Гернот Эрлер, вазири давлатии вазорати корҳои хориҷаи Олмон, дар поёни дидораш бо Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон, гуфт, ки ин мониъаҳо тақрибан дар ҳама кишварҳои Осиёи марказӣ ба мушоҳида мерасад ва аз ҳамин ҷост, ки Иттиҳодия Аврупо дар доираи стротежии нави ҳамкориҳояш бо кишварҳои Осиёи марказӣ мусоъидат дар таъсиси давлати ҳуқуқбунёд ва риъояти ҳуқуқи башарро эътибор хоҳад дод.
Вазири давлатӣ дар умури хориҷаи Олмон ҳамчунин гуфт, ки кишвараш ба тарҳҳои энержии Тоҷикистон таваҷҷуҳ дорад ва аз имкон дур нест, ки бо сармояи ин кишвар нерӯгоҳҳои кӯчаки барқӣ дар Тоҷикистон бунёд шавад. Ӯ афзуд, ки бо дархости ҷониби Тоҷикистон гурӯҳе аз мутахассисони олмонӣ дар амри тармим ва навсозии нерӯгоҳи Норак ширкат карданд, ки мусоъидати молӣ ва фаннии онро низ ҷониби Олмон бар уҳда гирифтааст.
Ҳернот Эрлер зикр намуд, ки бо раиси ҷумҳурии Тоҷикистон барномаҳои ҳамкории Иттиҳодияи Аврупоро дар доираи стротежии нави ин Иттиҳодия барои Осиёи Марказӣ баррасӣ кардааст. Ӯ таъкид кард, ки ин барномаҳо чаҳортоанд, ва якеи он мусоъидат дар рушди давлати ҳуқуқбунёд, дигар барномаҳои омӯзишӣ, барномаи севум таъсиси низоми минтақаии баҳрабадорӣ аз захоири обу энержӣ ва, ниҳоят, барномаи чаҳорум назорат ва ҳифзи марзу низ муқобала бо қочоқи маводди мухаддир мебошад.
Оқои Эрлер иттиллоъ дод, ки барои баргузории як нишасти байнулмилалӣ дар масъалаи назорати марз ва мубориза бо қочоқи маводди мухаддир дар моҳи октябри соли равон дар шаҳри Душанбе ризояти президенти Тоҷикистонро ба даст овардааст.
Тибқи иттиллоъи манобеъи вазорати иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон, мубодилаи коло миёни Тоҷикистон ва Олмон дар соли гузашта ҳудуди 23 миллион долларро ташкил додааст, аз соли 1993 то кунун бошад Олмон ба иқтисоди Тоҷикистон ба андозаи бештар аз 120 миллион евро кумак кардааст.