Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазъи нигаронкунандаи маводди ғизоӣ дар ҷаҳон


Вазирони молияи 24 кишвари дунё дар нишасти ахири худ барои поён нигоҳ доштани нархи маводди ғизоӣ хостори андешидани иқдомоти ҷиддӣ шуданд.

Баъди ин нишаст, мудири Сандуқи Байнулмилалии Пул Страусс Кан ҳушдор дод, ки афзоиши идомадори қимати маводди ғизоӣ, бахусус дар кишварҳои дар ҳоли рушд, пайомадҳои ваҳшатноке хоҳад дошт.
Ҳазорон, садҳо ҳазор нафар аз гуруснагӣ азият хоҳанд кашид. Кӯдакон аз суитағзия ё норасоии ғизо ранҷ хоҳанд бурд, ки пайомадҳои манфии он дар ҷараёни тамоми умрашон эҳсос хоҳад шуд.
Мудири Сандуқи Байнулмилалии Пул ба хабарнигорон гуфт, буҳрони норасоии ғизо танҳо як масъалаи башарӣ нест.
Пайомадҳои он чунин хоҳад буд, ки муҳити иқтисодӣ, тавозуни тиҷорат, захираҳои молиро ба ҳам хоҳад зад ва дар поёни рӯз аксари ҳукуматҳо, ки таййи 5 – 10 соли ахир кори хуб карда буданд, мебинанд, ки натиҷаи кори онҳо аз байн рафтааст ва машрӯъияти онҳо дар назди мардум ҳам. Ӯ афзуд, ки оқибатҳои гуруснагӣ ба вазъияти аз ин ҳам бадтар бурда мерасонад: «Аз ин рӯ ин танҳо масъалаи башарӣ нест, ин танҳо масъалаи иқтисодӣ нест, ин масъалаи демократия низ ҳаст. Тавре ки аз гузаштаҳо андӯхтаем, ингуна масоъил гоҳо бо ҷанг хотима ёфтаанд».
Ин ҳам дар ҳолест, ки қимати маводди ғизоӣ дар моҳҳои ахир ниҳоят боло рафт, вазъи ҳавои баъзе кишварҳои барои кишти зироат муносиб набуд ва ҳамчунин истифодаи заминҳои кишт барои тавлиди сӯзишвории биологӣ афзудааст.
Гаронии нархи ғизо дар ин авохир сабаби нооромиҳо дар чанд кишвар шуд. Нахуствазири Ҳаитӣ баъди тазоҳуроти мардум ҷиҳати гарон шудани нархи ғизо ва сӯзишворӣ дар ниҳоят рӯзи шанбе истеъфо дод. Дар Покистон ва Таиланд сарбозонро сафарбар кардаанд, то аз эҳтимоли ғасби зироат ва анборҳои маводди ғизоӣ ҷилавгирӣ намоянд. Акнун имрӯз сиёсатгузорони Бонки ҷаҳонӣ барномаи ҳамоҳангшудаи азим барои ҷилавгирӣ аз қаҳтиву гуруснагиро баррасӣ мекунанд.
Чанд рӯз пеш Роберт Зоелик, мудири ин бонк дар Вашингтон, хостори Созиши нави сиёсати маводди ғизоӣ шуд ва гуфт, ки афзоиши нархҳо натиҷаи 7 соли мубориза бо камбизоъатӣ дар саросари ҷаҳонро аз байн хоҳад бурд.
Танҳо таййи ду моҳ нархи биринҷ то ба ҳадди таърихӣ яъне дар саросари ҷаҳон 75 дарсад ва дар баъзе аз манотиқ бештар аз он боло рафт. Ва зоҳиран боз ҳам гаронтар хоҳад шуд. Ҳоло дар Бангладеш барои ду кило гандум афроди камбизоъат нисфи бештари даромади якрӯзаи худро сарф мекунанд. Болоравии нархҳо бисёр вақт маънии хӯроки кам хӯрданро дорад.
Тибқи арзёбии Муассисаи кишоварзӣ ва ғизои Созмони милалимуттаҳид, дарҳолиҳозир 37 кишвари ҷаҳон ба буҳрони ғизо рӯ ба рӯ ҳастанд ва, ба таъкиди ин созмон, Тоҷикистон даринмаврид вазъи бахусус мушкил дорад.
XS
SM
MD
LG