Дар як сӯҳбати телефонӣ аз ӯ пурсидам, аслан худи журнолизми интернетӣ ё онлайн чӣ маънӣ дорад ва чигуна зуҳур кард?
"Зуҳури веб ё шабакаи интернетӣ ба журнолизм имкон дод як роҳи нави расондани итилоъро пайдо кунад. Аммо аслан журнолизми интернетӣ ҳанӯз пеш аз таъсиси ин шабака, дар шакли телетайпу факс пайдо шуда буд. Вале Интернет ба он густариши ғайриоддӣ дод ва ин давраи нави журнолизм аст, ин худ навъи нави журнолизм ҳаст, ки ҳанӯз дар ҳоли ташаккул қарор дорад."
Озодӣ: Бисёр аҷиб аст, ки тамоми шабакаҳои телевизионӣ, радиоҳо ва ҳатто чунин рӯзномаи бонуфузе монанди Ню Йорк Таймс, ки хонандагонаш ҳамеша рӯ ба афзоиш доранд, сомонаҳои интернетӣ сохтаанд, сабаб ба фикри шумо чист?
Алвес: "Бале, ман фикр мекунам, мо шоҳиди як инқилоб ҳастем, инқилоби диҷитол. Ва дар ин марҳилаи нав, ки мо акнун шурӯъ кардаем, интернет на танҳо як василае монанди радио ё телевизион дар замони худашон аст, балки як омили нирӯмандест, ки хосияти ҳамаи анвои расонаҳоро дар худ гирд овардааст. Пас барои рӯзнома, радио ё телевизион бисёр муҳим аст, ки дар шабака ҳузур дошта бошанд. Ва намунае, ки шумо овардед, яъне Нию Йорк Таймс ва даҳҳо нашрияи дигар, ояндаи худро бидуни интернет тасаввур карда наметавонанд. Ҳашт моҳ пеш Нию Йорк Таймс тасмим гирифт, маркази хабарии худро бо маркази журнолизми он-лайни худ тавъам кунад. Онҳо мегӯянд, ҳадафи мо дар рӯи коғаз нашр кардани хабар нест, балки худи хабар аст. Онҳо барои худ ояндаеро бе шабакаи интернет тасаввур намекунанд."
Озодӣ: Инқилобе ки шумо мегӯед, оё ба ҳунари ҳирфаии журналист чи таъсир дорад? Оё як журналисти хуб лузуман метавонад, дар интернет ҳам журналисти хуб бошад?
Алвес: "Дар ин давраи гузор барои мо бисёр муҳим аст, ки арзишҳои асил ва моҳияти касби журналистро ба пойгоҳҳои нав низ таҳвил диҳем. Журналисти нав акнун серҳунар бояд бошад ва камтар ба махсусият гарояд, онгуна ки дар гузашта буд. Масалан, вай бояд компютерро хуб донад, аккоси хуб бошад ва ҳатто бо видео хуб кор карда тавонад. Албатта, аккосҳои ҳирфаӣ боқӣ хоҳанд монд, вале онҳо қарор аст, навиштанро ҳам ёд гиранд. Нашрияҳои Амрико ҳоло нависандагони худро тамрин медиҳанд, ки кори видео, забти овоз ва ғайраро низ донанд."
Озодӣ: Падидаи дигари ҳамроҳ ин "веблог" аст, ки хабарнигорони коргару деҳқони шӯравии собиқро ба ёд меорад. Оё "блог" фарқи байни журнолизми ҳирфаӣ ва ҳаваскоронаро аз байн нахоҳад бурд?
Алвес: "Журнолизм аз ин ба баъд дар инҳисори журналистон нахоҳад буд. Онгуна ки таҳияи филм дигар дар инҳисори телевизионҳо нест. Ҳоло рӯзномаҳо ва радиоҳо низ метавонанд, видео гиранд ва дар шабакаи интернет бигузоранд. Ҳамзамон ин ба он маънӣ нест, ки ҳар чизе ки дар веблог анҷом мегирад, низ журнолизм аст. Таърифи журнолизм ҳамоно бар аслҳои муайян қарор дорад. Яке аз онҳо, барои мисол, дақиқ будани иттилост. Аммо дар бобат блог ва куллан интернет баҳси бузурге идома дорад ва ин падидаи бисёр мусбат аст. Ҳарчанд веблог рақиби, фарзан, рӯзнома нест, рӯзнома мехоҳад дар ин сӯҳбат ширкат дошта бошад ва биноан блогҳои худро дуруст мекунад. Чунончи, агар ба сомонаи Washingtonpost.com равед, мебинед, ки ҳар мақола ба хонанда имкон медиҳад, дар баҳси пиромуни он ширкат кунад. Ин додани имконияти садост ба одамон, ки дар гузашта вуҷуд надошт."
Барои шунидани ин сӯҳбат рамзи радиочаро дар охири сарлавҳа "клик" кунед ва барои иттилоъи бештар ба ин сомонаҳои интернетӣ ташриф оваред:
Дар бораи журнализми онлайн.
Тафовут бо дигар намудҳои журнализм.
Дар намунаи Радиои мардумии Амрико.
Ва як сомонаи русӣ.