Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷаҳонгардони тоҷик ба ҷойи Анталияву Дубай ба Ҳисору Искандаркул рафтаанд. ВИДЕО


Рӯзи ҷаҳонии туризм дар Тоҷикистон
Рӯзи ҷаҳонии туризм дар Тоҷикистон

Бахши ҷаҳонгардии Тоҷикистон рӯзи ҷаҳонии туризмро имсол дар шароити нохуб ва бо оқибаҳои бади пандемияи коронавирус пешвоз мегирад.

Бемории COVID-19 ва баста шудани роҳҳо, шумори ҷаҳонгардони хориҷиро дар мавзеъҳои сайёҳии Тоҷикистон бамаротиб кам ва дар иваз теъдоди гардишгарони дохилиро афзоиш дод.

Сайёҳони тоҷик мегӯянд, имсол маҷбур шуданд сафар ба Анталияву Дубайро бо рафтан ба куҳҳои баланд, кулу дарёҳо ва маконҳои таърихии Тоҷикистон иваз кунанд.

Ҷаҳонгардони тоҷик ба ҷойи Дубай ба Искандаркул рафтанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:45 0:00

Анастасия Мирзоева, сокини шаҳри Душанбе бори аввал аст, ки ба "Қалъаи Ҳисор" меояд. Чанд рӯзи пеш аз "Искандаркӯл" ва соҳили "Баҳри тоҷик" баргашт. Анастасия, яке аз ҷаҳонгардонест, ки пандемияи коронавирус нақшаи сайёҳии ӯро тағйир дод. Мехост имсол таътилро дар Аврупо гузаронад, аммо ба назар мерасад аз иҷрои нашудани нақшааш чандон озурда нест.

“Ба ман бисёр маъқул шуд, куҳҳо ва обу ҳавои дилписанд дорад. Чандон аз хориҷа фарқ надорад, табиате, ки ман хориҷа дидам, инҷо ҳам будааст,”-мегӯяд ин сокини Душанбе.

Бамаротиб кам шудани ҳузури сайёҳони хориҷӣ дар Тоҷикистон ширкатҳои ҷаҳонгардиро водор кард, ки ба мизоҷонашон сайёҳат дар дохили кишварро пешниҳод кунанд. Яке аз ин хатсайрҳо сафар ба Қалъаи Ҳисор дар канори Душанбе аст. Масъулони ин макони таърихӣ мегӯянд, то имрӯз наздики 20 ҳазор сайёҳи дохилӣ аз инҷо диданд карданд, ки дар қиёс ба соли гузашта зиёд аст.

Акмал Ҳомидов, масъули осорхонаи “Қалъаи Ҳисор” гуфт, то моҳи март онҳо 500 меҳмони хориҷиро қабул карданд. Аммо дар шаш моҳи баъд аз он ҳамагӣ 50 сайёҳи хориҷӣ ба “Қалъаи Ҳисор” омаданд, ки онҳо ҳам аксаран кормандони сафоратхонаҳои муқими Душанбе будаанд.

“Меҳмонони дохилӣ омада истодаанд. Дар миёнашон зиёданд нафароне, ки бо сабаби баста будани роҳ ба хориҷа рафта натавонистанд. Меҳмононе, ки ба инҷо омаданд то ин вақт бештар сайёҳати худро дар Туркия ва дигар давлатҳо мегузаронданд,”-гуфт ин масъули осорхонаи “Қалъаи Ҳисор.”

Акмал Ҳомидов ҳамчунин афзуд, талош мекунанд, сайёҳони дохилӣ бо таассуроти хуб аз инҷо баргарданд ва нарафтанашонро ба хориҷа эҳсос накунанд. Эҳёи маконҳои таърихӣ, бунёди гулгашт ва ташкили аспдавонӣ аз ҷумлаи ин корҳо мебошад.

Аммо ҷаҳонгардони тоҷик мегӯянд, шароити маконҳои сайёҳии Тоҷикистон талаботи онҳоро чандон қонеъ намекунад.

Ба ин хотир кам нестанд афроде ба мисли Ҳабибулло Норов, ки то ҳол ба истироҳат дар хориҷа бартарӣ медиҳанд.

Ин сайёҳи тоҷик мегӯяд, имсол таътилашро дар соҳили Баҳри тоҷик ва Искандаркул гузаронд. Ҳарчанд, ба гуфтаи Ҳабибуло Норов, шароити истироҳат дар ин маконҳо хуб аст, аммо боз ҳам имкониятҳо дар сатҳи кишварҳои хориҷ нест. “Шароити хизматрасонӣ бояд беҳтар карда шавад,”-мегӯяд ӯ.

Ҳукумати Тоҷикистон дар солҳои ахир талош дорад даромад аз бахши ҷаҳонгардиро бештар кунад. Ба ин хотир ба соҳаи туризм чандин имтиёзҳо дода шуд ва солҳои ахир теъдоди ширкатҳои ҷаҳонгардӣ ҳам афзоиш ёфт. Аммо пандемияи COVID-19 бозори ҷаҳонгардиро дар Тоҷикистон сард кард.

Тибқи омори расмӣ дар шаш моҳи аввали соли равон 306 ҳазор сайёҳи хориҷӣ ба Тоҷикистон омадаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 44 дарсад камтар аст. Ҳарчанд шубҳаҳо дар бораи ин омори мақомот зиёд аст ва бархе мунтақидон мегӯянд, мақомот ҳар нафари аз хориҷа омадаро ҳамчун сайёҳ сабт мекунанд.

Мутахассисони соҳаи туризм мегӯянд, дар ҳоле, ки роҳи ҷаҳонгардӣ ба хориҷа баста аст, бояд шароити истироҳат дар маконҳои сайёҳии Тоҷикистон беҳтар ва таблиғи ин ҷойҳо зиёд карда шавад. Дар сурати анҷоми ин кор ба гуфтаи коршиносони соҳаи ҷаҳонгардӣ, метавон то ҷое оқибатҳои бади пандемияро кам кард.​

XS
SM
MD
LG