Дар оғози нома ишора шудааст, ки имсол барои варзишгарони олам, аз ҷумла варзишгарони Тоҷикистон, соли имтиҳони ҷиддист ва то имрӯз 13 варзишгари тоҷик дар 6 навъи варзиш барои ширкат дар Бозиҳои ХХIХ тобистонаи олимпӣ ҳақ пайдо кардаанд.
«Бояд зикр кард, ки солҳои ахир аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар кишвар тадбирҳои судбахш андешида мешаванд. Ва дар давоми се соли ахир чор маротиба афзоиш ёфтани маблағгузории соҳа, бунёди варзишгоҳҳои нав ва тармиму таҷдиди иншооти мавҷудаи варзишӣ аз ҷумлаи чунин тадбирҳо мебошанд. Дар баробари муҳайё намудани заминаҳои меъёрӣ ва ҳуқуқӣ вобаста ба рушди соҳаи варзиш як силсила қарорҳо ва барномаҳои ҳукуматӣ низ қабул шудаанд. Вале бо вуҷуди ин ҳама пешравиҳо, мушкилот дар варзиши тоҷик хеле зиёд аст ва ҳалли масъалаҳо бе кумаку дастгирии ҳамаҷонибаи Президенти кишвар ва Ҳукумати ҷумҳурӣ ғайриимкон мебошад», – омадааст дар номаи саркушода.
Дар ин нома, аз ҷумла, омадааст, ки бо мақсади татбиқи пурсамари сиёсати давлатӣ дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш ва бо истифода аз таҷрибаи кишварҳои ИДМ таъсис додани Шӯрои тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи матлаб аст.
Ба андешаи муаллифи нома, таҷдиди мақомоти идораи давлатӣ дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, яъне ба сохтори нав – Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – табдил додани он, мутаассифона, ба идора ва танзими самаранокии фаъолияти соҳа таъсири манфӣ расонда, барои рушди минбаъдаи варзиш дар кишвар монеъаҳои зиёд эҷод кардааст. Дар нома, аз ҷумла, омадааст, ки фаъолияти мақомоти идораи давлатӣ дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, бахусус, дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ хеле заиф гардидааст ва, бинобар ин, сохтори пешин – Кумитаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – ҷиҳати пешрафти соҳа фаъолияти пурсамартар анҷом хоҳад дод.
Дар нома инчунин омадааст, дар дастгоҳи марказии Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис додани раёсати тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш мувофиқи мақсад аст, зеро ин вазорат аз кори инкишофи варзиш миёни тарбиягирандагони кӯдакистону хонандагони макотиби миёна ва донишҷӯён дар канор мондааст ва мактабҳои варзишии кӯдакону наврасонро, ки феълан дар итоати Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ мебошанд, боз ба Вазорати маориф баргардондан зарур аст. Ҳамчунин Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон, ки аслан муаллимони фанҳои тарбияи ҷисмонӣ ва омодагии ҳарбӣ тайёр мекунад, таъкид шудааст дар ин нома, бояд ба Вазорати маориф бозпас дода шавад.
«Аз ҳисоби варзишгарону мураббиёни маъруф ва кормандони варзидаи соҳаи варзиш пешбарӣ кардани вакилон ба Маҷлиси Намояндагон ва Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, чун дигар кишварҳо, кори манфиатбахш хоҳад буд», – зикр шудааст дар нома.
Ҳамчунин таъкид шудааст, ки : «Дар муддати 15 соли ахир дар Тоҷикистон ягон барномаи давлатии рушди футбол қабул нашудааст. Бинобар ин таҳия ва қабули чунин барнома дар риштаи варзиши шумораи яки кишвар аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ барои 5 – 10 соли оянда зарур аст».
Дар нома ҳамчунин омадааст, ки чун соли олимпии 2008 дар кишвар Соли бузургдошти забони тоҷикӣ эълон шудааст, таъсис додани рӯзномаи «Варзиш» ба забони давлатӣ бо маблағгузории Ҳукумати ҷумҳурӣ мувофиқи матлаб мебошад.