Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Биринҷ ҳукуматҳоро суқут медиҳад


Мардум барои биринҷ дар Индонезия навбат меистанд.
Мардум барои биринҷ дар Индонезия навбат меистанд.

Як тонна биринҷ дар бозори ҷаҳонӣ бо нархи 1000 доллар хариду фурӯш шуд. Гуфта мешавад, қимати он боз гаронтар хоҳад шуд.

Иқтисоддонҳо ҳадс мезананд, ки ин раванд идома хоҳад кард ва шояд мушкили дарёфти ин маводи ғизо боиси гуруснагӣ ва нооромиҳо дар бархе аз кишварҳои олам бигардад. Ба иттилоъи хабаргузориҳо, шурӯъ аз оғози сол қимати биринҷ дар олам ду карат афзоиш ёфтааст. Вазъ ба вижа дар Бангладеш сангин аст, ки барои аксари 130 миллион сокини кишвар биринҷ маводи ғизои аслӣ маҳсуб мешавад. Дар дуконҳои ин кишвар айни ҳол пайдо кардани биринҷ, ҳатто бо қимати басо баланд, ғайримумкин аст.

Филиппин, бузургтарин кишвари содиркунандаи биринҷ имрӯз тавони баровардани фақат сеяки ниёзмандиҳо ба биринҷро дораду халос. Коршиносон мегӯянд, ки дигар кишварҳои содиркунандаи ин маводи ғизо, аз ҷумла, Эрон, Индонезия ва чанд кишвари африқоӣ барои ба бозор баровардани миқдори зарурии биринҷ қодир нестанд. Кишоварзон ва истеъмолкунандагон дар кишварҳои калидии парвариши биринҷ, ба шумули Таиланд ва Вйетнам ин маводи озуқаро захира мекунанд ва ба ин васила қимати онро боз ҳам боло мебаранд.

Мушкил то сатҳе жарф шудааст, ки мақомоти Филиппин гурӯҳи алайҳи пинҳонкунандагони биринҷ таъсис кардаанд. Гуфта мешавад, ки ҳукумати Чин низ мавзӯъи болоравии қимати маводи озуқа, аз ҷумла, биринҷро вазифаи рақами як эълон кардааст.

Ба гуфтаи коршиносон, ин гуна таваҷҷуҳ ба болоравии қимати биринҷ табиист – биринҷ аз маводи аслии озуқаи аксар сокинони қораи Осиё маҳсуб мешавад ва норасоии он воқеъан ҳам метавонад боиси нооромиҳо бигардад. Ҳафтаи гузашта дар кишвари Гаитӣ мардуми болоравии қимати маводи озуқа норозӣ ба майдонҳо рехтанд ва дар ин эътирозҳо дасти кам 7 нафар, як ҷумла, як сарбози посдори сулҳи Созмони Милали Муттаҳид ба ҳалокат расиданд. Ба думболи ин ҷомеъаи ҷаҳонӣ тасмим гирифт, ки ба ин кишвар ба таври оҷил 8 ҳазор тонна маводи ғизо интиқол диҳад. Гаитӣ 80 дар сади биринҷро ба дигар кишварҳо содир мекунад ва айни ҳол анборҳои кишвар холӣ шудаанд.

Таҳлилгарон мегӯянд, ки вазъ дар Осиё ҳанӯз ба ҳадди ниҳоӣ нарасидааст ва аммо бояд дар ёд дошт, ки даромади беш аз як миллиард сокини ин қора ҳамагӣ ду доллар дар як рӯз аст ва идомаи болоравии қимати биринҷ ин мардумро ба хатари гуруснагии шадид рӯбарӯ мекунад.

Ба иттилоъи хабаргузориҳо, Бан Ки Мун, Дабири Кулли Созмони Милали Муттаҳид раёсати нишасти солонаи идораву оҷонсиҳои СММ-ро бар дӯш хоҳад дошт, ки охири ҳамин моҳ дар Швейсария доир мешавад ва дар он рӯи мавзӯъи бӯҳрони сартосарии озуқа тамаркӯз хоҳад шуд. Гуфтам мешавад, ки Дабири Кулли СММ нишасти сарони кишварҳои олам ба хотири пайдо кардани роҳҳои бурун рафтани аз ин бӯҳронро низ доир карданист.

XS
SM
MD
LG