Конфедеросиюни футболи Осиё варзишгоҳи «Гачибоули»-и шаҳри Ҳайдарободи Ҳиндустонро макони баргузории сабқати ниҳоии Ҷоми челенҷ кап ё Ҷоми даъвати AFC тасдиқ кард.
Бозиҳои даври ниҳоӣ дар ин ҷо аз 30-юми июл то 10-уми августи соли 2008 баргузор хоҳанд шуд.
16 тими мунтахаби кишварҳои «зуҳурёфта» ба 4 гурӯҳ тақсим шудаанд. Аз ҷумла, дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон дар гурӯҳи «В» бо тимҳои миллии Бруней, Филиппин (мизбони сабқат) ва Бутан рақобат хоҳад кард. Бозиҳои марҳалаи аввал моҳҳои апрел-май доир мегарданд.
Ғолибони гурӯҳҳо ба сабқати ниҳоӣ роҳхат мегиранд ва дар маҷмӯъ 8 даста барои дарёфти Ҷоми даъвати AFC талош хоҳанд кард. Чаҳор тими миллӣ - Кореяи Шимолӣ, Туркманистон, Мянмар ва Ҳиндустон (мизбони сабқат) - ба сурати автоматӣ ба марҳалаи ниҳоӣ хоҳанд расид.
Қаҳрамонҳои Ҷоми даъвати AFC дар солҳои 2008 ва 2010 ба давраи ниҳоии Ҷоми Осиё-2011 дар Қатар роҳхат мегиранд.
Бангладеш – мизбони сабқати гурӯҳи «А»
Баъди он ки Непал, бинобар вазъи ноороми сиёсии дохили кишвар, аз мизбони бозиҳои сабқати гурӯҳи «А» дар Ҷоми раиси Конфедеросиюни футболи Осиё (АFС) даст кашид, Бангладеш ташаббусро ҷиҳати баргузории ин мусобиқа ба даст гирифт.
Ёдовар мешавем, дар ин гурӯҳ дастаи «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода, қаҳрамони футболи Тоҷикистон, нахуст бо тими ВАПДА-и Покистон, баъдан бо тимҳои «Абахан»-и Бангладеш ва «Полис Клаб»-и Непал барои дарёфти роҳхат ба даври ниҳоии Ҷоми раиси AFC талош хоҳад кард. Бозиҳои ин гурӯҳ рӯзҳои 20-ум, 22-юм ва 24-уми апрел баргузор мешаванд.
Ғолибони ҳарсе гурӯҳ ва беҳтарин даста байни тимҳои дар ҷойҳои дуввум қарор гирифта ба марҳалаи ниҳоии мусобиқот (бозиҳои ниманиҳоӣ ва ниҳоӣ) роҳхат мегиранд.
Сабқати ниҳоии Ҷоми раиси AFC аз 19-ум то 21-уми сентябри соли 2008 дар яке аз кишварҳои ба марҳалаи ниҳоӣ роҳёфта доир мегардад.