Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Наврӯзи Хуҷанд бо Эмомалӣ Раҳмон


Истиқболи Наврӯз бо раисҷумҳур Раҳмон маркази вилояти Суғдро дар муддати ду рӯз ба як саҳнаи бузурги театрӣ табдил дод.

Ин намоиши мутантан ва пурдабдабаи пешвози раисҷумҳур ва ё истиқболи ҷашни Наврӯз бо раисҷумҳур буд.

Дар субҳи рӯзи 21 - уми март ин саҳнаи таҷлили ҷашни Наврӯз бо раисҷумҳур дар майдони назди ҳукумати Суғд ба маърази тамошои садҳо нафар меҳмонони расман даъватшуда гузошта шуд. Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ Наврӯзро ҷашни миллӣ ва тимсоли ормонҳои тоҷикон ёд кард ва афзуд, ки ҷавҳар ва ҳикмати Наврӯз эҳсоси гарми муҳаббат ба марзу буми аҷдодӣ, худогоҳиву худшиносӣ ва ватанпарвариву ватанпарастии мардуми тоҷик мебошад.

Раисҷумҳур Раҳмон гуфт, чун маркази вилояти Суғд наврӯзгоҳ надорад, боғи Чумчуқ – Арали Хуҷанд ба ингуна макон табдил дода шавад.

Суннати тоҷикон дар рӯзҳои ҷашну идҳо ва қабули меҳмон, хусусан меҳмони дурнамо аз мушкилоту душвориҳои зиндагии шахсиву ҷомеа суҳбат карданро қабул намедорад.

Як идда масоили доғ, ки соҳибназарони Суғд умедвор буданд эҳтимол раисҷумҳур атрофи онҳо суҳбат мекунад, ба мисли амиқрафти буҳрони бахши кишоварӣ ва ҳалли пардохти қарзхои бонкӣ ба кишоварзон, набуди газ ва камбуди барқ, рушди саноати Суғд аз ҷониби раисҷумҳур Раҳмон матраҳ карда нашуд. Танҳо дар як маврид Эмомалӣ Раҳмон аз мушкили сокинони Суғд дар сардиҳои зимистони сахти имсола ёдовар шуд ва умеди ислоҳи вазъро ба чаҳор – панҷ соли оянда гузошт.

Вале омодагии Хуҷанд монанди тайёрӣ ба истиқбол ва пазироии як меҳмони аз дуромада ба чашм мерасид. Дар субҳи рӯзи 21 – уми март дар саҳнаи майдони назди хукумати Суғд дастаҳои ҳунарӣ ва кӯдакону ҷавонону ҳофизон сурудҳои халқӣ ва наврӯзӣ мехонданд.

Дар растаҳои бисёр намунаҳои ҳунарҳои халқӣ аз саросари Суғд ба маърази намоиш гузошта шуда буд. Як ҷавонзани суғдӣ, ки дар табақчаҳои бисёр гандум барои суманак – хӯроки суннатии рамзи баҳору наврӯз сабзонида ба наврӯзгоҳ оварда буд, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки занони сулҳпарвари тоҷик бо нияти ободиву сарсабзии кишвари Тоҷикистон суманак месабзонанд ва мепазанд. Вай афзуд, ба ҳамин ният гандум сабзонидааст ва суманак мепазад ва моро ба меҳмонӣ даъват кард.

Аммо бо анҷоми маросими расмии таҷлили ҷашни Наврӯз дар майдони назди ҳукумати Суғд баьди нимрӯзи 21 - уми март роҳҳои баста барои роҳ ёфтани сокинони оддӣ ба идгоҳи наврӯзӣ боз шуд. Акнун ҳамагон ба сайругашти идона мешитофтанд. Консерт ва намоиши саҳнавии наврӯзӣ барои умуми сокинон дар маркази вилояти Суғд дар майдони назди Қальаи Кӯҳна шоми рузи 22 - юми март баргузор мешавад.

XS
SM
MD
LG