Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Занони як деҳаи Вахш ба мулоқоти президент роҳ наёфтаанд. ВИДЕО


Як деҳаи ноҳияи Вахш. Акс аз соли 2018
Як деҳаи ноҳияи Вахш. Акс аз соли 2018

Чанд зан аз деҳаи “Иттифоқ”‑и ноҳияи Вахш иддао доранд, ки кормандони мақомоти интизомӣ замони сафари президент пушти дари манзили зисташон истоданд ва онҳоро нагузоштанд то арзи худро расонанд.

Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон рӯзи 23‑уми сентябр ба ноҳияи Вахш рафта буд.

Мақомоти ноҳияи Вахш бастани пеши роҳи занон барои сӯҳбат бо президентро шарҳ надоданд ва маълум нест, иддаои онҳо то куҷо дуруст аст.

Парвина Муқимова, як сокини деҳаи “Иттифоқ”‑и Вахш мегӯяд, вақте аз хонаҳояшон берун шуданд торик буд, вале пушти дарашон се мошин меистод ва як нафар бидуни шинос намудани худ гуфт, “ба маркази ноҳия наравед”.

“Мо гӯш надодем ва ба роҳамон рафтем, ки ҳар чӣ зудтар ба маҳалли мулоқоти президент бирасем, вале онҳо бо мошин аз паси мо омаданд. Яке аз онҳо аз дасти ман кашид, ба замин афтодам. Гуфтанд, ки “беомодагӣ куҷо меравед, шумо намедонед ба президент чӣ мегӯед, ҳарчӣ мегуед, мо гап мешунавем”. Мо ночор аз роҳамон баргаштему ба хонаҳоямон омадем”,‑ мегӯяд Парвина Муқимова.

Мушкили аслии деҳаи "Иттифоқ"-и ноҳияи Вахш, ки 320 хоҷагӣ дорад, надоштани мактаб аст. Сокинон мегӯянд, 500 навраси деҳа аз набуди мактаб аз 6 то 10 километр роҳро тай карда ба деҳоти ҳамсоя мераванд. Занон мехостанд, аз ҳамин мушкил ба президент шикоят кунанд.

Маъмулан аксари шикояти сокинон дар маҳалҳо шунида намешавад ва сокинон барои ҳали мушкил талош мекунанд, ба сӯҳбати президент роҳ ёбанд. Аммо ба гуфтаи шоҳидон, ба сӯҳбати президент танҳо онҳое роҳ меёбанд, ки аз пеш омода шудаанд ва ҳарфашон ҳам танҳо аз мадҳу сано аз президент иборат аст.

Парвина Муқимова мегӯяд, мушкили деҳаи онҳоро дар маҳал касе нашунид ва муроҷиат ба президент охирин умеди онҳо буд.

“Мо мехостем аҳволи деҳаамонро ба президент расонем. Мактаб надорад, нуқтаи тиббӣ надорад, бо барқ мушкил дорем. Дар вақти пахта об додан беоб мемонем, касе ба додамон намерасад”,‑гуфт ӯ.

Видеои Радиои Озодӣ аз мушкили сокинони деҳаи "Иттифоқ" аз моҳи феврал

Радиои Озодӣ дар як гузориши видеоӣ 8 моҳ қабл мушкили деҳаи "Иттифоқ"‑ро пахш карда буд.

Сокинон мегӯянд, масъулини ҳукумати маҳаллӣ медонистанд, ки онҳо аз президент чӣ мехоҳанд.

Сомонаи президенти Тоҷикистон навиштааст, ки 23‑уми сентябр президент Эмомалӣ Раҳмон “бо фаъолон ва сокинони ноҳияи Вахш мулоқоти самимӣ доир карда, барои истиқболи самимӣ изҳори сипосу миннатдорӣ намудааст”.

Дар ин мулоқотҳо ҳарфе аз камбудиҳо садо надод ва мисли ҳамеша сокинон аз “ободкориҳо бо дастуру супоришҳои сарвари давлат” гуфтанд.

Ҷумъагул Ашӯрова, сокини дигари деҳаи “Иттифоқ” мегӯяд, намояндагони мақомот гуфтанд, ки “шаъни моро дар пеши президент паст назанед ва нагузоштанд ба мулоқот роҳ ёбем ва мушкили надоштани мактабро баён кунем”.

Гулбаҳор Хоҷаева, корманди собиқи Идораи маорифи Вахш мегӯяд, “сабаби то ҳол дар ин деҳа мактаб насохтан дар набудани қитъаи замин аст”.

“Барои сохтани мактаб майдони замин даркор аст, ки ҳоло роҳи ҷудо намуданашро наёфтаанд, вале дар сатҳи ҳукумати ноҳия талош ба харҷ дода истодаанд, ки мактаб бунёд кунанд”,‑гуфт ӯ.

Дар ҳукумати ноҳияи Вахш ба зангҳои батакрори мо посух надоданд.

Аммо мақомоти ноҳияи Вахш дар посух ба як мақолаи дигари Радиои Озодӣ, ки дар он гуфта мешуд, барои пешвози президент аз сокинон пул ҷамъ мекунанд, чунин ҳарфҳоро нодуруст хондааст.

Қаблан, бархе аз сокинони ноҳияи Вахши вилояти Хатлон гуфтанд, ки дар остонаи сафари раиси ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳар кадоме онҳо 20 сомонӣ ҷамъ кардаанд. Намояндагони ҷамоатҳои ноҳия мегӯянд, на аз мардуми одӣ, балки аз моликони нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ барои ободонӣ пул гирифтанд.

Сокинони норозии деҳаи “Иттифоқ” мегӯянд, замоне намояндагони мақомот огоҳ шуданд, ки президент аз ноҳия рафтааст, баъдан деҳаро тарк карданд.

XS
SM
MD
LG