Сардовари ин мусобиқа Сарахон Эмомов ба Радиои Озодӣ гуфт, дар сабқати бузургсолон ҳудуди 150 варзишгар аз манотиқи мухталифи кишвар ширкат доранд, ки миёни онҳо паҳлавонони маъруфи тоҷик, ғолибону ҷоизадорони мусобиқоти ҷаҳониву қитъавӣ, ба монанди Пӯлодҷон Солеҳов, Далер Мусофиров, Санҷар Сарфарозов, Абдулфайз Муллоев ва дигарон ҳастанд.
Мусобиқаи мазкур, ки бегоҳи 30-вуми апрел ба поин мерасад, қаҳрамонҳои нави самбои Тоҷикистонро дар 9 вазн муайян хоҳад кард.