Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сарбозе, ки чор сӯзан хӯрда буд, барои саркашӣ аз хизмат 2,5 сол зиндон шуд


Додгоҳи олии Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ
Додгоҳи олии Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ

Додгоҳи ҳарбии гарнизони Душанбе сарбози қаторӣ Фаридун Зиёвуддиновро ба он гунаҳкор кард, ки чор сӯзан хурдааст, то аз хизмати ҳарбӣ озод шавад.

Пайвандони ин ҷавон мегӯянд, ба ин бовар надоранд, ки нафаре барои раҳоӣ аз хизмати ҳарбӣ сӯзан бихӯрад.

Додгоҳи ҳарбӣ ин сарбозро "барои саркашӣ аз адои хизмат" ба мӯҳлати 2 солу 6 моҳ равонаи зиндон намуд.

Ин ҷавони 21 сола моҳи апрели имсол ба артиш ҷалб шуда, дар як қисми ҳарбии Вазорати мудофиа, воқеъ дар шаҳри Ваҳдат хизмат мекард.

Дар Додгоҳи гарнизони Душанбе рӯзи 11-уми сентябр ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ҳангоми мурофиаҳо маълум гардид, ки сарбоз бо фурӯ бурдани сузан талош кардааст дар бемористон бистарӣ шавад ва ба ин тартиб аз идомаи адои хизмат раҳо гардад.

Наздикони Фаридун аз ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон ҳукмро ноодилона хонда, мегӯянд, боварӣ надоранд, ки бо чунин роҳе Фариддун талоши сарпечӣ аз хизмат карда бошад.

Дилором Зиёвуддинова, модари сарбоз рӯзи 11-уми сентябр дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, писараш норозигие барои пайвастан ба артиш надошт, ба ҳамин далел, мутмаъин аст, ки талоше барои сарпечӣ аз адои хизмат накардааст.

Ӯ гуфт, писараш издивоҷ карда буд ва ягона хоҳишаш ин буд, ки дар маҳали наздик ба ҷойи зисташ хизмат кунад.

“Писарамро Хуҷанд бурданд, хоҳиш кардем, ки оиладор аст, наздиктар интиқол диҳанд. Ба Ваҳдат гузарониданд. Аз Қубодиён то Ваҳдат роҳ дур аст, чанд бор дархост кардем, ки оиладор аст, ба ягон қисми ҳарбии наздиктар, ба маҳали зистамон гузаронанд, лекин рад карданд",-гуфт модари ин сарбоз.

Ин зан гуфт, ки пас аз ин писарашро дар қисми ҳарбӣ "чап" гирифтанд ва ӯро азият додаанд.

"Ӯро ба ҳолате оварданд, ки чор сӯзан хурад. Сӯзанҳоро дар беморхона гирифтанд, вале саломатияш ҳанӯз хуб нест. Писарамро пеш аз мурофиа дидам ва пурсидам, ки чаро ин корро кардӣ, тарсид, шарҳ надод, фақат гуфт, ки мехоҳад хизмат кунад, саркашӣ накардааст",-гуфт модари сарбози маҳкумшуда.

Фаррух Табаров, як масъули қисми ҳарбие, ки сарбоз дар он ҷо хизмат мекард, ба Радиои Озодӣ гуфт, нисбати Фаридун ҳеҷ гуна рафтори дағалона нашудааст. Табаров таъкид намуд, ки сарбоз барои раҳоӣ аз хизмат чор сӯзан хурд, ки бар асоси қонун нисбаташ парвандаи ҷиноӣ боз карданд.

Модари сарбоз мегӯяд, писараш вакили мудофеъ надошт ва дар мурофиаҳои додгоҳӣ онҳо низ роҳ наёфтанд, аз ин рӯ, дар ин қазия бисёр чизҳо барояш норӯшан аст.

Ҳотам Раҷабзода, раиси Додгоҳи ҳарбии гарнизони Душанбе ба Радиои Озодӣ гуфт, мурофиаҳои додгоҳии ин сарбоз ба таври кушода сурат гирифтааст, вале худи хонаводаи ӯ, ба толори додгоҳ ворид нашудаанд. Ӯ гуфт, барои ҷалби вакили мудофеъ маҳдудияте вуҷуд надорад, аммо сарбоз инро нахостааст.

Ҳукми Фаридун Зиёвуддинов 10-уми сентябр содир шудааст ва хонаводааш ният доранд аз болои он ба зинаҳои болоии додгоҳ шикоят баранд.

Дилрабо Самадова, раиси созмони “Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ” мегӯяд, яке аз сабабҳои саркашии ҷавонон аз хизмати ҳарбӣ шароити сангин дар қисмҳои низомӣ аст.

Ба гуфтаи ӯ, “фазои хизмати ҳарбӣ умуман дигар аст ва вазнинии хизмати ҳарбӣ гоҳе метавонад боиси талошҳои саркашӣ аз хизмат шавад”.

Дар Тоҷикистон даъват ба хизмат дар артиш соле ду бор -- баҳору тирамоҳ -- сурат мегирад ва дар ҳар даъват ҳазорҳо ҷавони аз 18 то 27-сола ба хизмати ҳатмии аскарӣ ҷалб мешаванд.

Вазорати дифои Тоҷикистон пайваста таъкид мекунад, ки дар муқоиса ба солҳои пеш шароити хидмати ҷавонон дар артиш беҳтар шудааст ва шумораи онҳое, ки ихтиёрӣ ба хидмат мераванд, афзудааст.

Сокинону таҳлилгарон ҳамвора аз вуҷуди ҷалби маҷбурии ҷавонон, омилҳои коррупсионӣ, шиканҷаву муносибати сард ва шароити бад дар қисмҳои ҳарбӣ ва набуди имтиёзҳои кофӣ барои сарбозон шикоят мекунанд

XS
SM
MD
LG