Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Душанбе роҳпаймоии "Полки абадӣ" доир намешавад


Дар пойтахти Тоҷикистон роҳпаймоии “Полки абадӣ” баргузор нахоҳад шуд. Шаҳрдории Душанбе бо сабабҳои амниятӣ ба баргузории ин маърака иҷоза надодааст.

Мақомоти шаҳри Минск, пойтахти Беларус, низ ба баргузории роҳпаймоии "Полки абадӣ" иҷоза надоданд.

Роҳпаймоии “Полки абадӣ” бо ташаббуси Маскав дар баъзе аз кишварҳои пасошӯравӣ доир мешавад. Қаблан Идораи "Россотрудничество" дар Тоҷикистон эълон карда буд, ки барои иштирокдорони “Полки абадӣ” омодааст, акси пайвандони ҷанговарашонро бе пул нашр кунад.

“Маъракаҳои зиёд аст, вале “Полки абадӣ” нест”

Як мақоми шаҳрдории Душанбе рӯзи 8-уми май бо шарти ифшо нашудани номаш ба Радиои Озодӣ гуфт, бахшида ба Рӯзи Ғалаба дар пойтахт маъракаҳои зиёд доир мешавад, аммо дар миёни онҳо роҳпаймоии “Полки абадӣ” нест. Омили аслӣ дар масъалаи иҷоза наёфтани роҳпаймоии “Полки абадӣ”, ба қавли манбаъ, масъалаи таъмини амнияти иштирокдорони ин чорабинӣ мебошад.

Аммо ин мақоми шаҳрдории Душанбе мегӯяд, рӯзи 9-уми май дар аксар боғҳои пойтахт чорабиниҳои идона баргузор мешавад. Аз ҷумла, дар "Боғи Ғалаба" маросими гулгузорӣ сурат мегирад.

“Тибқи нақшаи шаҳрдорӣ, дар Рӯзи Ғалаба хиёбону кӯчаҳо оро дода шуда, дар боғи "Айнӣ", "Мироненко", "Дӯстии халқҳо" ва "800-солагии Москва" чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад. Инчунин, дар Рӯзи Ғалаба дар Боғи ба номи устод Рӯдакӣ, "Фестивали сурудҳои ватандӯстона" доир мегардад", - афзуд манбаъ.

Қаблан масъулини Шӯрои ветеранҳои ҷангу меҳнат барои роҳпаймоии “Полки абадӣ” аз ҳукумати шаҳри Душанбе иҷозат хоста буданд. Дар Шӯрои ветеранҳои ҷангу меҳнат рӯзи 8-уми май ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки имсол роҳпаймоии "Полки абадӣ" баргузор нахоҳад шуд. Як масъули ин Шӯро баргузор нашудани роҳпаймоии "Полки абадӣ"-ро тасдиқ кард, аммо аз шарҳи ҷузъиёт худдорӣ намуд. Ин манбаъ гуфт, давоми рӯз омилҳои баргузор нашудани "Полки абадӣ"-ро шарҳ хоҳанд дод.

Ҳукумат соли гузашта ҳам иҷозат надод

Бинои ҳукумати шаҳри Душанбе
Бинои ҳукумати шаҳри Душанбе

Соли гузашта низ Тоҷикистон барои баргузор кардани "Полки абадӣ" дар шаҳри Душанбе иҷозат надода буд. Мақомот гуфта буданд, бинобар вазъияти печидаи амниятӣ дар Афғонистон ва хатари амалҳои террористӣ, амнияти ширкатдорони “Покли абадӣ”-ро таъмин карда наметавонанд.

Бар изофа мақомот гуфтанд, нашри сурати гузаштагон ва намоиш додани он дар роҳпаймоӣ ба арзишҳои дини Ислом, ки аксарият дар Тоҷикистон пайрави он ҳастанд, мухолиф аст. Аммо дар ниҳоят ин раҳпаймоӣ дар доираи маҳдуд баргузор шуда буд.

Чаро “нигаронӣ” аз “Полки абадӣ”?

“Полки абадӣ” як раҳпаймоии ихтиёриест, ки соли 2011 бо ташаббуси гурӯҳи журналистони рус дар шаҳри Томск баргузор шуд. Ин чорабинӣ гашти сартосарии хешовандон – фарзанду набераҳо ва дигар наздикони ширкатдорони ҷанги солҳои 1941-1945-ро аз хиёбонҳои марказии шаҳр бо акси бузурги бобову бибии ширкатдори ҷангашон пешбинӣ мекунад.

Ҳадафи аслӣ -- арҷгузорӣ ба заҳмати сарбози ҷанг ва қурбониҳои ӯ дар ин муқовимат бо Олмони фашистӣ аст. Вале аз назари бархе коршиносон, сарпечии мақомот аз баргузор кардани "Полки абадӣ" ба нақзи арзишҳои исломӣ рабте надорад, балки мақомот аз густариши ҷашну идҳои тарғиботии Кремлин нигаронанд.

Душанбе ягона шаҳри собиқ Шӯравӣ нест, ки соли равон ба баргузории чорабинии "Полки абадӣ" иҷоза намедиҳад. Мақомоти шаҳри Минск -- пойтахти Беларус низ ба баргузории роҳпаймоии "Полки абадӣ" иҷоза надоданд.

XS
SM
MD
LG