои обии барқи Тоҷикистон аст, ки бештари тавлидоти онро корхонаи арзиз мавсум ба Талко истифода мекунад. Ба иттилоъи манобеъи расмӣ, обанбори ин нерӯгоҳ бар асари таҳшиншавии гил ва хок гунҷоиши пешинаи худро аз даст дода, ва дар сурати саривақт ислоҳ накардани вазъ ба эҳтимоли зиёд дастгоҳҳои он низ хароб мешавад. Аз ин рӯст, ки мутахассисони олмонӣ дар ду соли ахир ба тармим ва бозсозии он пардохтаанд.
Зимнан Олмон аз кишварҳои нахустини ғарбист, ки бо Тоҷикистон равобити дипломатӣ барқарор кардааст. Аммо инкишофи равобити ин ду кишвар баъди ҳаводиси сентябри соли 2001-и Амрико ва вуруди неруҳои Паймони атлантики шимолӣ ҷиҳати мубориза бо Толибон ба Афғонистон бештар шудааст. Тоҷикистон ҳарими ҳавоӣ ва фурудгоҳи худро ба ихтиёри кишварҳои ғарбӣ, минҷумла Олмон вогузор кард. Дар ҳоли ҳозир, дар Тоҷикистон бархе аз ширкатҳои муштарак бо Олмон фаъолият мекунанд, ки умдатан ба тавлиди масолеҳи сохтмонӣ, истеҳсол ва фурӯши консерва аз сабзиҷоту меваҷот ва вуруди техноложии немисӣ машғул ҳастанд.
Мизони табодули коло миёни ин ду кишвар дар соли гузашта 23 миллион долларро ташкил додааст, вале аз соли 2002 бад ин су Олмон бештар аз сад миллион евро ба Тоҷикистон кӯмак кардааст.