Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сел дар Ваҳдат чанд хонаро шуста бурд. Соҳибонашон бе сарпаноҳ мондаанд. ВИДЕО


Дар маҷмӯъ панҷ хона дар коми Кофарниҳон рафтаанд.
Дар маҷмӯъ панҷ хона дар коми Кофарниҳон рафтаанд.

Селобҳо ва тундбоди рӯзи гузашта дар Тоҷикистон хисороти моливу ҷонӣ дар пай доштааст. Дар шаҳри Ваҳдат оби рӯдхонаи Кофарниҳон панҷ хонаро вайрон кардаааст. Ҳамакнун дар шароити паҳншавии бемории COVID-19 сокинони ин хонаҳо намедонанд, шабро дар куҷо рӯз кунанд.

Дар пайи боришоти шадиди чанд рӯзи ахир 5 манзили сокинони шаҳри Ваҳдат, дар 20 километрии шарқи шаҳри Душанбе ба коми дарёи Кофарниҳон рафтааст. Сокинон мегӯянд, аз субҳи рӯзи панҷшанбеи 14-уми май бориши шадиди борон сатҳи оби рӯдхонаи Кофарниҳонро боло бурд.

Ба гуфтаи соҳибони манзилҳо, оби рӯдхона маҷрояшро ба сӯи хонаҳо тағйир дод ва дар муддати хеле кӯтоҳ хонаҳоро вайро кард. Аз ҷумла манзили Хосият Шарипова, сокини маҳаллаи Ғалабаи шаҳри Ваҳдат ба коми сел рафт. Шарипова мегӯяд, 8 моҳ пеш писараш ба аскарӣ рафт ва ӯ бо як фарзанди маълулаш бе хона монданд.

Сел дар Ваҳдат чанд хонаро шуста бурд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:43 0:00

“Як фарзанди маълул дорам, ки ҳоло ба хонаи додарам бурдаам. Акнун намедонам, куҷо биравам барои зиндагӣ? Ба хона додарам рафтам, вале оилааш мегӯяд, ҳоло вақти карантин аст ва бояд чораатро худат пайдо кунӣ. Сардардам, ки чӣ кор кунам” - гуфт Хосият Шарипова.

Сокинони осебдидаи шаҳри Ваҳдат мегӯянд, боло рафтани оби рӯдхонаи Кофарниҳон ва омадани сел он қадар зуд сар зад, ки онҳо ҳатто натавонистанд, либосҳои худро аз хона берун кунанд. Бибигул Салимова, яке аз сокинони ҷабрдида аз офати табиӣ мегуяд, 8 сол аст, ки шавҳараш дар муҳоҷирати корӣ дар Русия аст ва бо пули фиристодаи ӯ як хонаи замонавӣ бунёд карда, дар орзуи зиндагии осоишта буданд. Аммо ин орзуҳоро оби Кофарниҳон ба коми худ кашидааст.

Бибигул Салимова гуфт, “ошхонаам пур аз ҷиҳози замонавӣ буд, сардкунак ҳам доштам ва дар боло равшанидиҳандаҳои гаронарзиш доштам. Ҳамаи онро об бо худ бурд. Танҳо як кӯрпаамро тавонистам бо худ бигирам”.

Нигина Солеҳова, як сокини дигари ин маҳаллаи шаҳри Ваҳдат мегӯяд: "Ин ҷо газхона буд, ки ба дарё рафт, манзили нав сохтаамон ҳам зери хатари фурӯрезӣ ба дарё аст. Об ба хонаҳоямон даромад, ҳама чизамон зери об монд. Ҳама аз хона ба берун гурехтем. Ҳоло намедонем, куҷо равем. Дирӯз кӯдаконро ба хона хешовандон бурдем, акнун намедонем худ куҷо равем, зеро ҳама аз тарси коронавирус худро карантин кардаанд”.

Ба коми селоб рафтани манзили сокинони маҳаллаи Ғалабаи шаҳри Ваҳдат нимарӯзи гузашта шурӯъ шуда, раиси шаҳр низ худ шоҳиди ин ҳодиса будааст. Аммо, то ҳол мақомоти маҳаллӣ ба сокинони осебдида ҳатто манзили муваққатие барои зиндагӣ пешниҳод накардаанд.

Тахриби панҷ манзил дар маҳаллаи Ғалаби шаҳри Ваҳдат танҳо хисорот аз селобҳои рӯзи гузашта нест. Рӯзи гузашта як сокини ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон дар ин селобҳо ҷон бохта, чандин хонаи маскунӣ ва қисмате аз роҳҳои мошингарди кишвар низ тахриб шудааст.

Ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқуллодаи Тоҷикистон, дар пайи боришоти шадиди чанд рӯзи ахир хисороти мушобеҳ дар вилояти Суғд, водии Зарафшон ва Рашт низ сурат гирифтааст.

Умед Юсуфӣ, сухангӯи кумита ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ин ниҳод аз чанд рӯз қабл ба сокинон кишвар ҳушдор дода буд, ки боронҳои шадид ва тундбод дар назар аст. Аммо, ба гуфтаи вай, сокинон ва сохторҳои зиддахл ҳушдори кумитаро нодида гирифтаанд. Айни замон баъзе сокинон аз худи Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода интиқод мекунанд, ки сари вақт ба кӯмаки зарардидаҳо намерасанд.

XS
SM
MD
LG