Аммо болоравии босуръати маводи ғизоӣ мухолифат ба тавлиди маводи сӯхти биологӣ, яъне сӯзишвории бар пояи маҳсули кишоварзӣ тавлидшударо афзоиш додааст. Як мансабдори СММ ин амалро ҷиноят бар зидди башарият номид.
Тақрибан 20% ҷуворимаккаи истеҳсоли ИМА барои тавлиди этанол масраф мешавад. Дар Бразилия, ки бузургтарин содиркунандаи биоэтаноли олам аст, найшакарро ҳамчун ашёи хом дар мавриди сӯзишвории биологӣ истифода мебарад. Дар ҳамин ҳол, Иттиҳодияи Аврупо саъй дорад, то соли 2020-ум 10% нақлиёташро бо истифода аз биоэтанол мутобиқ намояд. Британия бошад, қонунеро ба тасвиб расонд, ки тибқи он дар ҳамаи навъҳои бензину маводи сӯхти дизелӣ бояд ҳадди ақалл 2,5%-ро маводи сӯхти биологӣ ташкил диҳад.
Хулоса, ба назари давлатдорони олами пешрафта, биоэтанол метавонад мушкилиҳои зиёдро рафъ намояд, вале болоравии нархи маводи ғизоӣ ин ақидаро зери шубҳа қарор додааст.
Ҳафтаи равон дар ҷаласаи мушовирони Иттиҳодияи Аврупо вазири молияи Британия Аластаир Дарлинг аз Иттиҳодия даъват кард, ки барномаи истифодаи биоэтанол то соли 2020-умро ба таъхир андозад. Дар ин иртибот гузоришгари умури ғизоии СММ Жан Тсиглер тавлиди саросарии маводи сӯхти биологиро ҷиноят бар зидди башарият номид.
Оё тавлиди сӯзишвории биологӣ ҳалли мушкилист ва ё баръакс сарчашмаи он? Дар ин бора Ҷанет Ларсен аз Интститути Сиёсати замин (Вашингтон), мегӯяд: "Тақозои зиёд ба ғалла, ки барои тавлиди маводи сӯхти мошин истифода мешавад, соли гузашта нархи озуқа боло рафт. нархи гандум ду баробар зиёд шуд. Нархи ҷуворимакка ва соя ҳам баландтар шудааст. Нархи биринҷ бошад ба таври рекордӣ афзоиш ёфтааст. Ин маънои онро дорад, ки мардуми камдаромади кишварҳои воридкунандаи ғалла пулашонро барои бароварди эҳтиёҷоти ғизоӣ нигаҳ доранд".
Мухолифат ба биоэтанол сабаби дигар ҳам дорад. Баъзеҳо мегӯянд, дар муқоиса бо нафту гази табиъӣ партоби гази карбон диоксид аз сӯзишвории биологӣ шояд бештар аст. Ба қавли онҳо аз ҳисоби бурридани ҷангалҳо заминҳои зиёде барои тавлиди маводи сӯхти биологӣ истифода мешаванд.
Котиби давлатии ИМА хонум Кондолиза Райс эътироф мекунад, ки сӯзишвории биологӣ ва бӯҳрони озуқа иртиботе доранд: "Моҳамчунин фикр мекунем, ки бахши бузурги мушкили озуқа бо маводи сӯхти биологӣ робитае надорад. Он ба афзоиши нархи нуриҳои минералӣ ва нақлиёт марбут буда, ба ақидаи мо, сабаби асосии болоравии нарх мебошад."
Ба ин гуфтаҳои мансабдори воломақоми амрикоӣ ҳаминро метавон илова кард, ки аҳолии олам низ афзоиш меёбад ва рӯз то рӯз ғизои беҳтару бештар тақозо мекунад.
Коршинос Макнилӣ мегӯяд, насли аввали маводи сӯхти биологӣ, ки аз ҷуворимаккаву гандум тавлид мешавад, муваффақияти зиёд пайдо накард. Шояд насли дуюми сӯзишвории биологӣ, ки аз коҳу бурё ва дигар навъҳои партоб истеҳсол мешавад, мушкили башариятро ҳал кунад.