Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нархи инқилоб дар Тоҷикистон – $1,5 миллион?


Хабари ташкили бахши вижаи масоили энерҷии байнулмиллалӣ дар вазорати хориҷаи Амрико дар маҳфилҳои сиёсии Русия вокунишҳои мутафовитро ба бор овардаст

Дар гузоришоти ҷониби Амрико гуфта шудааст, ки ба манзури ҳамоҳангии сиёсати хориҷии Иёлоти муттаҳидаи Амрико дар масоили энержӣ, аз ҷумла дар Осиёи марказӣ ва минтақаи дарёи Хазар,бахши нав ташкил шуд.
Ин ҳам дар ҳолест, ки Андрей Грозин, таҳлилгари масоили истисодиву Осиёи марказӣ дар рӯзномаи электронии «Московский комсомолетс» рузи душанбе гуфтааст ҳадаф аз ташкили бахши махсуси энержӣ дар вазорати хориҷаи Амрико дахолат ба умури кишварҳои Осиёи маркази ва Қафқоз ба гунаи Косово мебошад. Ин коршинос мегӯяд: «Ман умуман фикр намекунам, ки пас аз даҳ сол нақшаи ҷуғрофиёии Осиёи марказӣ ба ҳамин шакле ки ҳоло дорад, ҳифз шавад».
Анрей Грозин ҳамчунин тавзеҳ кард, ки қазияи Косово равшан нишон дод, ки аз ин ба баъд ҳар пайомаде имкон дорад ва, аз ҷумла барои баҳам задани авзоъ дар Тоҷикистон, якуним миллион доллар кофист.
Ин иддаъои Андей Грозин, корманди пажӯҳишгоҳи иттиҳодияҳои муҳоҷиратиро коршиноси аршади умури Қафқоз ва Осиёи марказӣ доктори улуми таърих аз
Фарҳангистони Русия Артём Улунян рад кард: «Вазъи сиёсиву иқтисодии Осиёи марказӣ ба Косово ҳеч шабоҳате надорад ва дар ин минтақа феълан ҳеч ҷунбиши ҷудойхоҳие мушоҳида намешавад. Ва ҳам хеч хирадманде барои ба ҳам задани авзоъ дар Тоҷикистон ҷуръат нахоҳад кард, зеро захмҳои ҷанги шаҳрвандии солҳои 90-и асри гузашта ҳанӯз дуруст шифо наёфтаанд».
Таҳлилгари сиёсӣ дар мавриди ташкили бахши энержӣ дар вазорати хориҷаи Амрико ва дурнамои фаъолияти он дар Осиёи марказиву минтқаи дарёи Хазар ҳамчунин гуфт, ки ғолибан мақсад аз чунин сохторҳо ва ё намояндагиҳо роҳандозии рақобати созанда аст ва, агар бархӯрд мутамаддин бошад, чунин ҳамкорӣ бар зарари ҷонибе буда наметавонад.
Муъовини раиси пажӯҳишгоҳи Иттиҳоди кишварҳои муштракулманофеъ Владимир Жарихин ақида дорад, ки тамомии намояндагиҳои ғайридавлатии Амрико дар хориҷ барои ёфтани ҷойҳои заъиф, ширкат дар
мухолифатҳо ва танзими онҳо машғул ҳастанд.
В. Жарихин ишора намуд, ки дар Русия ҳудудан 11 ҳазор созмони ғайриҳукуматӣ мавҷуд аст ва онҳо аслан ба масоили сиёсӣ сару кор доранд.
Дар ҳамин ҳол, хабари ташкили бахши энержӣ дар вазорати хориҷаи Амрико ба манзури ҳамкорӣ дар Осиёи марказӣ ва дар ҳавзаи дарёи Хазар аз сӯи мақомоти Русия ҳанӯз тавзеҳ нашудааст.
XS
SM
MD
LG