Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳукумат, Толибон ва ДОИШ. Минтақаҳои Афғонистонро кӣ назорат мекунад?


Шаҳри Кобул, 13-уми апрели 2020
Шаҳри Кобул, 13-уми апрели 2020

Афғонистон дар миёни ҳукумат, артиши мавриди ҳимояти нирӯҳои байналмилалӣ, Толибон ва муттафиқони ҷангҷӯи онҳо, гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ" ва гурӯҳҳои дигари хориҷии террористӣ ҷудо шудааст.

Созиши сулҳе, ки 29-уми феврали имсол миёни Амрико ва Толибон имзо шуд, тақсими қудрат байни ҳукумату гурӯҳи шӯришӣ ва берун рафтани нирӯҳои хориҷиро аз Афғонистон дар назар дорад.

Толибон барои баррасии озодии зиндониҳо ба Кобул рафтаанд. Дар ҳоле ки ин гурӯҳ бо ҳукумат шароити оғози музокироти сулҳро баррасӣ дорад, аксар қаламрави Афғонистон зери назари гурӯҳҳои рақиб қарор дорад ва ҳар рӯз дар ин ё он ҷои кишвар хушунату хунрезӣ сурат мегирад.

Ҳукумат

Ҳайати ёрирасони НАТО дар Афғонистон мегӯяд, ҳукумати марказӣ пойтахт, шаҳри Кобул, марказҳои маъмурии вилоятҳо, марказҳои аслии аҳолинишин ва марказҳои ноҳияҳоро назорат мекунад.

Бар асоси арзёбиҳои Long War Journal (LWJ) аз 407 навоҳии Афғонистон танҳо 30 дарсадаш зери назари ҳукумат будааст.

Ин маркази таҳлилӣ дар Вашингтон мегӯяд, ин маълумотро бар асоси хабари матбуот ҷамъоварӣ кардааст. Нирӯҳои амниятии Афғонистон баъд аз хатми ҳузури ҳайати дифоии НАТО дар ин кишвар дар соли 2014 аз қисми зиёди муҳимот, кумаки ҳавоиву иттилоотӣ маҳрум шуданд. Масъулияти нирӯҳои НАТО машварат ва ёрӣ ба артиши миллӣ ва пулиси маҳаллии Афғонистон иборат аст.

Дар ҳамин ҳол, нирӯи ҷудогонаи зиддитеррористии Амрико бо гурӯҳҳое ба монанди "Ал-Қоида", "Давлати исломӣ" ва бархе унсурҳои Толибон мубориза мебарад. Иёлоти Муттаҳида инчунин воҳидҳои хоси ниманизомии Афғонистонро маблағгузорӣ ва кумак мекунад. Нирӯҳои Афғонистон аз назари теъдод бартарӣ доранд: дар миёни Толибон тахминан 60 ҳазор ҷангҷӯи доимоамалкунанда ва тахминан 90 ҳазор ҷангҷӯи мавсимӣ ҳастанд.

Вале нирӯҳои ҳукуматӣ аз мизони баланди талафот, хастагиву бемадорӣ ва рӯҳафтодагӣ азият мешаванд. Маҳз ҳамин чиз пайваста мавриди танқиди Толибон аст, ки мегӯянд нирӯҳои давлатӣ мудирияти номуассир дошта, сартопо фасодзада ҳастанд.

Президент Ашраф Ғанӣ моҳи январи соли 2019 гуфт, аз замоне ки ӯ сари кор омад (сентябри соли 2014), тахминан 45 ҳазор сарбозу ходими пулиси Афғонистон кушта шуданд. Ба ҳисоби миёна 849 нафар дар як моҳ. Аз соли 2018 мақомот аз эълони омори талафот худдорӣ мекунанд.

Ҷонатан Шроден, коршиноси масоили амниятӣ дар созмони таҳлилии CNA, дар заминаи вазъи амниятии Афғонистон таҳқиқ анҷом дода, хулосаҳои онро дар ихтиёри низомиёни амрикоӣ ва Конгресс мегузорад.

Ӯ мегӯяд, ҳукумати аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эътирофшудаи Афғонистон "на монополияи истифодаи нирӯҳои кишвар ва на тавони назорат бар аксари кулли манотиқи онро дорад".

Айни замон, ба гуфтаи Шроден, Толибон, ки иддао доранд як ҳукумати табъидӣ ҳастанд ва бо ин ки назорати нирӯҳои ҳукуматиро дар аксар минтақаҳои кишвар заиф кардаанд, "ҳамоно наметавонанд як ҳукумати эътирофшуда бигарданд". Дар натиҷа, ба қавли ӯ, як "бунбасти стратегӣ" ба амал омадааст.

Нирӯҳои ҳукуматӣ пеш аз имзо шудани созиши сулҳ бо Толибон дар ҳолати дифоӣ буданд, вале баъди ду ҳамлаи пурқурбонии моҳи май президент Ашраф Ғанӣ ба нирӯҳо амр дод, ки дар ҳолати ҷангӣ қарор бигиранд.

Бӯҳрони сиёсии баъди баҳси тӯлонии интихоботи раёсатҷумҳурӣ эҷодшуда ҳамчунин мавқеи низомии ҳукуматро суст кард. Нигарониҳо аз шурӯи ҷанги дохилии миёни тарафдорони президент Ашраф Ғанӣ ва рақиби сиёсии ӯ Абдуллоҳ Абдуллоҳ пеш омад, чун раиси иҷроияи пешин худро дар маросиме дар Кобул президенти қонунӣ эълон кард.

Ниҳоят баҳс баъди имзои созиши тақсими қудрат миёни Ғанӣ ва Абдулло дар рӯзи 17-уми май поён ёфт. Ин айни чунин созише буд, ки дар пайи интихоботи гузаштаи соли 2014 ба миён омад.

Толибон

Аз замоне ки амрикоиҳо дар соли 2001 ҳукумати Толибонро суқут доданд, Толибон ҳоло бахши зиёде аз қаламрави Афғонистонро назорат мекунанд.

Пас аз сарнагунии Толибон дар соли 2001, бовар меравад, раҳбарияти гурӯҳ ба Покистон фирор карда, дар он ҷо паноҳгоҳ, маҳалли тамрин, аслиҳа ва дигар ёриҳоро гирифтаанд. Вале Исломобод ҳамвора ин иттҳомро рад мекунад. Толибон аз паноҳгоҳҳои амни худ дар Покистон бар зидди ҳукумат ва нирӯҳои давлатӣ ҳамлаҳо анҷом додаанд.

Коршиносон мегӯянд, ки Толибон тавонистанд аз берун истода, стратегияи амалиёт дар дохили Афғонистонро ба роҳ монанд ва он ба шеваи амали муҷоҳидон шабоҳат дорад, ки солҳои 80-ум алайҳи Шӯравӣ ҷангида буданд.

Шроден мегӯяд, бартарии ҳукумат дар ҳаво ва тавонаш дар нобуд кардани фармондеҳони муҳими Толибон дар ҳамлаҳои мушакӣ ба Толибон имкон намедиҳад, ки зиёд пеш раванд. "Вале дар панҷ соли охир бо заифтар шудани артиши Афғонистон, тавони Толибон ҳам бештар мешавад", - гуфт коршинос.

Муқовимати Толибон боис ба муттаҳид шудани бархе аз гурӯҳҳои дигари ҷангҷӯи хориҷӣ шуд. Ҳисоб шудааст, ки дар Афғонистон тахминан 20 гурӯҳи гуногуни ҷангӣ фаъоланд, аз ҷумла гурӯҳҳои ифротии мисли Толибони Покистон, Лашкари ҷангӣ, Лашкари тайиба, Ҷайиши Муҳаммад, гурӯҳҳои иборат аз ҷангҷӯёни Осиёи Марказӣ ба монанди Ҳаракати исломии Узбекистон, Иттиҳоди Ҷиҳоди исломӣ ва ҳаракати Туркистони Шарқӣ, ки барои дифоъ аз уйғурҳои Чин меҷангад.

Ба гуфтаи коршиносон, бархе аз ин гурӯҳҳо зери чатри Толибон меҷанганд.

Масалан "Ал-Қоида" ҳарчанд шумори кам дорад, яъне ҳамагӣ чандсад сарбоз, ҳамоно як бахши муҳими муқовимати Толибон мемонад. "Ин ду гурӯҳ муддатҳои зиёд ҳамкору шарик ва то ҷое вобаста ба ҳам буданд", - мегӯянд коршиносон.

Департаменти давлатӣ ё Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфтааст, татбиқи созиши сулҳ бо Толибон "назорати дарозмуддати фаъолияти онҳоро тақозо мекунад, чунки то ҳол ба таври ошкоро нагуфтанд, аз "Ал-Қоида" ҷудо шудаанд".

Бар асоси созиш, Толибон вазифадор ҳастанд, ки "ҳама гуна созмону шахсият, аз ҷумла "Ал-Қоида"-ро нагузоранд, ки аз қаламрави Афғонистон барои таҳдид ба Амрико ва муттафиқонаш истифода кунанд".

ДОИШ

Нирӯҳои амнияти миллии Афғонистон рӯзи 11-уми май гуфтанд, ки як раҳбари минтақавии гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ" Абу Умар Хуросониро дар амалиёти Кобул дастгир карданд. Моҳи апрел дар Қандаҳор раҳбари ин созмон дар Афғонистон Абдуллоҳ Оракзай ва чанд ҷангҷӯи дигар дастгир шуданд.

Созмони Милали Муттаҳид мегӯяд, аз октябри соли 2019 беш аз 1400 ҷангҷӯи ДОИШ ва афроди марбут ба ин гурӯҳ ба артиши Афғонистон ва ё нирӯҳои амрикоӣ таслим шуданд.

Низомиёни амрикоӣ гуфтанд, ки моҳи ноябри порсол дар ҳамлаҳои мушакӣ пойгоҳи ДОИШ дар Нангарҳор нобуд карда шуд. Низомиёни амрикоӣ гуфтанд, тахминан 300 ҷангҷӯйи ДОИШ ва 1000 узви оилаи онҳо таслим шуданд.

Онҳое, ки таслим нашуданд, ба Покистон ва ё минтақаи ҳамсояи Кунар фирор карданд. Ин минтақа дар марзи Покистон ҷойгир аст.

Низомиёни амрикоӣ тахмин мекунанд, ки дар Афғонистон ҳудудан аз 2000 то 2500 ҷангҷӯи ДОИШ ба сар мебаранд. Қисме аз онҳо дар Кунар ва бархе дар Нуристон ҳастанд.

Бовар меравад, ин гурӯҳ қисми зиёди нуфузашро баъди дастгир шудани раҳбаронаш аз даст дод. Дар миёни аъзои ДОИШ ҷангҷӯён аз Осиёи Марказӣ, Ховари Миёна ва давлатҳои дигар ҳам ҳастанд, вале, ба қавли таҳлилгарони низомӣ, шумораашон чандон зиёд нест.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
XS
SM
MD
LG